Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҷанг” бо ҷинҳо. Оламе ноаён, аммо "ошиқ"-и инсон


Дар чанд соли ахир “ҷинхонӣ” ва ё “ҷинбарорӣ” ба шуғли гурӯҳе аз рӯҳониёни тоҷик табдил шудааст.

Ҳарчанд мавҷудияти ҷин дар табиат исбот нашудааст ва аз он бештар ҳамчун як махлуқи асотирӣ ном мебаранд, бахше аз мардум дар Тоҷикистон солҳои охир бемориҳои шадиди рӯҳиро ба "ҷой шудан"-и ҷин дар бадани инсон, зарба хӯрдан аз ҷин ё тарсу ваҳми "мулоқот бо он" бастагӣ медиҳанд. Шояд заъфи тиб ва пизишкон аст, ки шумори ниёзмандони "рондан"-и ҷин аз ҷисми инсон ва ҳам муллову табибони мардумии "ҷиншинос" рӯ ба афзоиш дорад.

"Ҷин" дар луғат ба маънои пӯшида ва ноаён будан омадааст. Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, аз рӯҳониёни тоҷик, мегӯяд, дар китоби Қуръон дар бораи ҷинҳо таъкид шуда ва сурае бо номи “Ҷин” ҳам нозил гардидааст. Ӯ гуфт, касе, ки ба вуҷуди ин олами ғайб имон надорад, аз ҷумлаи муртадҳо хоҳад буд.

МАВЗӮИ ҶИН ДАР ТОҶИКИСТОН

Муҳаммадамини Муҳаммадалӣ
Муҳаммадамини Муҳаммадалӣ
“Ҷинхонӣ” ё “ҷинбарорӣ” дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир вирди забони мардум шудааст. “Ҳамлаи ҷинҳо ба манзили як сокини Рашт” ва ё “писари фулониро ҷинҳо ба кӯҳ бурдаанд” аз хабарҳоест, ки дар чанд соли ахир дар саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистон ҳам ба нашр расида, вокунишҳои мухталифро дар пай доштаанд.

Аммо маъруфтарини онҳо ҳамлаи ҷинҳо ба манзили сокини Рашт -- Сӯҳроб будааст. Сӯҳробу хонаводаашро ҷинҳо ором намегузоранд, то дар манзили худ осуда зиндагӣ кунанд. Ба қавли ӯ, ҷинҳо борҳо манзилашонро сангборону ғизояшонро хокборон карда, кӯшиши оташ задани хонаро низ кардаанд.

Ҳатто дар телефонҳои мобили бархе аз ҷавонҳо лаҳзаеро дидан мумкин аст, ки домуллое нафари дар замин хобидаро дуохонӣ мекунад ва ӯ дар ҳоли бехудӣ гоҳо фарёд мезанад ва гоҳе дигар бо домулло муқовимат меварзад. Муҳаммадамини Муҳаммадалӣ, ки мегӯяд, илми мубориза бо ҷинҳоро дар Миср омӯхтааст, каме бештар аз як сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ дорад ва дар ин муддат ҳар рӯз то панҷ нафар барои дуохонии фарзанд ва ё наздиконаш ба ӯ муроҷиат мекунанд.

"Назар ба солҳои пешин дар Тоҷикистон теъдоди афроде, ки ҷин ба онҳо таъсир кардааст, зиёд шудаанд. Зеро дар ҷое палидӣ зиёд мешавад, ҷин, ки аз олами шайтон аст, ҳамон қадар бештар мегардад”,-гуфт ӯ.

ВАҚТЕ ҶИН ОШИҚ МЕШАВАД...

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад
Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад
Ҷаноби Муҳаммадалӣ ахиран китоби худро бо номи "Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон" ба нашр расонид. Ӯ дар ин чанд соли ахир, ки бо ҷинҳо дасту панҷа нарм мекунад, гуфт, олами ҷин бузургу печида аст ва аз лиҳози ақидаву дин мисли инсонҳо ба тоифаи мусулмону масеҳӣ, яҳудию маҷусӣ ва ғайра тақсимбандӣ мешавад. Ба қавли ӯ, агар дафъи ҷинҳои мусулмон аз вуҷуди инсонҳо ба осонӣ даст бидиҳад, дафъи ҷинҳои "муртад" ва ҷинҳои "ошиқ" хеле сахту сангин будааст.

Вай мегӯяд, "вақте беморро мехонӣ, ҷин аз даҳони бемор сӯҳбат мекунад. Ҷинҳое ҳастанд, ки барои берун шудан аз бадани инсонҳо саркашӣ мекунанд. Махсусан вақте ҷин ба инсон ошиқ мешавад. Агар гӯям, ки ишқи пок дар ҷинҳост, хато намешавад. Барои он ки агар як ҷавони ошиқро тарс диҳанд, шояд аз маъшуқааш даст бикашад. Вале ҷинҳо то дами марг мубориза мебаранду намехоҳанд, ки ишқашонро раҳо бикунанд."

Дар бораи таҳдиди ҷинҳо ба афроди "ҷинхон" ё "ҷинбарор" Муҳаммадамини Муҳаммадалӣ гуфт, "вақте марди бемореро хондам, ҷиннаш ҳозир шуд ва гуфт, ки мусулмон нест ва дар дини масеҳият аст. Ба ӯ дини исломро арз кардам, аммо исломро напазируфту гуфт, ман дар гӯш кардани оёт тоқат надорам, мебароям аз ин ҷисм, аммо ту бидон, ки то хонаат расидан ягон фарзандат боқӣ намемонад. Ҷин баромада рафт, аммо мо ҳам инсон ҳастем ва камтар дар дилам ваҳм пайдо шуд. Баъд ба устодам занг ва воқеаро гуфтам. Ӯ гуфт, "Муҳаммадамин, агар инҳо бе хости Худо коре карда метавонистанд, ҳароина гӯштпорае аз ман дар ин дунё боқӣ намемонд."

"ЧИЛЁСИН" ДАР ШӮРАВӢ

Бархе аз рӯҳониёни тоҷик мегӯянд, дуохонӣ, махсусан "Чилёсин" аз даврони пеш дар миёни мардуми мусулмони тоҷик роиҷ буд, вале ба шакли густардаи имрӯза вуҷуд надошт.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад мегӯяд, дар замони Шӯравӣ, ки диндориву дуохонӣ мамнӯъ буд, рӯҳониён ба таври пинҳонӣ дуохонӣ ва ё "Чилёсин" мекарданд. "Аксарият онҳоро фиребкору ҳиллагар ва қаллоб ном мебурданд. Аз ин сабаб камтар ба назар мерасид. Дар ҷои мо фақат дуохонӣ, қасидахонӣ ё "Чилёсин" буд. Бештари онҳое, ки ҷинзада буданд, ба баракати хондани ҳазрати Ёсин шифо меёфтанд",-нақл кард ӯ.

ҶИНХОНӢ: МАСЪУЛИЯТ Ё ТИҶОРАТ?

Афзоиши "ҷинхонӣ" ва ё "ҷинбарорӣ" дар солҳои охир дар Тоҷикистон на ҳамеша аз сӯи мардуми кишвар ба хушӣ пазируфта мешавад. Бархе аз сокинон мегӯянд, зоҳиран, ин дуохонӣ ба як роҳи таъмини маишати хонаводаи бархе аз рӯҳониён табдил шудааст.

Муҳаммадамин низ афзоиши сафи ин гуна "ҷинхон"-ҳоро тасдиқ мекунад, аммо мегӯяд, на ҳар кас тавони ҷинхон ва ё ҷинбарор шуданро дорад. Ба қавли ӯ, ҷинбарорӣ ҳам илм аст ва бояд арфоди тақводор ва покиза онро биомӯзанд ва пайи муолиҷаи беморон бошанд.

Дар мавриди суди зиёд бардоштан аз чунин муолиҷа ҷаноби Муҳаммадалӣ гуфт, "набояд кас ба нияти пул гирифтан ба назди бемор биравад. Вақте инсон ба нияти гирифтани пул меравад, ҷинҳо аз он огоҳ шуда, ба осонӣ аз вуҷуди инсон намебароянд ва нафари дуохонро ҳам масхара мекунанд. Ман бисёр ашхосро медонам, ки дуохон шуданд ба хотири зиндагияшон. Барои он ки ба Русия ҳиҷрат накунанд. Вале ҷинҳо ба онҳо зӯрӣ карда, ҳатто хонаводаашонро вайрон карданд."

ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ҶИНХОНҲО

Ин дар ҳолест, ки Маҳмуд Кабирӣ, рӯҳшиноси тоҷик мегӯяд, бояд мақомоти кишвар чаҳорчӯби фаъолияти ҷинхонҳо ё ҷинбарорҳоро муайян бикунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ аз холигоҳе, ки дар пайи камбуди рӯҳшиносон ба вуҷуд омадааст ва ҳам аз эътиқоди мардум бархе аз рӯҳониён истифода мекунанд. Ӯ гуфт, “шояд чунин марказе ташкил шавад, ки мо ҳудуди фаъолияти ин гуна дуохонҳоро муайян кунем.”

Ҳамин тариқ, ҷинҳо ва ё олами ҷинҳо ҳамчунон пурасрору нокушуда боқӣ мемонад. Аммо рӯҳониёни тоҷик мегӯянд, бояд миёни сеҳру ҷоду ва ҷинхониву ҷинбарорӣ фарқ гузошт. Зеро ба гуфтаи онҳо ҷинбарорӣ сеҳру ҷоду нест, балки мубориза тавассути Қуръон бо сеҳргарону ҷодугарон ва олами ҷинҳоест, ки ҷони инсонҳоро дар хатар мегузоранд.
XS
SM
MD
LG