Бино бар ҳуҷҷатии сиррии НАТО, ки хабаргузориҳо дар Афғонистон ба даст оварданд, хадамоти махфии Покистон ба Толибон дар роҳнамоии ҳамла ба нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ёрӣ медодааст.
Би-би-сӣ ва нашрияи "The Times of London" ба нақл аз ин гузориш мегӯянд, оҷонси ҷосусии “ISI”-и Покистон бо шӯришиёни афғон “ҳамдастии маҳрамона” дорад. Дар санад гуфта мешавад, ки Покистон макони раҳбарони баландпояи Толибонро медонад ва “ҳамоно ба бозӣ андохтани раҳбарияти аршади Толибонро идома медиҳад.” Ҳамчунин омадааст, ки Толибон мутмаинанд, баъд аз хуруҷи нерӯҳои таҳти сарварии НАТО аз Афғонистон дар соли 2014, назорати Афғонистонро ба даст хоҳанд гирифт.
Санаде, ки маълумоти он ба матбуот таровиш ёфт, аз тарафи ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида дар пойгоҳи ҳавоии Баграм, наздикии Кобул таҳия ва дар моҳи декабри соли гузашта ба афсарони НАТО супурда шудааст. Би-би-сӣ мегӯяд, ин ҳуҷҷат бар натиҷаҳои 27 000 бозпурсии 4000 фаъоли боздоштшудаи Толибон ва ал-Қоида асос ёфтааст.
Шабакаи Би-би-сӣ мегӯяд, дар гузориш яке аз намояндагони баландпояи боздоштшудаи ал-Қоида нақли қавл шудааст, ки ба гуфтаи вай, “Покистон ҳама чиро медонад. Онҳо ҳама чиро зери назорат доранд. Ман наметавонам бе назорати онҳо коре кунам. Толибон Ислом нестанд, Толибон Исломбоданд.”
Вазорати умури хориҷии Покистон ин санадро “содалавҳона” номид ва гуфт, Исломобод ба ин асл содиқ аст, ки набояд ба умури Афғонистон дахолат кунад.
Сухангӯи Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида Ҷон Кирбӣ гуфт, кишвараш муддатҳост, аз “пайвандҳои байни аносире дар ISI ва бархе аз шабакаҳои экстремистӣ” нигарон аст. Аммо Кирбӣ афзуд, Пентагон ҳанӯз ҳамчунин ҳуҷҷатеро, ки зикраш меравад, надидааст.
Сарҳанг Ҷиммӣ Камминг, сухангӯи Нерӯҳои Байнулмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) мавҷудияти чунин санадро тасдиқ кард, аммо гуфт, ин “як маҷмӯаи назари толибҳои боздоштшуда аст”, на пажӯҳиши стратегӣ.
Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Кобул аз шарҳи мавзӯъ дар ҳоли ҳозир худдорӣ кард. Вале иттиҳомот, табъан, муносибатҳои байни қудратҳои ғарбӣ ва Покистонро душвортар хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки Исломобод ҳамеша айбмониҳои кӯмак ба шӯришиёни афғонро рад кардааст ва вазири умури хориҷии Покистон Ҳино Раббонӣ Кҳар рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул пас аз мулоқот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳамтои афғони худ Залмай Расул дар бораи ин санад гуфт: "Майи кӯҳна дар кӯзаи кӯҳнатар. Ман фикр намекунам, ин даъвоҳо нав бошанд. Ин иттиҳомот солҳои зиёду зиёде идома доранд. Ва ҳамаи мо сабабҳои инро ҳам медонем. Сабаб ин аст, ки мо бо бозигарони дигари ҷаҳон аз замонҳои хеле ва хеле пеш барномаи муштарак дорем ва ба назар намерасаад, онҳо моро аз ин пайомадҳои ин раҳо кунанд."
Ҳанӯз пеш аз нашри маълумоти берунрехта дар бораи санади махфӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон, Ҷонон Мӯсозай гуфт, сафари Кҳар ба Кобул ба маънии “боз шудани сафҳаи наве дар равобит ва ҳамкориҳои байни ду кишвар аст.”
Кобул муддати дароз Покистонро дар мудохила ба умури дохилияш аз тариқи кӯмак ба Толибон айбдор кардааст. Аммо муносибатҳои Кобул ва Исломобод махсусан замоне ба сардтарин нуқта расиданд, ки дар моҳи сентябри соли гузашта масъули сулҳ ва раисиҷумҳури пешини Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ террор шуд. Кобул ин кушторро кори дасти ҷосусони Покистон меномад. Кобул мегӯяд, бомбгузори маргталаб покистонӣ буд ва Исломобод таҳқиқи воқеаро кашол медиҳад.
Ҳамзамон Кобул ҷӯёи мадади Покистон аст, то раҳбарони асосии Толибон, мавсум ба Шӯрои Квейтаро сари мизи гуфтушунид бо ҳукумати афғон дар Саудия биншонад. Талошҳое низ барои гуфтушуниди Вашингтон ва Толибон аз тариқи дафтари тозаэҷоди толибҳо дар Қатар ба мушоҳида расидаанд.