Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё умри шеър сар омадааст?


Тоҷикон худро меросбари «Шоҳнома» - бузургтарин осори манзуми олам ва офаридагори он Фирдавсиро худованди шеър медонанд.

Шеър ҳамеша дар зиндагии тоҷикон нақш ва ҷойгоҳ доштааст. Аммо ба бовари шеършиносон ва муҳаққиқони адабиёт, шеър ба тадриҷ ҷозибаи худро дар миёни мардуме, ки пурбортарин осори назмиро дорад, мебозад.

Худоӣ Шариф, аз номвартарин устодони адабиёт дар Тоҷикистон мегӯяд, дар воқеъ шеър ба суръат ҷойгоҳи худро дар зиндагии иҷтимоӣ аз даст дода ва завқи шеъргӯӣ ва шеършиносӣ низ ҳамчунон коста аст: «Ҷаззобияти шеър чандон намондааст, барои он ки кайфияти забонӣ ва маззаи забонии он аз байн рафтааст. Ба назари ман чунин менамояд, ки аксари шоирони муосир мактаби фикрӣ ё адабии дурустро нагузаштаанд ва ё надоранд.»

Дар ҳоле, ки устод Худоӣ Шариф, ҷойбохтани шеърро дар бохтани асолати забонии шеъри нав ва мутолиа надоштани шоирони муосир медонад, Боймурод Шарифзода, устоди дигари адабиёт дар Донишгоҳи Тоҷикистон ба ин бовар аст, ки кам шудани ҷаззобияти шеър дар ҷомеъаи муосир, як амри табиӣ ва воқеӣ аст. Ӯ мегӯяд, шеър имрӯз ҷойгоҳи 100 ё ҳатто 50 ё сӣ соли пешро надорад. Зеро аз як сӯ, рисолати шоир бо дигарон тақсим шудааст ва аз сӯи дигар вазифаи шеър ё ҳадаф аз сурудани он низ. Зеро агар фарз ба ин бошад, ки масалан шеър воситаи баёни эътироз бошад ва ё василаи изҳори муҳаббат ва дӯстдорӣ, ҳоло васоили иртиботӣ умумӣ аз фейсбук то телефони мобил, ба ин манзур истифода мешавад. Ва табиист, ки аз бори шеър дар ин ҳолат коста мегардад.

Оқои Шарифзода мегӯяд: «Аз таърихи таъсири шеър агар бинигарем, ҳатто ба ибтидои асри 20 назар кунем, кулли равшанфикрон аз Лоҳутӣ ва Айнӣ сар карда ба он хотир ба сиёсат кашида шуданд, ки шеър дар нафси мардум таъсир дошт. Ва шеър ба дил таъсир дошт ва онро меангехт. Имрӯз дигар воситаҳои таъсиррасонӣ аст барои барангехтани мардум ба ҷодаҳои гуногун, ки шеър дигар он мартаба ва шоир ҳам дигар он рисолатро надорад.»

Ба бовари оқои Шарифзода, ҳамеша қишре, ки китоб ва шеър мехонад дар тамоми тӯли таърих як гурӯҳи кӯчак ва бештар аз панҷ то даҳ дарсади ҷомеа набуд. Ва танҳо ҷомеа ва низоме, ки ба аҳамияти шеър афзуд, ҷомеаи Шӯравӣ ё коммунистӣ буд. Аммо бо вуҷуди таблиғи шеър дар он замон ҳам, завқи он феълан коста шуда ва боз ҳам шеър ба манзури қаноат додани ниёзи эстетикӣ ва ботинии шахс ба кор меравад. Як ҳадафи сиёсати Шӯравӣ аз таблиғи омавии шеър, саргарм кардани мардум ва аз масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ дур нигаҳ доштани онҳо буд. Акнун ба бовари шеършиносон, шеър дубора ба маҳфил ва ҳушу ёди касоне бар мегардад, ки тавони дарк ва фаҳми шеър ва ҳушмандӣ доранд. Ва ин як воқеъияти зиндагист.

Замоне, масалан дар 25-30 соли пеш Тоҷикистон дар воқеъ ба кишвари шеър табдил шуда буд. Шоиру нависанда мӯҳтарамтарин фарди ҷомеа буданд. Ҳама ҷо анҷумани шеър барпо буд ва касе ҳам дар шӯҳрату маҳбубият ба шоир баробарӣ карда наметавонист. Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир ва Гулрухсор шоирони он замон буданд ва ҳанӯз ҳам касе натавонистааст, ки дар номварии иҷтимоӣ ва дар шеър болотар аз инҳо пар бикушояд. Ва завқи шеър ҳам ба назари шеършиносон бо ҳамин шоирон ба тадриҷ пир шуд.

Гулрухсор
Гулрухсор
Ҳоло шоире, ки битавонад ҷомеаро бар биангезад, нест, агар ҳаст, боз ҳамон Бозор Собир аст, ки албатта аз пуштибонии собиқа бархӯрдор нест. Вале Гулрухсор, шоири номвар мегӯяд, шеър, завқи шеър ҳанӯз ба ҷост ва намурдааст. Аз ӯ мепурсам, оё умри шеър дар Тоҷикистон ҳамчунон боқӣ аст ё сар омада? Ӯ мегӯяд: «Умри шеър дар Тоҷикистон ҳамчунон боқӣ аст, аммо фақат барои шоирони хуб, барои шоирони бад ҳеҷ гоҳ шеър умр надошт. Айби шеъру хонанда нест, айби шоир аст.»

Гулрухсор замоне шӯҳраи офоқ буд, ба хотири шеъраш эътибор дошт, ҳар ҷое ӯ пайдо мешуд, ҷашн буд. Ҳоло ҳам ӯ дар ҷодаҳои аз шиддати сармои имсол валангори Душанбе қадам мезанад ва шеър мегӯяд, шеъри ӯ пухтатар шудааст, аммо мухобаш камтар. Зеро завқи шеър костааст.

Аммо Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшиноси тоҷик мегӯяд, ки ба ҳар ҳол завқи шеър ва ҷозибаи он агарчанд коста шуда, аммо ҳамчунон зинда аст ва ду бора эҳё мешавад ва он бояд парварида шавад: «Ман фикр мекунам, ки ҳоло ҳам мардум ба шеър завқ доранд. Ба ҳар ҳол ҳамон суханони устод Турсунзода, ки гуфта буд коми тоҷиконро бо сухан бардоштанд, ҳанӯз аҳамият дорад. Завқи шеърпарварӣ гум нашудааст, аммо хониш кам шудааст. Вале мардум суруд мехонад, суруд, ки бе шеър намешавад.»

Аммо бархе адабиётшиносон ва донишмандони фанни шеър мегӯянд, умдатан ончи имрӯз ба унвони суруд ба риштаи оҳанг аз сӯи аксари овозхонҳо кашида мешавадро наметавон шеър унвон кард. Балки назми сабук ва аксаран бемаънӣ ҳам ҳастанд.

Ҷӯрабек Назрӣ
Ҷӯрабек Назрӣ
Ҷӯрабек Назрӣ, ҳунарманд ва донишманди тоҷик мегӯяд: «Ҳунармадони беҳунар имрӯз шеъри он шоиронеро мехонанд, ки шеър нест, назмгуна аст. Ҳоло теъдоди шоирон хеле зиёд шудааст ва аксари онҳо шоири халқӣ шудаанд. Камтарин ҳофиз ҳам унвони халқӣ дорад. Боз баъзеяш даъво мекунад, ки сад шеъри мана фалон ҳофизон мехонанд, вале на аксари ин шоирон шоиранд ва на ҳофизонашон ҳофиз.»

Аммо бо ин вуҷуд, шеър ба умри худ камокон идома медиҳад. Дар тӯли таърих дар ҳамаи давлатҳои ин қаламрав анҷумани шоирони дарбори шоҳон мавҷуд буд, ки нишоне аз аҳамияти шеъру шоирон дошт. Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистонро давлат ҳамчунон кӯмак ва сарпарасатӣ мекунад. Ҳоло ҳам аз шеър ва шоир истифодаи сиёсӣ мешавад, аммо ҷазобияти он камтар шудааст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:20 0:00
Линки мустақим


Вале дар тӯли таърих сиёсатмадороне ҳам будаанд, ки аз шеър на истифода, балки бо шеър тафреҳ мекарданд ва ин маҳфили Аҳмадшоҳи Масъуд, сипаҳсолоре, ки мегуфт, ҷанги ӯ барои наҷоти адабиёт аст, намунаи он мебошад:

«-Ҳамин ҷо як шеър аст, мулло соҳиб, Шикаста бод шишааш, хондӣ?

-Не.

-Ман ду дафъа хонда будам, қумандон соҳиб, шунида. Нашунидӣ?

Шаб асту чашми мо ҳаме чу чашми интизорҳо,
Ситора мекунад ба шаб ягон - ягон шуморҳо.

-Фаҳмидӣ матлабша?

-Бале, тарафи осмон, ки саъй мекунад, ситораҳоро шумор карда меравад.

-Не....

Шаб асту чашми мо ҳаме чу чашми интизорҳо,
Ситора мекунад ба шаб ягон - ягон шуморҳо.
Зӣ ашк шуста доманам, зи оҳи пур зи сӯзу дард,
Нишаста доманам чунин ба домани шарорҳо.
Ҳазаф гуҳар шавад, агар ба оби ҳимматам расад,
Чу боғи пурдарахт, ки дар ҳулули навбаҳорҳо.

Матлабаш ин аст, ки агар ҳамин қатраи борон биравад ба даруни садаф, ба гуҳар табдил мешавад. Мегӯяд, ҳимматам ин қадар баланд аст, ки як ҳазаф, як чизи бемиқдор, ҳам ба ҳиммати ман наздик шавад, мисли он аст, ки гуҳар мешавад. Яъне ман ин қадар одами бо ҳиммат ҳастам, ки ин ғам ҳар чӣ қадар бисёр бошад, ба ман таъсир надорад. Мисли боғи пурдарахт дар ҳулули навбаҳорҳо, ки ин як умедеро мерасонад, ки як рушанӣ дар оянда вуҷуд дорад.»
XS
SM
MD
LG