Як мақоми сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел ба радиои «Озодӣ» тасдиқ кард, ки дархости Тоҷикистон аз ҷониби Эрон пазируфта шудааст ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ба мақомоти зидахли ин кишвар дар ин замина дастур додааст.
Ин манбаъ афзуд, ки ҳанӯз миқдор ва ҳаҷми ин кӯмакҳо мушаххас нашудааст, вале ниҳодҳои ин кишвар дар пайи иҷрои ин дастур шудаанд.
Омодагии ироаи кӯмакҳои Эрон барои раҳоӣ аз бӯҳрони энержӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Узбакистон аз аввали моҳи ҷорӣ интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кардааст. Дар пайи ин амали Узбакистон, корхонаҳои муҳими Тоҷикистон ба шумули «Тоҷиксемент» аз кор монда ва ширкати Талко-бузургтарин корхонаи саноатии ин кишвар бо хатари ҷиддии қатъи фаъолият рӯбарӯ шудааст.
Ин манбаъ дар сафорати Эрон гуфт, ки Теҳрон омодааст дар рафъи мушкилоти пешомада миёни Душанбе ва Тошканд мусоидат кунад.
Эрон дар ҳоли ҳозир яке аз шарикони муҳими иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Шариф Раҳимзода, вазорати иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ гуфта буд, дар 9 моҳи соли гузашта Эрон фақат дар бахши хусусии Тоҷикистон наздик ба 15 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
Муҳимтарин тарҳи иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аст, ки бо 180-милллион доллар сармоягузории Эрон сохта мешавад. Қабл аз ин Эрон
сохтмони тунели «Истиқлол»-ро, ки шимолу ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, оғоз карда буд, ки агарчанд мавриди истифода қарор дорад, аммо сохтмонаш такмил нашудааст. Эрон ҳамчунин мутааҳҳид шудааст, ки дар рӯди Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон низ нерӯгоҳе бо номи "Ёвон"-ро бисозад.