Ин маркази ҷадиди таҳқиқоти сосилогӣ ё омӯзиши афкори умум, ки унвони худро «Бозтоб» ниҳодааст, аз сӯи Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик ташкил шудааст.
Ин созмон бо ҳадафи таҳқиқ ва санҷиши холисонаи афкори ҷамъиятӣ вобаста бо масоил ва мушкилоти имрӯзи ҷомеаи Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Бо зикри ин матлаб Раҷаби Мирзо, муассис ва мудири Маркази таҳқиқоти сосиологии «Бозтоб» гуфт, ки ҳарчанд назарсанҷӣ ё омӯзиши афкори умум ба сифати як бахши муҳими ҷомеашиносӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз мавқеъ ва ҷойгоҳи муносибро касб накардааст, аммо дар шароити иқтисоди озод ва ҷомеаи сармоядорӣ, таваҷҷӯҳ ба натоиҷи ин гуна пажӯҳишҳо бештар хоҳад шуд. Зеро барои рушди ҷомеа, барои тағйиру таҳаввули сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиҷоративу молия ва фарҳангӣ донистани афкори умум нақши умда хоҳад бозид.
Раҷаби Мирзо афзуд, ки дар бештари кишварҳои пешрафтаи олам дар заминаи чунин назарсанҷӣ ва пажӯҳишҳои андеша ва афкори мардум барнома ва тарҳҳо таҳия ва татбиқ карда мешаванд, вале шарт ин аст, ки созмони машғул ба ин кор то чӣ ҳад тавонистааст дар омӯзиши афкори мардум ва натиҷагириву пешниҳоди он ба худи ҷомеа мунсифона ва холисона бархӯрд кардааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз коршиносони тоҷик тардид доранд, ки марокизи омӯзиши афкори омма дар Тоҷикистон барои анҷоми рисолати худ бархӯрди бетарафона дошта бошанд.
Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд аз он, ки ин созмонҳо вобастагии молӣ доранд ва аз рӯи фармоиш барнома иҷро мекунанд, наметавонанд дар натоиҷи кори худ хоҳиши фармоишгарҳоро сарфи назар кунанд.
Аммо Музаффар Олимов, раиси Маркази таҳлилии мавсум ба «Шарқ» аз нахустин созмонҳои иҷтимоии ихтисосёфта дар Тоҷикистон барои омӯзиши афкори мардум ин иддаоро рад кард.
Вай гуфт, ки дар ҳама назарсанҷиҳо, ҳатто дар назарсанҷиҳои созмонҳои маъруфи олам ҳам натиҷа ва хулосаҳо шояд бо воқеият аз ду то се ва гоҳо чаҳор дарсад тафовут дошта бошад. Аммо барои фармоишгар ва ниҳоди манфиатдор муҳим натиҷаи кори анҷомдодаи маркази тадқиқоти сосиологӣ, яъне воқеият аст, то битавонад вобаста ба он, нақша ва барномаро барои оянда омода созад. Аммо ба ақидаи оқои Олимов, афроди мавриди пурсиш дар Тоҷикистон на дар ҳама мавзӯъ он воқеиятеро, ки онҳоро фаро гирифтааст, баён медоранд.