Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД: "Бе иҷозати мо пойгоҳеро мустақар накунед”


Нишасти раҳбарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Маскав, 20 декабри соли 2011
Нишасти раҳбарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Маскав, 20 декабри соли 2011

Ҳузури пойгоҳи низомии кишвари севум дар қаламрави давлатҳои узви Паймони амнияти дастҷамъӣ маҳдуд шуд.

“Барои он ки кишвари дигаре тавонад дар қаламрави давлатҳои узви Паймони амнияти дастҷамъӣ пойгоҳи низомии худро мустақар кунад, бояд ризоияти расмии кишварҳои узви ин созмонро ба даст биорад”,-гуфт Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар нишасти Маскав.

Ин даъвати ҷаноби Назарбоев аз тарафи ҳамаи раҳбарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастҷамъӣ пазируфтанд.

Ҳоло пойгоҳи ҳавоии Амрико дар фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон, ки узви Паймони амнияти дастҷамъист, мустақар аст.

Ҳарчанд дар як моҳи пеш расонаҳои русӣ дар бораи бунёди пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистон хабар доданд, вале Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ин хабарро рад кард. Вай гуфт, Амрико дар ҳоли ҳозир нияти бунёди пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро надорад.

Ин дар ҳолест, ки кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ ё СПАД изҳор намуданд, ки бинобар муштарак будани усули амният, ҳамкории амалӣ бо НАТО-ро тавсеа мебахшанд. Дар поёни нишасти рӯзи сешанбеи Маскав, раҳбарони кишварҳои узви паймон таъкид карданд, ки масъалаҳои амниятӣ тақсимпазир нестанд ва аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо НАТО бояд тавсеа ёбад. Ҳозирин аз вазъи Афғонистон ибрози нигаронӣ намуда, изҳор намудаанд, ки ҷонибдори сулҳу субот дар Афғонистон мебошанд.

Масъалаи амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ марбут ба вазъ дар Афғонистон ва хуруҷи нерӯҳои НАТО аз ин кишвар дар соли 2014 аст, ки дар маҷлиси Паймони амнияти дастҷамъӣ чун мавзӯи меҳварӣ баррасӣ шуд.

Николай Бордюжа
Николай Бордюжа
Николай Бордюжа, дабири кулли ин созмон гуфтааст, тадобири амниятӣ дар ин бора тарҳрезӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи равобити хориҷаи Сенати Амрико дар робита ба хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ва имкони бадшавии вазъ дар ин кишвар ва минтақа ба раисиҷумҳур Барак Обама тавсия медиҳад, ки ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ва бартарии бештар диҳад.

Нигаронии Сенати Амрико натанҳо аз вазъи дохилӣ дар Тоҷикистон аст, балки аз он аст, ки ин ҷумҳурӣ бо Афғонистон марзи тӯлонии 1400 километрро дорад ва имкони убури гурӯҳҳои тундрав ва ситезаҷӯ аз ин марз дар оянда вуҷуд дорад.

Юрий Биялӣ, коршиноси масоили стратегии Русия мегӯяд: “Дар созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ ба далели мавзеъгирии кишварҳои узв ва то ҷое мухолифат миёни онҳо масъалаи авлавиятдиҳӣ ва афзалият додан ба кишваре то ба ҳол баррасӣ ва бар сари он тавофуқ нашудааст. Ва ҳама тасмимгириҳо дар ҳоли ҳозир дар чаҳорчӯби асоснома ва барномаи ин созмон сурат мегирад.”

Ба гуфтаи Юрий Биялӣ, авлавият додани Сенати Амрико ба Тоҷикистон тавъам ба он аст, ки Пентагон пас аз хуруҷ аз Афғонистон мехоҳад ҷангафзорҳои мудернро дар ихтиёри Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон қарор бидиҳад, то дубора баргаштан ба Афғонистон ва ҳузураш дар минтақа осон шавад.

Вай афзуд: “То ҷое иттилоъ дорам, ин пешниҳоди Амрикоро Туркманистон напазируфтааст. Аммо гуфтугӯҳо дар бораи боқӣ гузоштани ҷангафзорҳои НАТО дар Узбакиистон бо ин кишвар идома дорад. Ва бо дар назар гирифтани мушкил дар равобити Русияву Тоҷикистон ба қавли маъруф ба рақс даъват кардани Русия навбати Тоҷикистон аст.

Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон (акс аз бойгонӣ)
Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон (акс аз бойгонӣ)
Дар барномаи кории Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастҷамъӣ, ҳамчунин Иттиҳоди кишварҳои муштаркулманофеъ, гуфтугӯҳои дуҷониба бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикистонияш, инъикос нашудааст.

Дар ҳоле, ки мардуми Тоҷикистон аз ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав интизории зиёде дар ҳалли мушкили муҳоҷирони корӣ доштанд, ки дар ин авохир ба далели қазияи ду халабони ширкати русӣ дар Тоҷикистон, вазъи муҳоҷирони кории тоҷик бадтар шудааст.

Бино ба гузоришҳои расида аз Маскав, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Алмосбек Атамбоев, ҳамтои қирғизаш дар Маскав масоили амниятиро баррасӣ кардаанд. Ва дар ин гуфтугӯҳо ҳамчунин масъалаи иҷрои барномаи КАСА-1000 ва сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG