Шумо ягон бор ба раисиҷумҳур нома навиштаед?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Коршиносон мегӯянд, ҳукумат ба афкори ҷомеа таваҷҷӯҳ надорад, аммо мехоҳад,онро зери назорат дошта бошад.
Номаи ман ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, кӯтоҳ буд: “Шумо ба фикру андешаи мардум дар бораи худ, тарзи раҳбарӣ ва сиёсатҳои хеш чӣ назар доред?” Ҳанӯз ҷавобе нест ва гумон аст, пурсишу посух дар торнамои president.tj нашр шавад. Дар он номаҳое нашр шудаанд, ки ҳамагӣ аз табрику ситоишҳои раисиҷумҳур иборатанд. Ҳарфе аз камбуди нерӯи барқ, об, газ, беадолатии мансабдорон, ноӯҳдабароии ҳукумат, роҳҳои фарсуда ё пулакӣ, тақсими замин ва монанди инҳо нест.

Вале як манбаи наздик ҳукумат, ба шарти пинҳон мондани номаш, гуфт, ҳама чиз хонда, дастабандӣ ва аз номи раисиҷумҳур ба вазорату идораҳои дахлдор фиристода мешавад, ҳарчанд дар бораи пайомади ин номаҳо изҳори бехабарӣ кард. Ҳамзамон ба ҳайси таваҷҷӯҳи ҳукумат ба афкори ҷомеа, ин манбаъ таъкид намуд, ки бахшҳои махсус на танҳо матолиби тамоми нашрия ва сомонаҳо, балки шарҳу вокуниши хонандагон ба матолиби онҳоро бо диққати тамом ҷамъоварӣ ва мутолиа мекунанд.

Пас то куҷо ҳукумати Тоҷикистон ба афкори иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ дорад ва ба он вокуниш мекунад? Зиёда аз 72 дарсади 1200 раъйдиҳандаи назарсанҷии ғайрирасмӣ дар торнамои Озодӣ гуфтаанд, ки ақидаи онҳо ба сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон таъсире надорад. Чанде аз фаъолони шабакаи Фейсбук низ ба ҳамин андешаанд. Ба қавли яке аз онҳо, Халили Қаюмзод, "ҳукумат дар посух додан ба суолҳои зиёд ва воқеан мушкил оҷиз омадааст."

Раҳбари пешини Маркази мутолиоти стратегии назди раёсатҷумҳурӣ ва ҳоло вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, ҳукумат он фикру ақидаи мардумро, ки дар пажӯҳишҳои сотсиологӣ, гуфтугӯҳои “мизи мудаввар”, матбуот ва ғайра баён мешаванд, ба назар мегирад ва ба андозаи тавоноиҳояш амалӣ мекунад. Ба ақидаи онҳое, ки бо ҷаноби Шарифов ҳамназаранд, қонеъ сохтани афкори иҷтимоӣ дар кишваре мисли Тоҷикистон замон мехоҳад. Аммо мухолифони ин ақида мегӯянд, ҳукумате, ки мехоҳад, бақо ёбад, бояд рӯҳияи ҳаррӯзаи мардумашро донад ва ба он ҷавобгӯ бошад.

НЕРӮИ БОТИНИИ КИШВАР

Афкори ҷомеа нерӯи бузург дониста мешавад ва муҳаққиқон онро дар бисёр ҳолат ҳақиқатбин, ҳақталош, солим ва одилона мешуморанд. Онҳо мегӯянд, маҳз ин падидаи шуури оммавӣ одамонро идора мекунад. Вале муносибати байни ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми ин кишварро яке аз коршиносон ба телефони вайроне монанд кард, ки як тараф ҳарфи худро мезанад, аммо сухани тарафи муқобилро намешунавад.

Қаҳрамон Бақозода

Ба ақидаи мудири Маркази омӯзиши афкори умуми “Оина”, Қаҳрамон Бақозода, “диққат ба афкори ҷамъият дар давлатдорӣ замоне пайдо мешавад, ки ҳукумат аз ин афкор вобаста бошад.” Вай меафзояд, азбаски сохтори ҳукумати Тоҷикистон “вертикалӣ, яъне аз боло ба поён аст”, чунин вобастагӣ ба таври ҷиддӣ вуҷуд надорад. Аммо ин коршинос ва ҳамсӯҳбатони дигар намоишҳои тақрибан шабонарӯзии таблиғи раисиҷумҳур ва филмҳои бисёрсериягии қаҳрамониҳои ӯро дар шабакаҳои телевизионӣ, мулоқотҳои спектаклмонанд ва паёмҳои президентиро кӯшиши эҷоди афкори умум ва назорат бар он меноманд ва мегӯянд, агар талоши ҳукумат ба ҷалби афкори ҷомеа заиф аст, сабаб бештар дар заъфи худи ин афкор мебошад. Нерӯ гирифтани афкор тақвияти вокунишро ба дунбол хоҳад дошт.

Дар ҳоли ҳозир, ба ақидаи андешаманди фейсбукӣ Бахтиёр Аминов “мубориза барои афкори ҷомеа вуҷуд надорад ва сабаб дар рушд надоштани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бепарвоии худи тоҷикистониён ба масъалаҳои ҳаёти худ аст. Мардум баъд аз ҷанги ҳамватанӣ тарсу буд, акнун онро як ҳисси ноумедӣ ва нотавонӣ фаро гирифтааст.”

Вале дар тафовут ба ин ақида, раиси созмони ғайридавлатии “Ҷавонони асри нав”, Рустам Тоҳиров мегӯяд, афкори ҷамъиятӣ вуҷуд дорад, аммо дар ду шакл – фаъол ва суст. Афкори фаъол ба тасмимгириҳои давлат таъсиргузор аст, афкори сусту пассив дар дохили худ меҷӯшад, аммо самаре намедиҳад. Вай ворид шудани фавҷи ҷавонони қарни Интернетро ба ҳаёти иҷтимоӣ “оғози раванди мусбате” меномад: “Агар одамони зиёд, ҳатто на созмонҳо, балки фақат одамони зиёд, ақидаи худро ба таври қавӣ баён кунанд, ин садо шунида хоҳад шуд. Вале агар мушкиле ҳасту дар бораи он садое нест, табъан он ҳалли худро нахоҳад ёфт.”

Сайидумар Ҳусайнӣ

Узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Сайидумар Ҳусайнӣ эътироф мекунад, ки ҳукумат ба ақидаи як бахши "шояд хурдтари аҳолӣ, ки хостҳои табъи дили ҳукуматро доранд", эътибор медиҳад ва пешниҳоди онро мепазирад, аммо ба афкори як бахши умдаи мардум, ки пайравони дини Исломанд, эътибор намедиҳад ва онҳоро “навъи ду” мешуморад. Вай меафзояд, тамоми талошҳои таъсиргузорӣ рӯйи тасмимҳои давлат дар мавриди дин, ҳатто аз тариқи порлумони кишвар натиҷае намедиҳанд. Ба ақидаи ҷаноби Ҳусайнӣ, давлат на дар пайи ҷалби афкори ҷомеа аст, балки дар пайи рахна задан дар маҳбубияти рақибонаш: "Ҳар бор, ки интихобот наздик ояд, мегӯянд, он солҳоро магар фаромӯш кардед? Ҷангро фаромӯш кардед? Медонед-а, киҳо чӣ мехостанд..."

Қонунҳои нави зидди озодиҳои диниро ҷаноби Ҳусайнӣ бахше аз ин раванд номид. Аммо мудири Маркази “Оина”, Қаҳрамон Бақозода, мегӯяд, зимнан ин ҳам яке аз вокунишҳои ҳукумат ба афкори ҷомеа мебошад: “Чун диданд, ки масҷидравии мардум дар чанд соли охир зиёд шуд, ба бастани масҷидҳо даст заданд ва ҳам ба имтиҳонгирӣ аз имом-хатибон.” Ва боз шудани сафҳаҳои интернетиро низ ҷаноби Бақозода аз чунин вокунишҳо унвон кард.

ПАЙВАНД БО МАРДУМ Ё ФАҚАТ МӮДИ РӮЗ?

Дар рӯзи дубора боз шудани Фейсбук пас аз “ҳабси якҳафтагӣ”, дар Тоҷикистон, 16-уми март, Саидмурод Фаттоев, мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа сафҳаи худро дар ин шабака боз кард. Пеш аз ӯ шаҳдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва хеле пештар сухангӯи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода фейсбукӣ шуданд. Узвият дар шабака ба онҳо имкон медиҳад, аз ҳамаи моҷароҳои он ва чизҳоеро, ки мардум дар ҳаққи ҳукумат ва раисиҷумҳур менависанд, огоҳ бошанд.

Сарвари созмони ҷамъиятии “Навгониҳои иттилоотӣ барои демократия”, Саймуддин Дӯстов бо вуҷуди таъкидаш ба рӯйи худкомагии ҳукумати Тоҷикистон ин рӯйдодҳоро мусбат меномад ва яке аз муаллифони тарҳи “ҳукумати электронӣ”, мудири Академияи шабакавии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон Асомуддин Атоев бар ин аст, ки “ҳаракате дар ҳукумат сар шудаву идома дорад”, аммо хеле нокифоя. Вай сабаби беэътиноии давлат ба афкори ҷомеаро дар он мебинад, ки зиёда аз 70 дарсади мансабдорони он солманд ва дорои мафкураи кӯҳна буда, ташаббускорӣ надоранд ва бештар аз думи воқеаҳо мераванд, то онҳоро пешбинӣ кунанд. Раҳбари “Ҷавонони асри нав”, Рустам Тоҳиров, ки созмони худро пас аз чанд мурофиаи додгоҳии зидди Вазорати адлия сабтином кардааст, мегӯяд, бо вуҷуди ин “қалъаи кӯҳнагароён” бе рахна нест ва “афкори иҷтимоии фаъол” метавонад, ин шикофҳоро ҳам барои ақидаи ҷомеа ва ҳам барои кадрҳои ҷавон тадриҷан фарохтар кунад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПОСУХ ХОҲАД ДОД?

Нома ба раисиҷумҳур фиристода шуд. Интизори ҷавоби ӯ мемонем. Шояд раҳбари мӯҳтарам бинависанд, ки то куҷо ақида ва баҳои мардум барояш аҳамият дорад. На танҳо назари ӯ ба афкори ҷомеа муҳим аст, балки ҳатто аслан, посух додан ба як номаи электронӣ. Ҳамон гуна ки дар ҷаҳони мутамаддин роиҷ аст.