Ин хабар рӯзи панҷшанбе дар як нишасте бахшида ба дастгирии тарҳи Мусоидати виртуалӣ ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе садо дод. Ин нишаст бо ташаббуси, «Маркази ҳуқуқи инсон», созмони ҷамъиятии «Переспектива+», Академияи рушди шабакавии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон доир гардида, намояндагони муассисаҳои марбут ба муҳоҷират ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз минтақаҳо ширкат карданд.
Ташаббускорони ин нишаст ба хулосае омаданд, ки дар мавриди истифодаи фанновариҳои нави иттилоотӣ, шабкаҳои иҷитимоӣ ва куллан интернет барои мусоадат ба кору зиндагии муҳоҷирон ва роҳҳои таъмини муҳоҷирон бо иттилоот як консепсияи корӣ дошта бошанд.
Мудири Академияи шабакавии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, Асомуддин Атоев, ки яке аз масъулони ин ҳамоиш аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкаткунандагони он ба натиҷае расиданд, ки на танҳо муҳоҷирон, балки шаҳрвандони кишвар, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба иттилои дасти аввал ва дақиқ дар бораи вазъи муҳоҷирон, қонунҳои муҳоҷирати кишварҳои гуногун эҳтиёҷ доранд. "Пешниҳодҳо дар мавриди дастгирии маҷозии муҳоҷирони корӣ идома дорад. Бо назардошти талаботи дохилӣ ҳам, эҳтимол меравад, ки боз кардани ҷаҳони интернетии хадамот аҳамияти бузург дошта бошад"
Аз барномаҳои амалӣ ва наздик ҷаноби Атоев ба таъсиси торнамо ё сомонаи вижае барои дастгирии муҳоҷирон ишора кард. Вай гуфт, "муҳоҷирони тоҷик аз замони вориди Русия шудан ба мушкилоти зиёди марбут ба аснод рӯ ба рӯ мешаванд, ки барои ба даст овардани онҳо харҷи зиёд сарф мекунанд. Ҳатто, масалан, як муҳоҷир тоҷик пеш аз рафтан санади ташхиси тиббии дохилиро мегирад, аммо Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия ин санади тиббии кишвари моро қабул надорад. Муҳоҷир маҷбур аст, ки харҷи дубора карда ба ватан баргардад. Касе фикр намекунад, ки чунин санадро ба воситаи Интернет ҳам гирифтан мумкин аст.»
Ширкаткунандагони ҳамоиш ба он низ ишора мекунанд, ки ба воситаи торнамоио нав муҳоҷирони потенсиалӣ метавонанд ҳанӯз пеш аз сафар бо қонунҳои Русия ошно шаванд ва ҳам дар бораи ҷойҳои кори холӣ дар минтақаҳо маълумот ба даст оранд.
Дастгирии маҷозӣ ё худ шабакавӣ тарҳи вижаест, ки дар ҳоли роҳандозӣ шуданаш метавонад ҳам манзараи умумии муҳоҷиратро рӯшан кунад, ҳам сабаби афзоишии масъулияти мақомоти марбута дар робита ба таъмини ҳуқуқи муҳоҷирон гардад ва хизматрасонии иноватсиониро ба муҳоҷирон густариш диҳад.
Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки камсаводии муҳоҷирон наметавонад, монеаи истифодаи фанновариҳои иттилоотӣ шавад, зеро барои корбурди онҳо саводи зиёд зарур нест. Афзун бар ин, иттилоот ва технология хароҷоти муҳоҷиронро даҳчанд камтар мекунад. Ҳатто, ҷойи робита бо телефони мобилро ҳам интернет гирифта метавонад.
Яке аз талаботҳои аслии ин тарҳ он, аст, ки хизматрасониҳои маҷозӣ-интернетӣ 24 соат дар хидмати шаҳрвандон хоҳад буд. Санадҳое, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ лозим мешаванд, метавонад, ки аз тариқи интернет фиристода ё пазируфта шавад ва торнамоио ягона метавонад ҳамаи тарафҳо ва бахши умдаи муҳоҷиронро ба ҳам васл намояд.