Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулҳ бо Толибон аз нигоҳи Покистон


Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон
Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон

Қарор аст вазири умури хориҷии Покистон рӯзи чаҳоршанбе дар раъси як ҳайати баландпояи он кишвар аз Кобул дидан кунад.

Ин сафари Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон аз Кобул пас аз тирагии равобит миёни ду кишвар ба дунболи кушта шудани Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон сурат мегирад. Ин сафар ҳамчунон ба хотири оғози гуфтугӯҳо миёни ИМА ва Толибон дар Қатар ва кушоиши дафтари сиёсии онҳо, аҳамият дорад.

Иддае аз коршиносони умури сиёсӣ мегӯянд, ки оғози гуфтугӯҳо миёни ИМА ва Толибон дар Қатар сабаб шудааст, то Кобул ва Исломобод як бори дигар бо ҳам наздиктар шаванд.

Раҳимуллоҳ Юсуфзай, рӯзноманигори паштузабони покистонӣ мегӯяд, ҳукуматҳои Покистон ва Афғонистон аз ин, ки дар гуфтугӯҳои Қатар дур андохта шудаанд, норозӣ мебошанд. Ба гуфтаи вай, Исломобод ба ҳамин далел тасмим гирифтааст, то як ҳайати олирутбаи худро ба кишвари ҳамсояи Афғонистон бифиристад.Тибқи гузоришҳо, гуфтугӯҳо дар Қатар мустақиман миёни мақомоти амрикоӣ ва Толибон сурат мегирад ва дар он олмониҳо низ саҳм доранд.

Раҳимуллоҳ Юсуфзай, дар посух ба ин суол, ки музокироти сулҳ бидуни иштироки ҳукуматҳои Покистон ва Афғонистон то чи ҳадд комёб хоҳад буд, ба радиои «Афғонистон Озод» гуфт: “На Афғонистон аз мавзӯъ бохабар аст, ки дар Қатар чи мегузарад ва барои Толибон чӣ имконот дода мешавад ва на ҳам Покистон дар ҷараён қарор дорад. Ҳар ду кишвар дар мавриди ин музокирот чизе намедонанд. Аммо бидуни иштироки ин ду кишвар, сулҳ дар Афғонистон номумкин аст.»

Дар ҳоле, ки раҳбарони Покистон ва Афғонистон талошҳое барои беҳбуди равобит анҷом додаанд, аммо ин равобит дар даҳ соли гузашта ҳамроҳ бо фарозу нишебҳое будааст.

Эъҷоз Хаттак, раиси факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Пешовар мегӯяд, акнун замони он фаро расидааст, ки Кобул ва Исломобод шикоятҳои қаблиашонро канор бигузоранд ва барои ояндаи рӯшан ва босубот гом бардоранд.

Ҳукумати Афғонистон ва кишварҳои ғарбӣ, Покистонро пуштибони Толибони мусаллаҳ медонад ва мегӯянд, ки онҳо аз сӯи Исломобод ҳимоят мешаванд. Аммо гуфтугӯҳои мустақими ахир миёни ИМА ва Толибон нишон медиҳад, ки раҳбарони муҳими ин гурӯҳ акнун аз контроли Покистон хориҷ шудаанд.

Аз сӯи дигар, гузоришҳо мегӯянд, ки ҳукумати Афғонистон бо кӯмаки Покистон бо бархе аз раҳбарони Толибон, ки ҳанӯз бо Покистон робитаи хуб доранд, бо миёнҷигарии Арабистони Саудӣ гуфтугӯҳоеро оғоз кардаанд. Аммо ҳар ду ҷониб пахши ҷузъиёт дар ин маврид худдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG