Ҷамъияти нобиноёни тоҷик барои аввалин маротиба соҳиби 20 нусха Қуръон - китоби муқаддаси мусалмонон бо хатти брайл шуд.
Маросими тақдими ин шумора аз Қуръон рӯзи сешанбеи 15-уми май дар Маркази исломии Тоҷикистон сурат гирифт.
Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки чопи Қуръон бо хатти брайл бо ҳидояти раисиҷумҳур ва кӯмаки чанд нафар аз сарватмандони кишвар имконпазир шудааст.
Ҷаноби Абдуқодирзода афзуд, нусхаҳои брайлии Қуръон дар асоси Қуръоне, ки чанд соли пеш бо ташаббуси раисиҷумҳур бо забони тоҷикӣ ва хатти сириллик чоп шуд, омода ва ба табъ расидааст.
Ин Қуръон ҳам бо забони тоҷикӣ буда ва ҳар яке аз бист нусха дар нӯҳ муҷаллад таҳия шудааст. Китоб дар яке аз чопхонаҳои шаҳри Душанбе ба нашр расидааст.
Холмаҳмад Тенгниев, раиси Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе, чопи Қуръон бо хатти брайлӣ ва бо забони тоҷикиро як рӯйдоди фараҳбахш барои ин қисмат аз ҷамъият арзёбӣ карда, изҳори умедворӣ намуд, ки дар оянда китобҳои дигари динӣ низ ба нашр расонида мешавад.