Як афсари марзбони қирғиз дар посгоҳи наздимарзии воқеъ дар канори деҳаи Чоркӯҳи Исфара кушта шудааст.
Ғиёсиддин Эҳсонов, намояндаи вилояти Суғд дар шаҳри Бодканд ба "Озодӣ" гуфт, ин ҳодиса пас аз муноқишаи як ронандаи тоҷик ва ҳамсафари қирғизи ӯ бо марзбонҳо иттифоқ уфтодааст.
Ӯ афзуд, "пас аз зӯҳри 12-уми феврал марзбонҳои қирғиз дар постгоҳи "Сармарқандак", наздик ба деҳаи Чоркӯҳ, мошини "Хундай"-ро бозмедоранд, ки ронандааш тоҷик ва ҳамсафари ӯ шаҳрванди Қирғизистон будааст."
Ҷаноби Эҳсонов нақл кард, ки ҳангоме марзбонҳои қирғиз аз ронандаи тоҷик ва ҳамсафари ӯ санад мепурсанд, миёни онҳо моҷаро рух медиҳад. Дар натиҷа, ҳамсафари ронандаи тоҷик, ки шаҳрванди Қирғизистон аст, силоҳи як афсарро ба зӯр гирифта, лейтенант Канат Дуйшенбаев, муовини фармондеҳи қисми марзбонии "Самарқандак"-ро ҳадафи тир қарор додааст.
"Дар парвандаи ин ҷиноят ду сокини деҳаи Чоркӯҳ, ронандаи автомобили "Хундай-Портер" ва як нафари дигар, ки ҳарду ангишт харида, ба маҳалли зисти худ меоварданд, ба ҳайси шоҳид ҳамроҳ карда шудаанд. Аммо боздошти онҳо аз ҷониби мақомоти қирғиз дуруст нест, онҳо дар озодӣ ҳастанд",-илова кард Эҳсонов. Вале ба навиштаи бархе аз хабаргузориҳои Қирғизистон, ронандаи тоҷик низ аз сӯи мақомоти Бодканд боздошт шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бинобар хабарҳои расида аз Бодканду Исфара, ҳодисаи куштори афсари қирғиз ба вазъу низом дар роҳҳои иртиботии байни Тоҷикистону Қирғизистон асари манфие нагузоштаааст. Роҳҳо боз буда, нақлиёт аз ҳар ду ҷониб муназзам дар ҳаракатанд. Яъне, ҳоло сокинони вилоятҳои Суғду Ботканд бидуни кадом мушкиле равуо ва тиҷорат мекунанд. Аммо то кунун хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар ин минтақа муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинон, постгоҳҳои марзбониву дағалрафтории марзбонҳои тоҷику қирғиз баъзан боиси муноқишаву бархӯрдҳо мешаванд. Саҳбон Қурбонов, коршиноси маҳаллӣ аз Исфара мегӯяд, дар ҳоле ки хатти марз ҳанӯз маълум нашудааст, бояд марзбонҳои ҳар ду кишвар барои роҳ надодан ба муноқишаву ҷанҷолҳо бо сокинон мулоимтару самимӣ муносибат бикунанд. Ба назари ӯ, ҳодисаи ахир баёнгари он аст, ки рафтори дурушти марзбонҳои қирғизро ҳатто сокинони худи он кишвар наметавонанд таҳаммул намоянд.
Насиба, як зани қирғиз ҳам мегӯяд, ҳар вақте ки аз Бодканд ба бозори Исфара биринҷ меорад, раҳбонҳои тоҷику қирғиз аз онҳо ришва талаб мекунанд. Вай гуфт, "василаи зиндагии мо аз фурӯши ҳамин биринҷамон аст. Дар Бодканд харида, ин ҷо оварда, ба болояш 20-30 дирам монда мефурӯшем. Аммо мушкили раҳ торафт сахттар мешавад. Сарбозу афсарҳо автомобилу автобуси моро нигаҳ медоранд, борамонро такурӯ карда, санад мепурсанд. То пул надиҳем, сар намедиҳанд."
Марзи ноҳияи Исфара бо вилояти Ботканди Қирғизистон аз нуқоти ҳассос ва баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон шумурда шуда, бори аввал соли 1989, ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ ба маҳзи даргирии байни сокинони ду сӯи марз, ки се кушта ба ҷо гузошт, вирди забонҳо шуд. Дар он айём ҳатто раҳбарони вақти ду кишвар Қаҳҳор Маҳкамов ва Абдусамад Масолиев аз ин маҳалли даргирӣ боздид ва ҷонибҳои низоъро ба сулҳу оштӣ даъват кардаанд.