Восеъ. Чаро маъюбонро аз нафақа маҳрум карданд?

Дар ноҳияи Восеъ 700 нафар маъюбони нафақагир муваққатан аз гирифтани нафақа маҳрум гаштаанд.
Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии мубориза зидди фасод нисбат ба ду нафар корманди Раёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Восеъ барои таҳияи асноди тақаллубӣ ва хулосаҳои беасоси тиббӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тоҳир Назаров, як масъули Оҷонсии мазкур, ки аз тафтиши фаъолияти ҳукумати Восеъ дар як ҷаласа гузориш медод, гуфт, ҳоло 11 ҳолате кашф шудааст, ки мувофиқи он ба афроди солим нафақаи маъюбӣ медодаанд. Инчунин ба гуфтаи Назаров, кормандони онҳо дар беш аз ду сад ҳуҷҷати маъюбони нафақагир нуқс пайдо кардаанд, ки ин ҳолат мавриди тафтиш қарор дорад:

«Ин ду нафар дар 11 ҳолат 33 ҳазор сомониро бо чунин роҳ аз худ кардаанд. Мо инчунин 827 ҳазор сомонии дигарро, ки аз ҳисоби аснодҳои аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ беасос дониста шудаанд, аз ҳисоби Фонди нафақа кам кардем. Ин миқдор маблағе буд, ки ҳар моҳ ба 283 нафар ҳамчун маъюб дода мешуд.»

Дар ҳамин ҳол, масъулини Раёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтмоии ноҳияи Восеъ изҳор доштанд, ки пас аз санҷиши Оҷонсии мубориза зидди фасод, худи онҳо 700 нафари шубҳаоварро муваққатан аз гирифтани нафақаи маъюбӣ маҳрум кардаанд.

Аммо аксари нафароне, ки то кунун нафақаи маъюбӣ мегирифтанд, муваққатан нагирифтани онро аз рӯи адолат намедонанд. Озодамоҳ, зане, ки фарзандаш нафақаи маъюбӣ мегирифтааст, мегӯяд, худи ӯ низ шоҳид аст, ки афроди солим худро маъюб нишон дода нафақа мегиранд, аммо на ҳама чунин рафтор мекунад. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки фарзандаш, воқеан, маъюб аст, ӯро аз гирифтани нафақа маҳрум кардаанд:

«Дар насиб будааст, ки ҳамин фарзанди ман маъюб таваллуд шуд. Қариби ду моҳ шуд, ки дигар нафақаамон намедиҳанд. Маъюбии фарзанди ман маълум аст, дигар куҷои онро месанҷанд, намедонам.»

Дар ҳамин ҳол, Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ, ки худ низ нафақаи маъюбӣ мегирад, аз масъулини Оҷонсии мубориза зидди фасод ва Раёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ дархост кард, ки ин масъаларо ҷиддӣ санҷиш кунанд ва ба хатоӣ роҳ надиҳанд:

«Баъд, худамонро нишон дода, занҳои яккаву танҳо ва дар ҳақиқат маъюбро аз нафақа маҳрум кунем, кори хуб нест. Бисёри онҳоро мо худамон касал кардем, аз ноадолатии мо шояд маъюб шудааст ва дар чунин рӯз боз дар ҳақаш ноадолатӣ кунем?! Комиссия биёяд ва боадолатона ин масъаларо бисанҷад. Бинад, ки ба қонун дуруст нест, нафақааш надиҳад, лек ноадолатӣ нашавад. Ин кор бояд боинсофона карда шавад, то дар ҳаққи мардум зомин нашавем.»

Санҷиши асноди маъюбони нафақагир дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон моҳе пеш гуфта буд, аз раванди оне, ки аксари одамони солим ба хотири дарёфти маблағ худро ҳамчун маъюб ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд, нигаронӣ намуд. Феълан, дар минтақаи Кӯлоб як комиссияи вижа ин масъаларо мавриди санҷиш қарор додааст.