Ширкати алюминийи Тоҷикистон корхонаи хурди истихроҷи газ аз ангиштро озмоиш кардааст.
Як манбаъи наздик ба ин ширкат гуфт, ки корхонаи хурди истихроҷи газ, ки ба тозагӣ аз таъмири куллӣ берун оварда шуд, мавриди озмоиш қарор гирифтааст. Озмоиши мазкур нишон додааст, ки дар сурати комилан бегаз мондани ширкат, метавон аз он баҳрабардорӣ шавад.
Ин манбаъ гуфт, ки аммо ин корхонаи хурд наметавонад миқдори лозимии газро, ки ширкат дар фаъолияти ҳаммарӯзаи худ ниёз дорад, бароварда кунад. Ин корхона солона 45-50 миллион метри мукааб газ масраф мекунад. Дар ҳоли ҳозир охирин захираи газе, ки аз Узбакистон дарёфт мешуд, мавриди истифода қарор дорад.
Зимнан, коргарони ширкати ТАЛКО дар як номаи дастаҷамъӣ ба мақомоти зидахли Узбакистон тақозо кардаанд, ки дар масъалаи аз сар гирифтани интиқоли газ мусоидат кунанд.
Талко бузургтарин корхонаи санъатии минтақа ва яке аз даҳ корхонаи муҳимтарини тавлидкунандагони алюминий дар ҷаҳон мебошад. Ин корхона солона то 450 ҳазор тонна алюминий истеҳсол мекунад. Содироти алюминий 60 дарсади ҳаҷми умумии содироти моли Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Масъулини Талко иддао мекунанд, ки воридоти аслии арзи хориҷӣ ба Тоҷикистон аз содироти алюминий ба даст меояд. Аммо роҷеъ ба масрафи даромади ин корхона ва мизони молиёт (андоз)-и он баҳсу гуфтумон ва шубҳаву гумони зиёде дар расонаҳо вуҷуд дорад.
Ахиран мақомоти Узбакистон зимни номае ба Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки сар аз 1-уми апрел мӯҳлати созиши харидории газ тамом мешавад ва Узбакистон ба далели иҷрои созишномаи худ бо Чин, имкони тамдиди харидории гази табиӣ аз сӯи Тоҷикистон ва интиқоли он ба ин кишварро надорад.
Қатъи интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон, ба фаъолияти корхонаҳои бузурги Тоҷикистон халали ҷиддӣ ворид кардааст. Аз ҷумла корхонаи сементбарорӣ - "Тоҷиксемент" ба ин далел фаъолияти худро қатъ намуда, корхонаҳои ТАЛКО ва "Тоҷиказот" низ ба мушкил рӯбарӯ шудаанд.