Раиси вилоят набудани торнамо ва имейлҳои расмии ҳукумати шаҳру навоҳии Хатлонро "шармандагӣ" номид.
Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, аз раҳбарони шаҳру навоҳии ин вилоят хост, ки дар зудтарин фурсат дар шабакаи Интернет торнамоҳои худро боз ва почтаи электронӣ ё имейлҳояшонро фаъол намоянд. Зоҳиран ин ҳарфҳои Афзалов дар пайи танқиди хабарнигорон баён шудааст, ки борҳо мақомдорони тоҷикро барои надоштани сайту почтаи электронӣ мавриди интиқод қарор дода буданд.
Ӯ дар ҳузури вакилони халқи вилояти Хатлон, ки сӯҳбат мекард, гуфт, "мо дар қарни 21-ум зиндагӣ дорем. Магар шармандагӣ нест, ки моро дар расонаҳо барои надоштани торнамоҳои расмӣ танқид мекунанд?” Ҷаноби Афзалов афзуд, ин охирин ҳушдор ё огоҳии ӯ дар бозу фаъол кардани торнамоҳои расмии ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аст.
Вай аз ҳамаи мақомдорони вилоят хост, ки “дар шабакаи Интернет торнамоҳои расмии худро боз намуда, дар ин бора ба журналистон хабар диҳед.”
Мақомдорони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳанӯз ба тартиби даврони Шӯравӣ кор мекунанд. Яъне, хабарҳо ва гузоришҳои худро дар шакли нома тавассути почта ба маркази вилоят мефиристанд, ки суръати кори онҳоро сусттар мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ба ба гуфтаи Ғайбулло Афзалов, "имрӯз дар кишвар беш аз 2 миллион нафар аз шабакаи Интернет истифода мекунанд ва дар сурати мавҷуд будани торнамои расмӣ онҳо метавонанд бидуни мушкил тамос гирифта, дар бораи фаъолияти ҳамарӯзаатон маълумот ба даст оранд, ки ин ба фоидаи Шумост."
Аммо коршиносон мегӯянд, мақомдорон, ки аксари онҳо дар даврони Шӯравӣ таълим гирифтаанд, ба зудӣ бо интернет унс нахоҳанд гирифт. Онҳо мегӯянд, агар аз як сӯ барои бурдани интернет то ҳукуматҳои шаҳру навоҳии Хатлон маблағи зиёде лозим аст, аз сӯи дигар бояд кадрҳои ҷавон ба кор ҷалб шаванд, ки шеваи кор бо интернетро ба онҳо биомӯзонад.
Дар чанд соли ахир вазорату кумитаҳои давлатии Тоҷикистон торнамои худро боз кардаанд. Вале танҳо як гурӯҳ аз ин торнамоҳо фаъол буда, сайтҳои дигар ҳафтаҳову моҳҳост, ки аслан матолиб ва ё хабару санади наверо рӯи он намегузоранд.