Аз ҷумла, дар раҳпаймоии миллатгароҳо дар шаҳри Маскав беш аз 10 ҳазор нафар иштирок карданд.
Миллатгароҳои рус дар ин раҳпаймоиҳои худ бар зидди Қафқоз ва мусулмонон шиор доданд. Аксари онҳо дар даст шиорҳои "Русия барои русҳо", "Маскав шаҳри русҳост", "Русҳо ба пеш", "Нон додан ба Қафқоз кофист" ва "Нет исламизации" боло бардошта буданд.
Баргузории ин раҳпаймоии милатгароҳои рус, ки аз қабл тариқи расонаҳо эълон шуда буд, як идда аз муҳоҷирони кории тоҷикро, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия кору зиндагӣ мекунанд, нигарон кардааст.
Инъомҷон Самиев, як муҳоҷири кории тоҷик дар Маскав, ки ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекунад, рӯзи чаҳоруми ноябр аслан ба кор набаромад ва дар манзили худ буд: "Имрӯз дар кӯчаҳои шаҳри Маскав скинхедҳо хеле зиёд буданд ва гаштугузор барои муҳоҷирон аз Осиёи Миёна ва мардуми Қафқоз хеле хатарбор буд. Бинобар ҳамин, мо ба берун набаромадем."
Оқои Самиев мегӯяд, соли гузашта чанд нафар аз муҳоҷирони тоҷик маҳз дар ҳамин рӯз аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгарои рус мавриди лату кӯб карор гирифта буданд. Ӯ афзуд: "Кору зиндагӣ дар Маскав барои миллатҳои ғайрирус хеле хавфнок аст. Аҳолии маҳаллӣ вақтҳои охир нисбат ба намояндагони дигар миллатҳо нафрати зиёд пайдо кардаанд."
Дар ҳамин ҳол, Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав гуфт, воқеан солҳои ахир муносибати сокинони таҳҷоии пойтахти Русия нисбат ба мардуми дигар миллатхо бадтар шудааст ва чунин раҳпаймоиҳо низ аз ҷониби аҳолӣ низ пуштибонӣ меёбад: "Муҳоҷирони тоҷик ба ягон гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нестанд. Вале дафъаҳои ахир дар муқобили муҳоҷирони кории тоҷик як сиёсати олуда ба ғараз пиёда мешавад."
Раҳпаймоӣ зери унвони “Марши русӣ” дар Русия шурӯъ аз 4 ноябри соли 2005 ҳар сол баргузор мешавад. Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Русия, ки 6 сол пеш ҷорӣ шуд, чун ҷойгузини рӯзи таҷлили инқилоби болшевикии соли 1917 дар таърихи 7 ноябр қайд мешавад.