Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Деҳқонони тоҷик ҳам ба "Фейсбук" меоянд?


Дар Тоҷикистон "Фейсбук" ба тадриҷ ба абзоре барои ривоҷи соҳибкорӣ табдил мешавад.

Одина Шомаҳмадов, деҳқони 55-солаи тоҷик дар байни себзори бузурге рӯи зону ноутбуки “Dell”-ро гузошта ва дар саҳифаи “Фейсбук” себҳои хубонии хоҷагии деҳқонияшро “реклама” мекунад. Вай ҷое ҳам навиштааст, ки “ҷаллобон ғам надиҳед”.

"Кош, чунин рӯз зудтар мерасид",-мегӯяд Константин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон. Аммо ӯ мегӯяд, ҳаракат ба ин самт дар Тоҷикистон оғоз шудааст, зеро ширкату муассисаҳо дар кишвар ба тадриҷ дарк мекунанд, ки “Фейсбук” василаи хубе барои тарғиби мол ё хадамот аст.

Масалан, мағозаи фурӯши майу машрубот -- “Майкада” дар Душанбе, танҳо соли гузашта ба “Фейсбук” омада ва бурд ҳам кардааст. Зафар Алигулов, корманди “Майкада” мегӯяд, "бисёр кӯмак мекунад. Вақте ягон маҳсулоти нав ба мағозаҳои “Майкада” ворид мешавад, харидорон ва кормандони сафоратҳо, ки аз Интернет истифода мекунанд, зуд аз он бохабар мешаванд."

На танҳо ин, балки назару андешаҳо ва пешниҳодҳои муштариён дар саҳифаи “Майкада” дар “Фейсбук” ба гуфтаи Зафар Алигулов ба онҳо кӯмак кардааст. Яъне, онҳо хостҳои муштариёнашро фаҳмида ва мувофиқ ба завқи онҳо амал ва хидматрасониашонро беҳтар кунанд. Нисфи муштариён ва харидорони моли як соҳибкори дигари тоҷик аз “Фейсбук” будаанд. Ҷумъа Беромоф, ки чанд сол пеш дар Душанбе хадамоти интернетии фурӯши гулро бо номи “Миллион лепестков” ба роҳ монда буд, ба шарофати омадани “Фейсбук”, тиҷораташро ривоҷу равнақ додааст. “Панҷоҳ дарсади муштариёни мо корбарони “Фейсбук” ҳастанд. Майдони асосӣ барои рекламаи маҳсулотамон “Фейсбук” аст",-афзуд вай.

Фоидаи ин шабакаи азими иҷтимоиро соҳибкорони дигар дар Тоҷикистон низ дарк карда ва дар “Фейсбук” лона мегузоранд. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба мисли “Роҳат-тур”, “ЗАРА” дар Фейсбук саҳифа ва мухлис ҳам доранд. Мағозаи “La Cite”, ресторани “Segafredo” дар Душанбе, мағозаи “Шапарак” дар Хуҷанд, намунаҳое дигар аз ширкатҳои хурду миёна аст, ки “маззаву фоида”-и Фейсбукро медонанд.

Аз ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон, провайдерҳо ва ширкатҳои телефонӣ Фейсбукро бо ҳадафи васеъ кардани бозори худ истифода мекунанд. Константин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, "Ширкатҳои бузурги мухобиротӣ фаъолона доир ба чорабиниву фаъолиятҳояшон хабар медиҳанд ва усулан аз ин абзор хуб истифода мекунанд."

Дар Фейсбук "Тселл", "Мегафон", "Babilon", "Интерком" ва дигар ширкатҳоро метавон ёфт, аммо аз бонкҳои Тоҷикистон дар ин шабака дараке нест. Шояд аз он хотир бошад, ки ба гуфтаи Константин Бондаренко, бонкҳои Тоҷикистон ба ин навъи муомила бо мизоҷони худ омода нестанд: “Онҳо, масалан, вақте як иттилоъро аз тариқи торнамоҳо паҳн мекунанд, дигар мунтазири вокуниш ба он намешаванд ва ё омодаи посух додан ба он аксуламал нестанд. Аммо “Фейсбук” минбари дутарафа аст, вақте як кас иттилоъро паҳн мекунад, бояд омодаи муколама бошад..."

Шояд бонкҳои Тоҷикистон ҳоло чизи зиёду муштариёни эҳтимолиро аз даст надиҳанд, аммо то чанд соли дигар ангушти надомат мегазанд, ки чаро Фейсбукро барои ривоҷи кори худ истифода накарданд, ки “аҳолӣ”-и он дар тамоми ҷаҳон аз 800 миллион нафар ҳам гузаштааст. Ин гуфта ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ дахл дорад, ки ба ғайр аз “Тоҷик Эйр” дигаронаш аз Фейсбук “ҳазар” мекунанд.

Нашрияву маҷаллаҳои Тоҷикистон муддатҳо пеш дар “Фейсбук” лона гузошта буданд, ба мисли “Азия-Плюс”, маҷаллаи VIPzone, “Миллат”, “Озодагон” “Имрӯз-Нюс“, “Вечерний Душанбе” ва ҳоло фаъолона дар минбарҳои он барои ҷалби хонандагони бештар “ҷавлон” мезананд.

Саҳифаҳои Радиои Озодӣ ба русӣ ва тоҷикӣ дар Фейсбук ҳам аз саҳифаҳои пурбинанда дар Фейсбук ҳастанд. Ҳоло аҳолии “Фейсбук”-и тоҷикӣ бештар аз 30 ҳазор нафар аст, ки бозори бузурге ба ҳисоб намеравад, вале бо назардошти суръати омадани мардум ба Фейсбук ва ҳам болотар рафтани суръати интернет дар Тоҷикистон ин рақам бузургтару бузургтар хоҳад шуд. Соҳибони саҳифаҳои Фейсбук ҳам аксаран мардуми Душанбе ва навоҳии наздики онанд, вале шояд рӯзе Одина Шомаҳмадов деҳқони тоҷикро ҳам дар Фейсбук меёбед, ки саҳифаашро бо акси боғи бузург ва ё себи хубонии сурху зебое оро додааст ва дастранҷи худро бе миёнаравии кадом “ҷаллоб” ба Шумо пешниҳод мекунад.
XS
SM
MD
LG