Сарвазири Покистон, барои худдорӣ аз пайгирии парвандаи президент Зардорӣ муттаҳам гардид.
Бино ба гузориши "Ассошиейтед Пресс", Юсуф Ризо Гелонӣ ба таҳқири огоҳона, нодида гирифтан ва сарпечӣ аз фармонҳои Додгоҳи олӣ муттаҳам шудааст. Иттиҳоме, ки дар сурати исбот метавонад шаш моҳи ҳабс дар пай дошта ва нахуствазири кунунии Покистонро аз мақомаш барканор намояд.
Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, муттаҳам аст, ки ба муддати ду сол ба сурати огоҳона аз фиристодани нома ба мақомоти Швейтсария ва дархост барои бозкушоии парвандаи вобаста ба иттиҳоми "фасоди молӣ"-и Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури ин кишвар худдорӣ кардааст.
Нахуствазири Покистон рӯзи душанбе (13-уми феврал) дар додгоҳ ҳозир шуд ва иттиҳомоти зикршударо напазируфт. Ӯ бештар бо ишора ба дахлнопазирии қазоии раисиҷумҳури Покистон ва таъкид ба сиёсӣ будани ин иттиҳомот, аз пазируфтани он сар боз зада буд.
Осиф Алӣ Зардорӣ ва ҳамсари вай Беназир Бҳутто муттаҳам ба интиқоли ҳудуди 12 миллион доллар ба ҳисобҳои бонкӣ дар Суис ҳастанд. Бар асоси ин парванда, оқои Зардорӣ ва хонум Бҳутто муттаҳам шудаанд, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта ва дар замони нахуствазирии Беназир Бҳутто ин маблағҳоро ба унвони ришва аз ширкатҳои суисӣ, ки ба дунболи имзои қарордодҳои тиҷоратӣ дар Покистон буданд, дарёфт кардаанд. Ҷаноби Зардорӣ ва хонум Бҳутто дар соли 2003 аз сӯи додгоҳе дар Суис ба унвони муттаҳамони ин парванда муаррифӣ шуданд.
Бо ин ҳол, дар соли 2007 ва каме пеш аз такя задани Осиф Алӣ Зардорӣ ба курсии раёсати ҷумҳури Покистон, қонуне дар ин кишвар қабул шуд, ки бар асоси он, раисиҷумҳури ин кишвар ва бархе мақомҳои дигар аз ҳузур дар додгоҳ ба далели парвандаҳои пешин вобаста ба фасоди молӣ, ҳифз хоҳанд монд. Пас аз қабули ин қонун, додгоҳи швейтсарӣ низ аз пайгирии ин парванда худдорӣ кард.
Аммо дар соли 2009, Додгоҳи олии Покистон қонуни
дахлнопазир будани раисиҷумҳурро бекор кард ва аз давлат хост, то бо фиристодани нома ба мақомоти қазоии Суис, хостори бозкушоии парвандаи фасоди молии Осиф Алӣ Зардорӣ шаванд.
Давлати Покистон дар ин ду соли бо таъкид бар дахлнопазирии қазоии раисиҷумҳур, аз фиристодани нома худдорӣ кард, ки ҳамин амр сабаб шуд, то нахуствазири ин кишвар рӯзи душанбе муттаҳам ба "тавҳин" ба Додгоҳи олӣ шавад. Ин бори аввал аст, ки нахуствазири Покистон дар замони анҷоми вазифа аз сӯи додгоҳи ин кишвар муттаҳам шинохта мешавад.
Нишасти баъдии додгоҳи Юсуф Ризо Гелонӣ рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.