Яке аз нуктаҳои баҳсноки ин фармон тафовути зиёди афзоиши маош миёни сарварону кормандони оддии муассисаҳо ва ҳам кормандони мақомоти интизомиву ғайриинтизомӣ аст.
Агар музди меҳнати директорони институтҳо,
пажӯҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои академияҳои гуногуни илмҳо ба андозаи 3,3 маротиба ё 100 дарсад зиёд карда шудааст, маоши кормандони раёсатҳои академияи илмҳои Тоҷикистон, дигар академияҳо ва кормандони дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ 30 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳамчунин музди меҳнати кормандони соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг 40 дарсад ва маориф 30 дарсад зиёд мешавад, аммо ин афзоиш дар маоши раисон, муовинон ва судяҳои зинаҳои гуногуни додгоҳҳои Тоҷикистон 100 дарсадро ташкил мекунад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки мардум аз ваъи молиявии раҳбарони муассисаҳои давлатӣ ва ҳам кормандони додгоҳҳо таърифи дигар доранд.
Аъламхон Наимӣ, муовини сардори Сарраёсати будҷаи вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, афзоиши маошҳо аз дастури худи раисҷумҳур бармеояд, ки моҳи апрел ҳангоми паёмаш ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон баён карда буд: «Дар давраи миёнамӯҳлат бояд ду маротиба маоши кормандони будҷа зиёд карда шавад, аз он ҷумла хароҷоти маош дар соҳаи фарҳанг, маориф, иҷтимоӣ, тандурустӣ ва ғайра. Дар марҳалаи аввал маоши як қисм муассисаҳои будҷавӣ, аз қабилу додгоҳу додситонӣ бештар ҳастанд. Дар марҳалаи дуввум, боз хоҳем дид, ки музди кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ бештар мешавад. Он чӣ карда мешавад, вобаста ба имкониятҳо аст.»
Музди меҳнати кормандони додситонӣ ва дигар ниҳодҳои амниятӣ аз рӯи таруфаҳои муайянкардаи вижа афзуда мешаванд ва ҳам маоши аъзои Маҷлиси намояндагон низ 50 дарсад бар асоси ин фармони раисҷумҳур боло бурда мешаванд.
Зимнан, агарчӣ ин афзоиш ба даромадҳои як омӯзгори оддӣ, ки аз 400 то 600 сомонӣ маош мегирад, таъсири ҷиддӣ намерасонад, ҳаққи меҳнати масалан, раиси Суди Олӣ ва муовинонашро, ки аз 2100 то 2400 сомонӣ мегиранд, дучанд мекунад ва ҳам бар маоши аъзои парлумон, ки 3300 сомонӣ мегиранд, 1750 сомонии дигар хоҳад афзуд.
Дар кулл фармони нави раисиҷумҳур бо 243 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ барои будҷа тамом мешавад ва расман ҳам аз мавҷудияти 30 дарсад касри буҷа сӯҳбат мекунанд. Тибқи фармони раисҷумҳур, ин маблағ бояд аз ҳисоби ислоҳоти музди меҳнат, таъминоти нафақа дар соли 2011, маблағҳои бақияи озод, иҷроиши барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ, сарфаи дигар моддаҳои хароҷотӣ ва маблағҳои махсуси муассисаҳою ташкилотҳои буҷетӣ таъмин карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, фармони раисҷумҳур як навъ пиар компания ё маъракаи таблиғ дар арафаи ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон аст. Онҳо мегӯянд, то 100 дарсаду 3 маротиба боло бурдани маош дар шароити Тоҷикистон хеле тааҷҷубангез аст.
Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, афзоиши маош дар Тоҷикистон нигарониҳои ҷомиаро низ ба дунбол дорад, зеро баъд аз ин нархҳо дар бозорҳо меафзоянд, пули миллӣ беқурб ва асъори хориҷӣ гаронтар мешавад. Оқои Ҷумъаев афзуд: «Болобардории маош доруе нест, ки ҳама чиро шифо бахшад. Дар навбати аввал бояд ҳатман ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, махсусан маводи ғизо афзоиш дода шавад. То он замон, ки истеҳсолот бештар аз талабот набошад ва талаботро қонеъ карда натавонад, ин ҳама чорабиниҳо бефоидаанд.»
Зимнан, болоравии маоши кормандони будҷавӣ замоне иттифоқ меафтад, ки дар бозорҳои Тоҷикистон як марҳалаи камбуди ғизо ва болоравии қиматҳо мушоҳида мешавад ва ба қавле, ин вазъ маблағи бар маош афзудашударо фурӯ хоҳад бурд.
Аммо коршиносон мегӯянд, даромади иқтисоду мардуми Тоҷикистон умдатан аз манобеи ғайрибудҷавӣ, қабл аз ҳама маболиғи интиқолии муҳоҷирини меҳнатӣ вобастагӣ дорад. Аз ин хотир, ҳукумати кишвар ҳанӯз он иқтидореро пайдо накардааст, ки бо афзудани ҳаққи меҳнати кормандони будҷа ба беҳбуди вазъи иҷтимоӣ дар кишвар таъсир расонад, маҳз ҳадафе, ки ҳангоми ин иқдомҳо гузошта мешавад.

Дар марҳалаи аввал маоши як қисм муассисаҳои будҷавӣ, аз қабилу додгоҳу додситонӣ бештар ҳастанд. Дар марҳалаи дуввум, боз хоҳем дид, ки музди кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ бештар мешавад...