Президенти Тоҷикистон ва ҳамтои руси ӯ зимни як сӯҳбати телефонӣ равобити миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.
Бино бар иттилои торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин гуфтугӯ нимаи дуввуми рӯзи 25-уми феврал бо ташаббуси ҷониби Русия ба вуқӯъ пайваста, ду раҳбар дар ҷараёни он “масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳояшон ва дурнамои рушди онҳоро дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, мавриди муҳокима қарор доданд.”
Ин манбаъ меафзояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ҳамчунин дар бораи масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули афкор намудаанд.
Ҳамкориҳои минтақавӣ ва зарурати ҳамоҳангсозии он, аз мавзӯъҳои дигари гуфтугӯ миёни раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия будааст.
Гуфтугӯи Дмитрий Медведев бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити ду кишвар дар чанд соли ахир бо печидагиҳое ҳамроҳ будааст ва дар пайи қазияи халабонҳои ширкати русии “Ролкан Инвестмент ЛТД” боиси таниши тунде шуд. Русия ба дунболи ҳабси ду халабони ширкати "Ролкан" дар Тоҷикистон, ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламраваш оғоз намуд. Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар он шабу рӯз боздошт шуданд.
Дар пайи пофишориҳои Маскав моҳи ноябри соли гузашта додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ду халабони ширкати русиро ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва нақзи меъёрҳои байнулмилалӣ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум карда буд, маҷбур шуд, онҳоро афв намояд.
Масъалаи дигари мавриди баҳс миёни ду кишвар сари пойгоҳи 201, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар ҷаҳон мебошад, ки аз ду сол ба ин сӯ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон идома дорад. Бино ба бархе манобеъ, бар иловаи мӯҳлат ва иҷорапулӣ – нуктаҳои асосии баҳси ду ҷониб, ҳамчунин ҳамкориҳои низомии миёни ду кишвар, аз ҷумла таслими таслиҳоти низомӣ ба артиш бо нархҳои қобили қабул ва ҳам тобеияти муайяни пойгоҳ ба ҳукумати Тоҷикистон низ мавриди баҳс будааст.
Бино ба гуфтаи манобеи ғайрирасмӣ, Тоҷикистон мехоҳад аз будубоши он 300 миллион доллар иҷорапулӣ гирад.
Аммо ба назари коршиносони рус, Русия ба ҳеҷ ваҷҳ бо пардохти маблағ иҷораи пойгоҳаш дар Тоҷикистонро қабул надорад, зеро то кунун ҳамчунин созишнома ба ҳамин мӯҳлатро бо Қирғизистон бастааст ва дар ҳоли ризоият бо шарти Душанбе, Қирғизистону Арманистон ва Озарбойҷон низ маблағ тақозо хоҳанд кард.