Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон дар бораи тӯҳмат, Интернет ва ҷанги иттилоотӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки моддаҳои"тӯҳмат" ва "таҳқир"аз Қонуни ҷиноии кишвар ҳазф шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик ва дар ҳузури ҷамъе аз хабарнигорон дар Театри опера ва балети Душанбе суханронӣ мекард, гуфт, аз баҳсҳои додгоҳии миёни рӯзноманигорон ва бархе аз мансабдорон дар заминаи ин моддаҳои қонун огоҳ аст.

Ба таъбири раисиҷумҳури Тоҷикистон «на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд». Ба изофа афзуд ӯ, «баъзеҳо ҳатто ифшои камбудиҳои ин ё он соҳа ё ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеаро танқиди шахсияти худ пиндошта, изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд.»

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вазорати адлия супориш дод, ки тарҳи ислоҳотро ҷиҳати аз қонуни ҷиноии кишвар лағв кардани моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» ва ба қонунгузории шаҳрвандӣ шомил кардани онҳо омода кунад.

Дар зимн, мавҷудияти моддаҳои 135 ва 136, яъне «тӯҳмат» ва «таҳқир» дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро рӯзноманигорон яке аз мавонеи ҷиддӣ дар роҳи озодии баён ва фаъолияти босамари васоити ахбори умум арзёбӣ мекарданд. Аз ин лиҳоз, аз пешниҳоди ҳазфи ин моддаҳо аз қонуни ҷиноӣ истиқбол карданд.

Зиннатуллоҳи Исмоил
Зиннатуллоҳи Исмоил
Зиннатуллоҳи Исмоил, мудири шабакаи мустақили маъруф ба СМТ ва раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва аз иштирокдорони ин нишаст гуфт, муҳимтарин нуктаи сӯҳбатҳои раисиҷумҳур дар ин ҷаласа пешниҳоди аз байн бурдани ҳамин моддаҳо аз қонун буд. Зеро ин моддаҳо дасту пойи хабарнигоронро баста буданд. "Дар воқеъ, дар панҷ соли ахир миёни нашрияҳо ва мақомоти алоҳида хеле аз баҳсҳо дар додгоҳҳо сурат гирифтанд. Мақомот камтарин танқидро ба унвони худ ҳамчун тӯҳмат ва таҳқир қабул карда, нашрияҳро ба додгоҳ мекашиданд. Акнун ки ин моддаҳо ба кодекси маъмурӣ гузаронида мешавад, рӯзноманигорон аз ин дарди сар халос мешаванд",-афзуд ӯ.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суханронии худ ҳамчунин аз бархе мушкилоти дигари матбуоти тоҷик, аз ҷумла набуди як Ниҳоди тавзеъкунандаи нашрияҳо (почта) ёдовар шуда, иллати рӯи чоп наомадани як рӯзномаи ҳамарӯза дар кишварро ба он марбут донист. Ҷаноби Раҳмон ба масъулони Хадамоти алоқаи кишвар дастур дод, ки ҳарчи зудтар пайи ислоҳи ин камбуд шаванд.

Хабарнигорон дар бораи мулоқоти президент
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00
Линки мустақим


Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани сатҳи касбии хабарнигорон бар ташкили як Фарҳангистон (академия)-и махсуси тарбияти кадрҳои ин арса таъкид ва ҷиҳати тақдир аз заҳматҳои рӯзноманигорон таъсиси ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айниро зарур шуморид. Аз сӯи дигар, раисиҷумҳури Тоҷикистон хабарнигоронро ташвиқ кард, ки ба ҳангоми навиштани матолиб ҳамеша манофеи миллӣ ва давлатиро ба эътибор бигиранд. Ба ақидаи ҷаноби Раҳмон «танқид на дар асоси фармоиш ё ғарази муайян, балки танҳо дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод бояд сурат гирад».

Вай гуфт, "аз бисёр навиштаҳои рӯзноманигорон огоҳ аст" ва дар мавридҳои зарурӣ аз онҳо истифода кардааст. Аммо ин сӯҳбатҳои раисиҷумҳур дар ҳоле воқеъ мешавад, ки ҷамоаи рӯзноманигорӣ интизор дошт, дар мулоқоти рӯбарӯ бо раиси ҷумҳур як гуфтӯгуи озод миёни хабарнигорон ва ӯ сурат мегирад. Вале раисиҷумҳур дар ин нишаст бо сӯҳбати расмӣ иктифо карда, ҳозир нашудааст ба саволҳои хабарнигорон посух диҳад.

Олга Тутубалина
Олга Тутубалина
Олга Тутубалина, хабарнигори «Азия-Плюс» гуфт, дар воқеъ мехост бо раисиҷумҳур як сӯҳбати ошкор баргузор шавад, ки мутаассифона ин тавр нашуд. Ба қавли ӯ, «кадом баҳсу сӯҳбатҳое нашуд, мутаассифона. Мо бисёр мехостем, ки як сӯҳбат, як гуфтугӯе баргузор шавд ва шояд мо назарамонро, шояд дар бораи мушкилотамон ҳарф мезадем. Аммо нашуд.»

Вале дар ҷараёни суханронии худ раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мафҳумҳои нави сиёсӣ аз ҷумла «ҷанги иттиллоотӣ» ва «муборизаи иттилоотӣ» ёдовар шуда, гуфтааст, дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ бар зидди Тоҷикистон «як маъракаи огоҳона ва муғризона идома дорад». Аз ин ҷиҳат гуфтааст ӯ, барои танзими «фаъолияти интернет дар доираи қонунҳои байналмилалӣ» зарурат пеш омадааст.

Зимнан, ҷаласаи бахшида ба садсолагии таъсисёбии матбуоти тоҷик бо ширкати президенти Тоҷикистон бидуни ҳузури хабарнигорони расонаҳои хориҷии мустақар дар Душанбе, ба истиснои намояндагиҳо аз хабаргузориҳои русӣ, доир шуд.
XS
SM
MD
LG