Меҳмондории скинхед ба тоҷикон обрӯ наовард

Максим Мартсинкевич, маъруф бо лақаби "Тесак"

Талоши як гурӯҳ барои боло бурдани имиҷи Тоҷикистон дар назди мардуми Русия натиҷаи баръакс додааст.
"Маркази имиҷсозӣ барои Тоҷикистон" бо даъвати яке аз сартарошидаҳои рус талош кард, то ӯро бо ҳаёти мардуми кишвар ва таъриху тамаддуни он ошно бикунад. Вале маълум мешавад, ки тирашон ба хок хӯрдааст.

Ахиран Максим Мартсинкевич, маъруф бо лақаби "Тесак", ки барои даъват ба куштори мардуми ғайрирус, аз ҷумла тоҷикон зиндонӣ шуда буд, чаҳор рӯз дар Тоҷикистон зист ва меҳмони фаъолони "Маркази имиҷсозӣ барои Тоҷикистон" буд.

"Тесак" пас аз бозгашташ ба Маскав таассуроти худ аз Тоҷикистонро дар радиои интернетияш нақл кард. Максим ба ҷои тарғиби меҳмоннавозӣ ва меҳрубониҳои тоҷикон баръакс дар навиштаҳову гуфтаҳояш онҳоро ба риштаи тамасхур кашидааст.

Аз ин рӯ, шояд нафароне, ки Максимро тайи чанд рӯз дар Тоҷикистон меҳмоннавозӣ карданд, иштибоҳи хешро дарк карданд ва бинобар ин аз тамос гирифтан бо хабарнигорон худдорӣ намуданд. Кӯшишҳои мо низ барои дарёфти ин "меҳмоннавозон" бар абас рафт.

Хабари ба Тоҷикистон даъват шудани "Тесак", скинхед ё тоссари рус, ҷомеаи интернетӣ ва матбуоти тоҷикро ба по хезонд. Махсусан, дар шабакаи Фейсбук баҳсҳои шадид идома доранд. Аксари фейсбукиҳо ба ин назаранд, ки пазируфтани ин скинхед як иштибоҳи бузурге буд ва ниҳодҳои Тоҷикистон набояд ӯро пазироӣ мекарданд.

Ҷои зикр аст, чанде қабл аз номи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабаре паҳн шуда буд, ки ин ниҳод ният дорад як гурӯҳ скинхедҳоро дар ҷашни Наврӯз ба Душанбе даъват кунад, вале баъдан хадамот ин хабарро рад кард.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон низ гуфт, дар бораи "Маркази имиҷсозӣ барои Тоҷикистон" хабар дорад, вале ҳамзамон афзуд, ки фаъолияти ин марказ дар назорати хадамот нест.

Ба қавли масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гурӯҳи ҷавонони ташаббускор, ки маркази имиҷсозиро таъсис додаанд, тариқи шабакаҳои интернетӣ ва ба таври виртуалӣ ё маҷозӣ фаъолият доранд. Ҳоло ин марказ чаҳор тарҳро баррасӣ дорад, ки боло бурдани обрӯ ва нуфузи муҳоҷирони тоҷик дар хориҷа, тағйири тасаввуроти шахшуда нисбат ба онҳо ва наворбардорӣ кардани роликҳо барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва нуфузи муҳоҷирон аз ҷумлаи онҳо будааст.