Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Намоиши қудрат"-и миллатгароён дар Русия


Шиорҳои онҳо чунин буд: “Русия барои русҳо” ва “Маскав шаҳри русӣ” ва ҳам “Муҳоҷирони имрӯза - ишғолгарони фардо”.

Бо ҳамин шиорҳо рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар дар пойтахти Русия ва дигар шаҳрҳои кишвар раҳпаймоӣ карда ва ҳамингуна Рӯзи ваҳдатро таҷлил намуданд.

Танҳо як ҳошияи шаҳри Маскав, шоҳиди раҳпаймоии бештар аз 5 ҳазор нафар, вале ба гуфтаи баргузоркунандагонаш 25 ҳазор нафар шуд, ки парчамҳои қадимии русӣ дар даст доштанд ва аз ҷумла чунин шиор медоданд: "Россия для русских, Москва для москвичей."

НАМОИШИ ҚУДРАТИ МИЛЛАТГАРОЁНИ РУС

Раҳпаймоӣ дар маҳалли Люблянаи Маскав, ки афроди зиёдеро ҷамъ овард ва аз ҳузури тақрибан 10 ҳазор нафар дар онҷо сӯҳбат мекунанд. Дар миёни ин мардум, афроди сартарошида ба назар мерасид ва бисёре аз ҷавонон ҳам рӯи худро бо ниқоб пӯшонда буданд.

"Марши русӣ"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:17 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Маскав, баъзе аз онҳо дағалона рафтор мекарданд ва нерӯи худро ҳам бо ҳаракатҳои варзишӣ намоиш медоданд. Аз раҳпаймоӣ шиорҳои фашистони олмонӣ низ ба гӯш мерасид, агарчӣ ин гуна шиорҳо ҳамовозии зиёде намеёфт.

Барои таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз хушунат, ки ҳамвора як ҷузъи раҳпаймоии миллатгароёни рус будааст, мақомоти Маскав, ба истилоҳ лашкари бузурге аз милисаву нерӯҳои махсусро сафарбар карданд ва чархболе ҳам дар фазои Маскав дар парвоз буд.

САРЧАШМАИ ИЛҲОМИ МИЛЛАТГАРОЁН ДАР КУҶОСТ?

“Раҳпаймоии русӣ” ҳар сол дар рӯзи ваҳдати миллии Русия баргузор мешавад, ки 6 сол пеш эълом шуд. Раҳпаймоии имсола дар аёме аст, ки дар Русия тамоюли манфӣ нисбат ба муҳоҷирони Қафқоз ва муҳоҷирони кории хориҷӣ авҷ гирифтааст.

Бар асоси омори маркази ҳомии ҳуқуқи “Сова” дар Русия, сар аз соли равон то кунун дар ин кишвар дар ҳамлаҳо дар заминаи бегонаситезӣ, 18 нафар кушта ва 109 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Таври маълум муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, қафқозиҳо ва миллатҳои ғайрирус аксаран қурбони дасти миллатгароёни рус бахусус сартарошидаҳо мешаванд.


Гурӯҳҳои ифротии бегонаситез ҳам дар замони ҳукмронии Владимир Путин илҳоми бештар гирифтанд, ки бо ҳадафи эҳёи Русия бузург идеяи миллатгароиро тарғиб мекард. Аммо онгуна, ки Эмил Пайн, мудири Маркази мутолиоти сиёсатҳои этникӣ ва минтақавӣ ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, чунин рафтори сиёсатмадорони рус бар зарари кишварашон аст: "Боз ҳам шиддат гирифтани тамоюли миллатгароӣ барои Русия фавқулодда хатарнок аст. Манзури ман ин нест, ки авҷ гирифтани миллатгароӣ метавонад, сабаби аз ҳам пошидани Русия шавад, ман ин эҳтимолро бисёр кам медонам. Аммо тундрав шудани нерӯҳои миллатгарои рус ва ғайрирус, ё ҷараёнҳои дигар ба мисли ҷараёнҳои динӣ таҳдиди афзоянда аст, ки ин тамоюлро тамоми марказҳои таҳқиқи афкори умум нишон медиҳанд. "

Ба гуфтаи Эмил Пайн, ҳар як раҳпаймоии навбатии миллатгароён дар Русия, эҳсоси миллатгароиро дар ин кишвар тақвият мебахшад. Ба гуфтаи ӯ ҳоло вазъ ба ҳадде расидааст, ки бисёре аз нерӯҳои сиёсии Русия дар пайи он ҳастанд, ки дили бахшҳои миллатгаро дар ҷомеаи кишварро ба даст биёранд.

БЕГОНАСИТЕЗӢ ДАР РУСИЯ РӮ БА АФЗОИШ АСТ

Дар остонаи раҳпаймоӣ гурӯҳҳои миллатгароёни рус сари интихоби шиор баҳс доштанд. Шиори аввал “Хӯрондани Қафқоз кофист” буд ва шиори дуввум ҳам “Русия бе Қафқоз Русия нест.” Эмил Пейн ихтилофи назар бар сари интихоби шиор дар миёни гурӯҳҳои миллатгароро ҳам кори дасти ҳукумати Русия медонад: "Тағйири шиор кори худи гурӯҳҳои миллатгаро нест, ин фармудаи боло аст ва талоше барои тадбили "Раҳпаймоии русӣ" ба "раҳпаймоии Руссия" аст. Ва ин як баёнгари ҷабҳаи дигар барои ҳимоят аз Владимир Путин аст ва барои ҳамин шиорҳоро иваз мекунанд. Барои ҳаракатҳои миллатгароии оммавӣ дар Русия мухолифат ба Қафқоз ҳадафи аслӣ аст."

Эмил Пайн мегӯяд, сабаби аслии авҷ гирифтани миллатгароӣ дар Русия, маҳдуд шудани озодиҳои шаҳрвандӣ ва беадолатии мавҷуд дар ин кишвар аст: "Миллатгароӣ барои он авҷ мегирад, ки фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ маҳдуд аст. Имконоти иқтисодӣ ба далелҳои мухталиф барои мардум бахусус ҷавонон дастнорас мешавад. Саркӯб кардани фаъолиятҳо дар ин заминаҳои муносиб, ба фаъолияти пасипардагӣ, аз ҷумла миллатгароӣ мерасонад."

Лев Гудков, раҳбари маркази таҳқиқи афкори умум «Левада» низ ба ин андеша мувофиқ аст ва ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, дар Русия озодиҳои сиёсӣ ва имкони баҳси озоди мушкилот аз байн рафтааст ва аз ин рӯ мардум сардаргум шудаанд ва ба истилоҳ алами Исоро аз Мусо мегиранд, ки инҷо ҳоло Мӯсо, қафқозиҳову муҳоҷирон ва миллатҳои ғайрирус ҳастанд.
XS
SM
MD
LG