Тайи беш аз як моҳи фаъолияти сомонаи интернетии шаҳрдори Душанбе ҳудуди 950 арзу шикоят дарёфт шудааст.
Сомонаи интернетии шаҳрдори Душанбе mometavonem.tj нахустин таҷриба аз сӯи масъулини Тоҷикистон аст, ки ба хотири робитаи мустақим ва муколама бо шаҳрвандон роҳандозӣ мешавад.
Шавкат Саидов, сухангӯи ҳукумати Душанбе мегӯяд, шаҳрвандон тариқи паёмак ё смс-и телефони мобилӣ, нома ба почта ва ё паёме дар худи сомона арзу шикоят ва дигар муроҷиатҳои худро мустақим фиристодаанд: "Мардум аз мушкили таъмини об, гармӣ, газ, барқ, ҳолати санитарию тозагии шаҳр, ҳолати роҳҳо, буридани дарахтҳо, сифати кори нақлиёти мусофирбар арзу шикоятҳои худро навиштаанд. Мо аз 793 арзу муроҷиати сокинони Душанбе ба 569-тои он расидагӣ кардем."
Ба гуфтаи Саидов, ба 224 арзу шикоят, ки умдатан ба ҳолати роҳҳо рабт доранд, ба далели номусоиди обу ҳавои шаҳр расидагӣ нашудааст. Қисме ҳам ба садама ё дигар мушкилоте рабт дорад, ки на ба салоҳияти шаҳдорӣ, балки худи сокинон аст. Ҳамчунин бино ба ин манбаъ, ҳудуди 155 арзу шикоят ба сомонаи шаҳрдорӣ аз вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ворид шудааст, ки ба қаламрави масъулияти ҳукумати шаҳри Душанбе ворид намешавад.
Муҳаммадӣ Ибодуллов, сарвари созмони Ибтикори шаҳрвандии роҳандозии интернет, яке аз пуштибонони ғояи ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, таҷрибаи mometavonem.tj зарурати роҳандозии сомонаҳои ҳамсонро дар саросари кишвар ба вуҷуд овард. Аммо, ба қавли вай, иддае дар мақомот ҳанӯз дар интернет хавфро мебинанд ва таҳаввулоти замони муосирро дарк намекунанд.
"Онҳо ҳанӯз нуқтаи зарурии истифода технологияҳоро наёфтаанд. Аз технологияҳо чӣ гуна истифода бурдан ва чӣ хостанро то охир онҳо дарк накардаанд. Мо дар бораи ҳама намегӯем. Баъзеҳо онҳоро хуб истифода мекунанд, мекӯшанд, ки истифода кунанд. Аммо мақомоте ҳам то охир дарк накардаанд, ки чӣ тавр технологияҳо кори онҳоро осон мекунанд",-афзуд ӯ.
Бино ба гуфтаи Ибодуллоев, ҳоло кумитаи андоз, вазорати корҳои хориҷӣ, ҳукумати шаҳри Душанбе, маркази миллии қонунгузорӣ ва Иттиҳоди истеъмолкунандагони Тоҷикистон аз ниҳодҳое дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, ки бархе аз имконоти технологияҳои ҷадидро мавриди истифода қарор додаанд. Аммо тариқи торнамои онҳо танҳо мешавад асноди зарурӣ, аз ҷумла анкетаву намунаи ҳуҷҷатҳо барои пур карданро метавон дастрас кард, яъне мардум мустақим ба худи ниҳодҳо нарафта, онҳоро аз сомонаҳо дастрас мекунанд.
Таҷрибаи робита ва муколама бо мардум тариқи интернет дар гузашта аз сӯи сомонаҳои дигари ҳукуматӣ, аз ҷумла сомонаи президенти Тоҷикистон - president.tj ва дигар вазорату ниҳодҳо роҳандозӣ шуда буд. Аммо бо гузашти чанд сол то ба ҳол оморе дар ин маврид ироа нашудаву намешавад, ки чӣ қадар муроҷиат ба ин тариқ расидаву ба чанде аз онҳо расидагӣ шудааст.
Мӯсо Асозода, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили электронӣ ё ТаҷАНЭСМИ мегӯяд, истифода шудани технологияҳо ба ин ҳам вобаста аст, ки то куҷо дар ин ё он идора ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад: "Дар кадом сатҳ истифода бурда
мешаванд дар ҳукумат ин масъалаи муҳим аст. Вақте мардум муроҷиат мекунанд, онҳое, ки масъалаи сомонаҳоянд, бояд ба раҳбарони зарурӣ ин муроҷиатҳоро расонанд. Онҳо масъуланд. Аммо ҳукумат бояд аз интернет бояд аз интернет дуруст истифода кунад, зеро расидагӣ ба мушкилотро хеле содда мекунад."
Тибқи маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, шумораи корбарони интернет дар кишвар, бо шумули корбарони мобилии Интернет, дар оғози соли 2012 ба 1,8 миллион нафар расидааст, ки тақрибан 24% аҳолиро дарбар мегирад. Аммо тибқи иттилои манобеи мустақил ин рақам ҳоло 35% арзёбӣ мешавад.
Коршиносон мегӯянд, афзоиши рӯзафзуни корбарони интернет дар Тоҷикистон зарурати тарҳи вижаи қаробат бо мардум тариқи интернет, ё ҳукумати электрониро бештар мекунад ва муносибатҳои ҳукумату мардумро ба сатҳи дигар мебардорад. Суол ҳам ҳоло ин аст, ки то куҷо ҳукумати Тоҷикистон ба ин таҳаввулот омода хоҳад буд?