Мӯъмин Қаноат: "Аслан муҷассамае намехоҳам..."

Мӯъин Қаноат

Дар маҳфиле дар Иттифоқи нависандагон аз ҳаштодсолагии Шоири халқии Тоҷикистон, Мӯъмин Қаноат, таҷлил шуд.
Нишасти бахшида ба 80-умин солгарди рӯзи таваллуди Мӯъмин Қаноат бо ибтикори ҷамъе аз ҳаводорон ва мухлисони ӯ ва ҳамчунин Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин нишаст намояндагони давлат, аз ҷумла вазири фарҳанги Тоҷикистон ва сафирони бархе аз кишварҳои хориҷӣ, ба мисли сафири Афғонистон ва сафири Эрон ширкат доштанд.

Мӯъмин Қаноат дар адабиёти муосири Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравии пешин бо як силсила осори пурарзиш шӯҳрат пайдо кард ва аз ҷумлаи фарҳангиёни пештози тоҷик ба шумор меравад. “Сурӯши Сталинград”, “Мавҷҳои Днепр”, “Тоҷикистон - исми ман”, “Масъуднома” “Гаҳвораи Сино” ва амсоли он аз ҷумлаи достонҳои машҳури ӯ ҳастанд.

Дар ин рӯз хабарнигори "Озодӣ" фурсат ёфт, то ба чанд саволи худ аз Мӯъмин Қаноат посух бигирад.

Хона-музейи Мӯъмин Қаноат дар Дарвоз

Мӯъмин Қаноат: "Ба ҳар ҳол, мардум фаромӯш накарданд, ташаккур мегӯям. Аз ҳама мардуми Тоҷикистон, зиёиён, фарҳангиён, давлату ҳукумат барои қадршиносӣ изҳори сипос мекунам."

Радиои Озодӣ: Аммо интизориҳо бештар аз ин буд. Чун ҳаводоронатон бар инанад, ки дар сатҳи бошукӯҳтар бояд маҳфили бузургдошти 80-умин солрӯзи Шумо баргузор мегардид...

Мӯъмин Қаноат: "Дуруст аст. Аммо ҳоло баргузории ин гуна маҳфилҳои ботантана ва бошукӯҳ маъмул нест. Чун қонуни танзим вуҷуд дорад ва маҳдудиятҳое дар ин замина аст. Агар дар Кохи Ваҳдат ва ё Театри опера ва балет сурат мегирифт, ғунҷоиши бештаре дошт. Ба ин хотир, албатта, дархости худам буд, ки маҳфили 80-солагӣ дар Хонаи адибон сурат бигирад. Чун ин маконе аст, ки фаъолияти ман ҳамроҳи Мирзо Турсунзода дар ин ҷо шурӯъ шудааст ва ин биноро он замон сохтем ва саҳме ҳам дар ин бино дорем."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мӯъмин Қаноат: Ҳаштод соли сӯхтану сохтан



Радиои Озодӣ: Дар воқеъ, Шумо чандин сол раёсати Иттифоқи нависандагонро низ бар ӯҳда доштед. Бисёриҳо бар инанд, ки Шумо як шахсияте ҳастед болотар аз шоир...

Мӯъмин Қаноат: "Бале, табиист, ҳар касе, ки дар баробари шоирӣ, боз корҳои давлативу ҷамъиятиву байналмилалӣ дошта бошад, албатта, рисолати васеътар дорад. Агар шахс дар риштаҳои бештар кор карда бошад, фаротар аз шоир аст, чеҳраи фарогир ва вусъатдор аст. Ман ҳам дар симматҳои мухталифи давлативу ҷамъиятӣ ва ҳатто байналмилалӣ, яъне узви порлумони Иттиҳоди Шуравӣ, Ҳаракати якдиливу узви кумитаи дифои сулҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, Шӯрои ҷаҳонии сулҳ ва дигар аз созмонҳо кору фаъолият кардам. Ба ин далел, фаъолияти ман низ фаротар аз шоирӣ буд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мӯъмин Қаноат: 80 соли сӯхтану сохтан



Радиои Озодӣ: Як мухлиси Шумо ва ҳамзамон хонандаи торнамои Радиои Озодӣ навиштааст, "Тоҷикистон - исми ман"-и устод Мӯъмин Қаноат арзиши онро дорад, ки бояд муҷассамаи шоирро бунёд кард." Назари Шумо чист?

Мӯъмин Қаноат

Мӯъмин Қаноат: "Аслан дар ҳеҷ ҷо муҷассама намехоҳам. Аслан. Ба ин идея ман мухолиф ҳастам. Даъво надорам ва ҳаргиз намегузорам, то зиндаам, чунин коре шавад. Муҷассама барои беҳунарон мегузоранд."

Радиои Озодӣ: Устод чун аз ашъори Шумо гуфтем, бисёриҳо Шуморо ҳамосасарои асри 20 ва аввали асри 21 мешуморанд ва дар ин замина шурӯъ аз достони "Сурӯши Сталинград" то "Масъуднома"-ро мисол меоранд.

Мӯъмин Қаноат: "Ман ҳамосасарои гунаи "Шоҳнома" нестам. Ба хотири он ки ҳамосасароии ман пайванд задани шеъри ғаноӣ бо ҳамосӣ аст. Яъне, ман достонҳои тӯлонӣ намегӯям. Дувум, дар достонсароии ман, усули нақлӣ тамоман вуҷуд надорад. Усули нақлӣ умуман кӯҳна шудааст. Яъне, як мӯйсафед мехезаду ба дигарон раҳ ба раҳ нақл мекунад, ин дар достонҳои ман нест. Чунин усул ҳатто то устод Мирсаид Миршакар буд. Ба назари ман, ин усул кӯҳна шудааст, яъне маърифати ҷаҳони имрӯзӣ дигар шудааст. Онҳое, ки ин роҳро кушоданд, онҳо кашфиёт карданд. Зеро чунин усул муассир аст ва шунаванда ва ё хонанда аз шунидан ва хондани он таассуроти хуб мебардорад. Дар ҳаҷм андешамандӣ, фалсафа, мусиқӣ ба вуҷуд меояд, яъне тасвир зиёд мешавад. Ба ин хотир, ман дар "Масъуднома" усули минатураро гирифтам, ба хотири он ки Аҳмадшоҳ Масъуд - муҳандис ва меъмор буд. Ҳафт пайкараи зиндагии ӯро аз самтҳо ва паҳлуҳои гуногун тасвир кардам ва пайкараашро сохтам. Ҳатто мардум ҳам гуфтанд, ки чаро ин кӯтоҳ аст? Гуфтам, усули миниатурӣ сухан надорад. Санъати тасвирӣ ҳаст, яъне миниатурӣ аз қуллаи кӯҳ то маркази он чанд ҳазор солро дар бар мегирад. Марҳилаҳои зиёдеро тай мекунад. Ин услубро то ҳол муҳаққиқони мо то ҷое кашф накардаанд, ки ин чист."

Радиои Озодӣ: Устод, ҳамакнун ба синни мубораки 80 расидед, орзуву ниятҳо чист?

Мӯъмин Қаноат: "Орзуву нияти ман ҳама барои миллати тоҷик аст. Чун чӣ қадар қудрату тавоне, ки доштам, барои ин миллат, барои бедориву ҳуввияту бедориву худшиносӣ ва худогоҳии ин миллат сарф кардам. То ҷое тавонистам, аз ин миллат дифоъ кардам. То ҷое дастам расид, дар ҷуғрофии ҷаҳон, ин корро кардам. Ҳамакнун мехоҳам, ин миллат пойдор, ҷовидона ва бегазанд бошад. Хусусан дар ин қарни пур аз ошӯбу ҷангҳо ва низоъҳои гуногун.
Пойдории миллат, истиқлоли воқеии миллат ва ҳукумати миллӣ, орзуву ормони ман аст. Барои ин, мардуми тоҷик бояд кӯшиш кунем, то орзуву ормони миллии мо ҷомаи амал пӯшад."

Радиои Озодӣ: "Албатта эҷодро низ идома хоҳед дод...

Мӯъмин Қаноат: "Бале, дар муддати ду соли ахир, ба навиштани ёддоштҳо машғул будам ва қисми аввали онро тамом кардам. Аз таърихи хеле қадим шурӯъ шуда ва то соли 1943, яъне пирӯзӣ дар набарди Сталинградро дар бар мегирад. Он чизе, ки барои ман хеле муҳим буд. Аз пирӯзии аввали давраи каёниён то пирӯзии мардуми Шӯравӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ. Ин тараф ду ҷилди дигар мешавад, ки ҳоло болои он кор мекунам. Ҳамчунин шеъри тип ё гунаи нави асри 21-ро менависам. Шеърҳои кӯтоҳ. Албатта, агар умр вафо кунад, ин ниятҳо ҳаст..."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Сурӯши Сталинград"