Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи Путин ба ширкати Русия дар ҷанги Тоҷикистон


Владимир Путин, нахуствазири Русия
Владимир Путин, нахуствазири Русия

Владимир Путин, сарвазири Русия гуфтааст, маҳз артиш дар солҳои душвори 90-ум Русияро наҷот дода буд.

Владимир Путин дар мақолаи нав ва муфассали худ дар “Российская газета” дар ситоиш аз амалкарди артиши кишвари худ навиштааст, "сарбозону афсарон дар лаҳзаҳои ҳалкунанда тавоноии артишро ҳифз карданд ва агар зарур меомад, меҷангиданд, рафиқони худро аз даст медоданд ва ғалаба мекарданд. Дар Қафқози Шимолӣ чунин шуд, дар Тоҷикистон ва нуқоти дигари доғ.”

Бо ин изҳорот Владимир Путин ширкати артиши Русияро дар ҷанги Тоҷикистон тасдиқ кард. Ҳол он ки қаблан мудохилаи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон рад карда мешуд ё худсарии афсарону сарбозон унвон мегашт.

Дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 бар изофаи артиши 201, Русия ҳамчунин марзҳои Тоҷикистонро назорат мекард. Нерӯҳои марзбонии Русия борҳо бо нерӯҳои мухолифини тоҷик вориди даргирӣ шудаанд ва хисороти ҷонӣ низ доштанд. Афзун бар ин, дар ин солҳо бахше аз нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон бо дархости ҳукумати Тоҷикистон рисолати Нерӯҳои посдори сулҳро иҷро мекарданд.

Ин навиштаи Владимир Путин, нахуствазири Русия дар ҳолест, ки Думаи давлатии Русия соли гузашта ба сарбозоне, ки дар солҳои 1992-1997-ум дар низои дохилии Тоҷикистон саҳм гирифтаанд, мақоми собиқадори ҷанг дод ва ҳамин тариқ ин афсару сарбозон аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархӯрдор шуданд.

Ин имтиёзҳо нафақаи болотари бознишастагӣ, дастрасии соддатар барои соҳиб шудан ба манзил, истифодаи ройгон ё бепул аз нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти арзонтари хидматгузориҳои коммуналӣ ба мисли пули барқ, об, телефон, таъмири манзилро дар бар мегиранд.

Дар бархӯрдҳои низомии солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон 33 ҳазору 600 низомии рус ширкат варзидаанд, ки аз ин миён беш аз 26,5 ҳазорро вазорати мудофиаи Русия ва ҳафт ҳазори дигарро Хадамоти Федералии Амнияти ин кишвар (ФСБ) ба Тоҷикистон фиристода буданд.

Дар замони муқовиматҳои дохилӣ дар Тоҷикистон 302 низомии ин кишвар кушта ва ҳудуди 400 тани дигар захм бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG