Манзура Давлатова, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Тюмен зиндагӣ дорад, мегӯяд, ба кӯмаки ҳамватанон ниёз дорад.
Вай дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, соле пештар бо даъвати шаҳрванди Русия Людмила Анатолевна аз Қазон ба шаҳри Тюмен омадааст. Ӯ афзуд, Людмила ваъда кардааст, ки барои ҳар рӯзи кориаш 1 000 рубли русӣ медиҳад. Бар илова пули иҷораи хона ва ҳам маблағи таҳсили фарзандонашро пардохт мекунад.
Вале ҳамон тавре Манзура Давлатова нақл кард, ин "ҳамкорӣ" дер давом накарда, ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст. "Рӯзи 7-уми март омада ва гуфт, ки ман аз касе қарздор нестам ва ба касе ягон тин пул намедиҳам. Ман дар манзили иҷора нишастаам. Соҳиби хона аз ин корҳо дарак надорад. Чанд бор занг зад. Ман то 19-уми март бояд 15 ҳазор пули иҷораи хонаро супорам. Ду кӯдаки хурдсол дорам. Духтарчаам 10-сола аст дар мактаби ҳамин ҷо мехонад. Ҳоло метарсам, ки бо ин духтарча ва ду писари дигарам дар кӯча мемонем",-гуфт Манзура Давлатова.
Радиои Озодӣ: Он занеро, ки Шуморо аз Қазон даъват кард ва ба ин ҷо овард, аз қабл мешинохтед?
Манзура Давлатова: "Мешинохтам, пештар мо дар шаҳри Сургут якҷоя кор мекардем. Се сол якҷоя кор кардем. Ман имрӯз каме дар интернет ному насаби ин занро кофтам. Вай барои корҳои фиребгарӣ дар пайгард (розиск) будааст."
Радиои Озодӣ: Шумо пеш аз он ки ба Тюмен биёед, медонистед, ки ин зан дар ҷустуҷӯ қарор дорад?
Манзура Давлатова: "Не, не, намедонистам. Вай аз шаҳри Сургут барвақттар омада буд. Худаш аслан аз шаҳри Омск аст. Дар Омск ҳам дар ҷустуҷӯ будааст. Ман онро намедонистам. Вале имрӯз, ки ин бало ба сарам омад, дар интернет ҷустуҷӯ кардаму ёфтам. Ному фамилияашро, ки медонистам, дар интернет задам, ҳамаи ин чизҳо баромад."
Радиои Озодӣ: Акнун бо кӯдаконатон чӣ кор хоҳед кард? Оё касе аз ин вазъи Шумо хабар дорад?
Манзура Давлатова: "Бо кӯдакон як илоҷ ҳаст. Чизу чораатро ҷамъ мекунӣ ва дар сари кӯча баромада меистӣ. Дигар ман ин ҷо ягон шинос надорам. Намедонам..."
Пас аз гӯфтугӯ бо Манзура Давлатова намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар минтақаи Урал Шоҳназар Табаровро телефонӣ пайдо кардем ва пурсидем, ки оё намояндагии ин Хадамот дар минтақаи Урал ба Далатова метавонад кӯмак кунад?
Шоҳназар Табаров: "Агар ин кор дар Тюмен шуда бошад, Тюмен аз мо қариб 400 километр дур. Вале ман ҳозир дар шаҳри Екатеринбург. Дар Тюмен ҷамъияти тоҷикон ҳаст. Имрӯз, иншооллоҳ, ман ҷамъиятро меёбам, телефонҳоро насиб бошад ба вай медиҳам. Бо вай ҳамсӯҳбат мешавем. Дар назорат мегирем ва кӯмак мекунем."
Радиои Озодӣ: Шумо бовар доред, ки ин зан дар кӯча намемонад ва ба ӯ кӯмак мекунед?
Шоҳназар Табаров: "Иншооллоҳ, ман бо ҷамъиятҳо маслиҳат мекунам, ҷо ба ҷо мешавад. Вазифаи мо хидмат ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст, фарқ надорад аз кадом минтақа. Касе, ки бошад муроҷиат кард, ана ба воситаи шумо баромадааст, Худо хоҳад кӯмак мекунем. Ҷо ба ҷо мекунем. Боз телефонаш, ки ҳаст, Шумо ҳамсӯҳбат мешавед..."