Муддаиёни курсии президентии Русия дар барнома ва дар маъракаҳои таблиғии худ аз ин мавзӯъ ба нафъи хеш истифода мекунанд. Аммо гоҳо дар гармогармии корзори интихоботӣ сӯҳбатҳое мекунанд, ки ифодакунандаи мавқеъ ва баёнгари барномаҳои гурӯҳҳои нажодпараст ва миллатгарои ин кишвар аст.
Ахиран Михаил Прохоров, яке аз муддаиёни мақоми олии Русия, низ гуфт, дар сурати пирӯзӣ барои ҷилавгирӣ аз раванди муҳоҷират ба Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ва ё визаро ҷорӣ хоҳад кард.
"Қарта"-и муҳоҷирати меҳнатӣ дар корзори интихоботии Русия ба як навор ва ё рекламаи таблиғие табдил шудааст, ки дар истифода аз он довталабони курсии президентӣ риояи меъёрҳоро зарур намешуморанд, агарчӣ бархе аз ҳарфҳои ин номзадҳо метавонад барои Русия ба унвони як кишвари абарқудрат оқибатҳои ногуворе дошта бошад.
Бино бар омори расмӣ, дар соли гузашта беш аз 750 000 сокини Тоҷикистон барои ёфтани кор ва даромад ба Русия сафар кардаанд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро наздик ба 2 миллион нафар медонанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ, 65 дар сади ҷавонони тоҷик солона барои кор ба Русия мераванд.
Бо он ки Владимир Путин, номзаде, ки дар пирӯзиаш кам касе шубҳа дорад, аз роҳандозии раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ намекунад. Вале шиддат бахшидани шароити ҳузур ва фаъолияти муҳоҷирони кориро баъди ғалаба ваъда кард. Бақия номзадҳои интихоботӣ аз ҷумла Владимир Жириновский ва ахиран Михаил Прохоров бо сароҳат эълон доштанд, ки танҳо роҳи халосӣ аз ҳузури чандмиллионаи муҳоҷирони корӣ ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказист.
Дар вазъияте, ки Русия равобити бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Аврупо ва Амрикоро намехоҳад ва ин минтақаро ҷавлонгаҳи ҳузури худ шуморидааст, чунин баёнияҳо масъулини ин кишварҳоро барои ҷустуҷӯи шарикони нав таҳрик нахоҳад дод? Аз сӯи дигар, дар шароите, ки Русия бо мушкилоти камбуди нерӯи кор ва пиршавии аҳолӣ рӯбарӯст, ин ҳарфҳо танҳо ба маънои бозиҳои интихоботӣ нестанд?
Ба ақидаи Ойниҳол Бобоназарова, аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки ҳамасола аз чандин шаҳру навоҳии Русия дидан мекунад, аз ҷониби довталабҳои мақоми президентӣ доғ нишон додани масъалаи муҳоҷират танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи раъйдиҳанда сурат мегирад. Хонум Бобоназарова мегӯяд, мардуми одии Русия бо муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик кадом мушкиле надоранд.
Вале азбаски баъзе аз шахсиятҳо дар Екатеринбург тоҷиконро ҳамчун қочоқбари маводи мухаддир муаррифӣ кардаанд, Михаил Прохоров вобаста ба хостаҳои ҳамон аудитория ва ё электорат чунин изҳороте додааст. "Ман бовар дорам, ки агар Прохоров президент шавад, ин масъаларо ҳеҷ гоҳ матраҳ намекунад. Баъзан номзадҳо ҳарфҳое мезананд, ки ба худи онҳо маъқул нест. Ин "қарта" он қадар қартаи хуб барои интихобшавандаҳо нест. Аммо ба ҳар ҳол як бозие ҳаст, ки ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад. Мисле, ки парвандаи халабонҳо буд ва баъди он масъалаи генотсиди русҳо дар Тоҷикистонро ба бозӣ кашиданд. Ин ҳам идомаи он бозиҳост. Вале он ба мардуми одии Русия дахл надорад",-афзуд ӯ.
Аммо Исмоил Талбаков, ки дар авохири соли гузашта бо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мулоқот доштааст, мегӯяд, Русия бидуни муҳоҷирони корӣ наметавонад рӯи по истад. Аз тарафи дигар маҳз муҳоҷирон ҳастанд, ки интегратсия ё ҳамгироии Русия бо кишварҳои Осиёи Марказиро амалан ба ҳоли иҷро гузоштаанд. Ҷаноби Талбаков мегӯяд, ҳар чи қадар ки Русия шароити ҳуқуқии муҳоҷирони кории ин минтақаро беҳтар созад, ҷойи пойи худро дар Осиёи Марказӣ қавӣ месозад. Дар сурати ғайр, дигарон метавонанд ҷойи ӯро бигиранд.
Вай гуфт, "имрӯз Русия сарфи назар аз захоири иқтисодӣ ва табииаш ба муҳоҷирони меҳнатӣ на танҳо аз Тоҷикистон аз дигар кишварҳо ҳам ниёз дорад. Кадом нерӯи сиёсие, ки дар дурнамои рушди иқтисодиву сиёсиву фарҳангии Русия саҳмгузор мебошад, яке аз таҳдоби асосии он истифодаи васеи муҳоҷирони меҳнатӣ аст, ки муносибатҳои интегратсиониро таъмин менамояд."
Вале новобаста аз мавқеъгирии муддаиёни интихоботии Русия мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар ҳамеша боқӣ мондааст. Мирҳусейн Назриев, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, ҳеҷ кишваре дигар омода нахоҳад буд, ки ин шумора аз лашкари муҳоҷиронро бипазирад. Аммо масъала инҷост, ки мушкили тоҷикони дар суроғи корро набояд дар Русия, балки дар худи Тоҷикистон ҳал кард, то шумораи онҳо сол ба сол коҳиш биёбад, на афзоиш пайдо кунад. "Имкон надорад, ки ҳукумати Раҳмон барои шаҳрвандони тоҷик дар Русия ҷойи кор бисозад. Ба ин кор талош кардан ҳам мантиқӣ нест. Вақти он расидааст, ки ҳукумат бештар барои бо ҷойҳои корӣ таъмин кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ватани худашон чораҳо биандешад",-илова кард Назриев.
Ба ин тартиб, бештари коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик бар ин андешаанд, ки ба бозӣ кашидани "қарта"-и муҳоҷират аз сӯи номзадҳои интихоботи президентии Русия бархоста аз воқеиятҳои ин кишвар аст. Вале ин мушкил на дар маъракаи интихобот, балки дар миёни ҳукуматҳо ҳал хоҳад шуд, албатта, агар ҳукумат то ба имрӯз дар ин масъала ба кадом муваффақияте даст ёфта бошад.
Натоиҷи назарсанҷии ахири созмони давлатии ВТСИОМ ҳокист, ки сарвазири Русия Владимир Путин бо касби 58 дарсади оро шояд алакай дар даври аввали интихоботи 4 март ғолиб биояд. Ҷои дувумро дар ин назархоҳӣ раҳбари коммунистҳои Русия Геннадий Зюганов гирифтааст. Вориси Путин – Дмитрий Медведев – дар интихоботи соли 2008 қариб 70 фоиз раъй ба даст оварда буд. Вале Путин дар ин авохир ба мавҷи эътирозҳо рӯбарӯ шуда, мизони маҳбубияташ низ батадриҷ коҳиш меёбад. Путин чанде пеш гуфта буд, ки ба даври дувум кашидани интихобот суботи сиёсии Русияро тахриб мекунад.
Натиҷаҳои назарпурсӣ нишон медиҳад, ки 4 номзади дигар аз Путин хеле ақиб мондаанд. Онҳо Геннадий Зюганов-раиси Ҳизби Куммунисти Русия, Владимир Жириновский-сиёсатмадори миллатгаро, Михаил Прохоров-миллиардери рус ва Сергей Миронов-намояндаи порламони Русия мебошанд.
Яке аз ҷонибдорони Владимир Путин ба Кумитаи марказии интихоботи Русия шикоят бурда ва хостори ба ҷавобгарӣ кашидани Толибҷон Қурбонхонов шудааст, ки дар ҳаққи Путин бо номи "ВВП" таронаи таблиғотие сурудааст. Воронин иддао дорад, ки шаҳрванди Тоҷикистон бо иҷрои таронаи "ВВП" нуфузу обрӯи Владимир Путинро поин бурдааст. Вай дар номаи шикоятии хеш ба Кумитаи марказии интихоботи Русия навишта, ки "ҷаноби Қурбонхонов бо часпонидани ибораҳои "фиристодаи Худо", "фарзанди халқ", "варзишгари беҳтарин" ба номи Путин, ӯро рӯйирост таҳқир намудааст." Илова бар ин, ӯ гуфтааст, ки суруд бо лаҳҷаи осиёимиёнагӣ иҷро шуда, қоидаҳои талаффузи забони русӣ дағалона вайрон гардидааст.