Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: Ҷавононро аз мадрасаҳои хориҷӣ бозпас хонед


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми кишвар даъват кард, ки фарзандонашонро аз мадрасаҳои хориҷӣ бозхонанд, зеро аксари ин мактабҳо рабте ба ислом надоранд. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, «бачаҳои Шумо тундагрову террорист мешаванд ва ба бадхоҳу душмани миллати тоҷик табдил меёбанд».

Оқои Раҳмон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо бо кишварҳои хориҷ худи баррасӣ мекунад ва дар оянда донишҷӯёнро худ хоҳад фиристод.

Худдорӣ аз фиристодани донишҷӯён ба Покистон

Дар ҳамин ҳол Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, аз фиристодани 10 донишҷӯ ба Донишгоҳи исломии Покистон худдорӣ кардааст.

Раҷабалӣ Сангов, мудири бахши таҳсилоти байнулмилалии ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо расман бар пояи созишномаи ду кишвар бояд фиристода мешуданд, ки нашуданд:

«Шароитҳояш маълум набуд. Масалан, маълум набуд, ки онҳо дар кадом факултаҳо хоҳанд хонд. Аз ҳамин хотир мақомоти зидахли кишвар тасмим гирифтанд, ки онҳоро нафиристанд».

«Реабилитатсия»-и муҳассилини мадрасаҳои хориҷӣ

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, муҳассилини мадрасаҳои хориҷӣ пас аз бозгашт марҳалаи реабилитатсиониро хоҳанд гузашт
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, падару модароне ҳастанд, ки фарзандонашонро ба хориҷа мефиристанд, аммо назорат намекунанд, ки он ҷо онҳо бо чӣ машғул хоҳанд шуд: «Мо бояд ҳамаи онҳоро баргардонем. Онҳо марҳалаи реабилитатсиониро гузаранд. Худ дар Тоҷикистон шароити кофӣ дорем. Мо набояд онҳоро бемаблағ ва надонистани ҷои таҳсилашон ба хориҷ фиристем».

Аммо вазорати маорифи Тоҷикистон омори дақиқ дар ин мавридро надорад, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ба хусус кишварҳои исломӣ, таҳсил мекунанд. Тибқи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир 6 ҳазор нафар дар хориҷа таҳсил мекунанд, аммо расман 2 ҳазор нафар маълуманд.

Раҷабалӣ Сангов мегӯяд, аксари афроди номаълум тариқи роҳҳои хусусӣ ва низ созмонҳои тиҷоратӣ барои таҳсил ба хориҷа мераванд. Вай гуфт, иддае аз ин созмонҳоро вазорати маориф аз ҳаққи фаъолият маҳрум кардааст.

Саид Муҳаммади Ғозӣ худ ва 4 бародараш дар замони ҷанги шаҳрвандӣ донишгоҳҳои расмии Покистонро хатм кардаанд ва ҳоло фарзандонаш дар Эрон таҳсил мекунанд. Вай мегӯяд: «Дар вақташ мо ва ҳоло фарзандонамон фақат бо омӯзиши улуми исломӣ ва бар иловаи онҳо компютеру забони инглисиву дигар фанҳои дақиқ машғуланд. Хотирамон ҷамъ аст, зеро медонем, ки онҳо дар мактабҳои расмӣ мехонанд ва медонем, чӣ мехонанд».

Коршинос Абдулллоҳи Раҳнамо ҷонибдори даъвати президент аст
Назари коршиносон ба даъвати президент


Абдуллоҳи Раҳнамо, коршинос дар умури дин мегӯяд, даъвати раисҷумҳури Тоҷикистон асос дорад ва воқеан иддае аз хатмкардагони мадрасаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон мушкили амниятиву диниро ба вуҷуд овардаанд:

«Мутаассифона, таҷриба нишон дод, ки ҳамзамон бо илми динӣ, ақида, идеология ё бинишҳои сиёсиву мазҳабии дигарро ҳамроҳ меоранд. Ҳеҷ яке аз ин ақидаҳо, афкор, мактабҳои фикрию фиқҳию сиёсиро мо наметавонем маҳкум кунем. Вале муҳиту ҷомеаи Тоҷикистон якмазҳабист. Аз ин хотир, ворид шудани як мазҳаби ғайриҳанафӣ ба ин муҳит хоҳ-нохоҳ оғози як низоъ аст».

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, манзури мақомоти Тоҷикистон мадрасаҳои шахсӣ ё ғайридавлатии Покистону Эрон ва Арабистони Саудӣ аст, ки ҳатто дар худи кишварашон эътироф намешаванд.

Фарқи донишгоҳҳои расмӣ ва мадрасаҳои хусусӣ

Аммо Зоҳири Давлат, коршиноси дигари тоҷик, мегӯяд, дар оғоз бояд таърифи дурусте аз донишгоҳҳои хориҷӣ мақомоти Тоҷикистон дошта бошанд, то таҳриф накунанд:

«Донишгоҳи Азҳар»-и Миср, Донишгоҳи исломии Покистон, «Уммулқуро» ва «Донишгоҳи Мадина»-и Арабистони Саудӣ бузургтарин мактабҳое ҳастанд, ки мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ омода мекунанд. Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва мутахассисонашро бо онҳо наметавон ҳатто муқоиса кард».

Тоҷикистон тайи солҳои ахири ба мухолифатҳои мазҳабӣ дар дохили кишвар низ мувоҷеҳ аст. Коршиносон мегӯянд, агарчи ин мухолифатҳо ба зудӣ аз сӯи ҳукумат фурӯ нишонда, ҳоло мазоҳиб ва созмонҳои ғайриҳанафӣ, ба монанди Салафияву Ҳизбуттаҳрир ва Ҷамоаи таблиғ манъ шудаанд, рӯҳияҳои ифротгароӣ ва мухолифат дар заминаи ақидаҳои мазҳабӣ дар кишвар вуҷуд дорад.

Шак аз мадрасаҳои исломии Покистон

Донишҷӯёни яке аз мадрасаҳои Покистон ҳини дасрхонӣ
Як узви Ҳизбуттаҳрир мегӯяд: «Ман дар Туркия, Покистон ва Сурия таҳсил кардаам. Дар Ӯзбакистон таҳсили ибтидоии диниро гирифтаам. Мегӯянд, ки ман дар Покистон будаму ин ақидаро гирифтаам. Ман дар ҳама ҷо пайравони ин ақидаро дидам ва дар ҳама ҷо ақидаи ман мустаҳкам шудааст».

Амонуллои Ғилзай, коршиноси бахши Покистон дар Радиои Озодӣ, мегӯяд, ҳудудан 10 сол пеш мардуми Покистон ба мадрасаҳои исломӣ алоқаи зиёд доштанд, ки имрӯз надоранд, зеро акнун ба онҳо шак мекунанд:

«Вақте раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки бачаҳои мо ба ватан террористу тундгаро шуда бармегарданд, аксари мардуми Покистон бо фикри ӯ мувофиқанд. Даҳ сол пеш худи онҳо ин вазъро доштанд ва бисёре бехабар монданд, ки чӣ тавр фарзандонашон террористу тундгаро шуданд. Онҳое, ки дар ҳамин гуна мадрасаҳо аз Тоҷикистон мехонанд, фардо, бешак, тундгарову террорист шуда бармегарданд».

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, донишҷӯёни тоҷикро ба хориҷа тариқи роҳҳои худ мефиристанд, аммо нафиристодани 10 донишҷӯ ба Покистонро, ки мегӯянд, сабабҳои фаннӣ дорад, коршиносон далели мӯътамад намеҳисобанд.

Як ҳамсӯҳбати Озодӣ, аз собиқ донишҷӯён дар Покистон, мегӯяд, ба далели хароб шудани вазъ дар Покистон тарки таҳсил карда, ба ватан баргаштааст.
XS
SM
MD
LG