Таҳаввулоти ахир дар ҷаҳону Тоҷикистон воқеиятеро ошкор мекунанд, ки лидерони сиёсӣ маҳз тариқи шабакаву сафҳаҳои интернетӣ ба майдон мебароянд ва худро муаррифӣ мекунанд. Ташаккулҳои нав бо чеҳраҳои нави сиёсӣ дар ҳоле рӯи кор меоянд, ки то интихоботи президентӣ ҳамагӣ як соли дигар боқӣ мондааст.
Намояндагони ҷунбишҳои ҷавонон, ки дар Интернет шакл мегиранд, мегӯянд, интернет силоҳи демократия аст, ки мамониатҳои сунъӣ дар роҳи рушди сиёсии лидерҳоро аз байн мебардорад. Ҳоло дар Интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳое зуҳур кардаанд, ки чеҳраҳои тоза ва дорои донишҳои замонавиро ба корбарон муаррифӣ мекунанд.
Мактаби интернетии омода кардани лидерҳо ва сиёсатмадорони нав дар Тоҷикистон дар ҳоле ба воқеият табдил меёбад, ки дар гузашта ин нақш аслан бар дӯши аҳзоби сиёсӣ буд, ки мақомдори эҳтимолиро бар пояи садоқати ӯ ба идеяҳои ҳизбӣ ва манофеи сиёсиву иқтисодӣ дар паллаҳои қудрат боло мебурд. Бино ба таҷрибаи замони Шӯравӣ як нафар то расидан мансаби баланд ва ё қуллаҳои сиёсат бояд марҳилаҳои муайянеро пушти сар мекард.
Пионери хуб комсомоли хуб мешуд, комсомоли содиқ - коммунисти соҳбирода ва коммунисти асил - котиби ҳизби коммунист. Замони истиқлолият, бахусус замони ҷанги шаҳрвандӣ воқеиятҳои дигар ва лидерҳои дигареро сари кор овард, ки аксаран дар майдони сиёсӣ ҷойгоҳ надоштанд ва мардум низ шинохте аз онҳо надошт. Дар тӯли солҳои баъдӣ бахши умдаи “кадрҳои соли ҷанг” аз майдони сиёсат дур шуданд. Танҳо онҳое боқӣ монданд, ки дар ин муддат тавонистанд дар гурӯҳ ва ё кланҳои қудратманд бо ҳам биёянд.
Аз бойгонии "Озодӣ": Пешвоёни расмӣ ва ғайрирасмии ҷавонон
Исомиддин Салоҳиддинов, мушовири собиқи президенти Тоҷикистон, ин тамоюл, ки акнун лидерҳо дар Интернет зуҳур мекунанд ва ба дили мардум роҳ меёбандро, як раванди сунъӣ арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, лидер ва ё сарварони интернетиро нерӯҳои муайяни дохилу хориҷ ба хотири пиёда кардани барномаҳои худ омода мекунанд: "Ҳама сунъӣ ҳастанд. Ҳама мутобиқ ба лидерҳои пасипардагӣ ҳастанд, ки маҳз онҳо ин лидерҳоро дар саҳифаҳои Интернет мегузоранд ва сармоягузорӣ мекунанд. Ин ҳам ба он хотир аст, ки худ қудрати аслиро ба даст гиранд. Аммо ба қудрат расонидани лидерҳо бояд масъулияти мардуми Тоҷикистон бошад. Ин мардум рафтору гуфтори лидерҳои худро тайи даҳу бисту сӣ сол омӯхтаасту ӯро мешиносад, эътироф мекунад ва медонад, ки онҳо ба чӣ қодир ҳастанд."
Ҷаноби Салоҳиддинов лидерҳои интернетиро парвардаи олами виртуалӣ ё рӯъёӣ арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, роҳ ёфтани онҳо ба дили мардуми Тоҷикистон хеле мушкил аст, зеро истифодабарандагони Интернет дар кишвар хеле кам ҳастанд.
Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло ҳудуди 1 миллиону 800 ҳазор нафар, яъне 25% ва ба маълумоти ғайрирасмӣ, 35%- и сокинони Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранд. Аз ҷумла теъдоди истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Фейсбук, бино ба манобеи хориҷӣ, ҳудуди 35 ҳазор нафарро дарбар мегирад.
Иддае дигар аз коршиносон пайдоиши мактаби интернетии омода кардани лидерҳоро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд, ки Тоҷикистонро низ дар канор нагузоштааст. Ба қавли онҳо, сол ба сол теъдоди истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон меафзояд ва ҳар гуна кӯшиши ҷилавгирӣ аз ин раванд иқдоми муваққатӣ хоҳад буд.
Музаффар Олимов, раҳбари маркази таҳқиқотии "Шарқ" мегӯяд, таҷрибаи омода кардани раҳбарон тариқи Интернет бармаҳал ҷаҳонӣ ва собит шуда, кишварҳои ИДМ (СНГ), аз ҷумла Тоҷикистон истисно буда наметавонад: "Аз рӯи маълумоте, ки дорам, ҳатто дастуруламалҳо дар шакли китоб вуҷуд доранд, масалан, чӣ тавр лидерҳо омӯзонида мешаванд, чӣ тавр онҳо аз лиҳози назариявӣ ва амалӣ бояд тарбия ёбанд, дар куҷоҳо, мактабҳо ва кадом адабиёт дар бахшҳои гуногун вуҷуд доранд. Ҳамаи ин вуҷуд дорад, аз касе пӯшида нест."
Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар марҳилаи аввали ин раванд қарор дорад ва рӯзе мерасад, ки лидерони интернетӣ аз ҷаҳони рӯъёии интернетӣ ба майдонҳои воқеии сиёсӣ ворид мешаванд.