Сиёсати кадрии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро метавон бо як истилоҳи шоҳмот шарҳ дод: “қалъабандӣ”. Яъне, вақте мӯҳраҳо ҷойи ҳамдигарро мегиранд.
Аз як курсӣ ба курсии дигар нишастан роҳи бисёре аз мансабдорони тоҷик аст. Бо фармони раисиҷумҳур онҳо даста-даста аз як гурӯҳи вазифаҳо ба вазифаҳои дигар "кӯчонда" мешаванд.
Дар ҳукумати Тоҷикистон беш аз ҳама сарварони ниҳодҳое чун Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Кумитаи давлатии аманияти миллӣ, вазоратҳои нақлиёт, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, мелиоратсия ва хоҷагии об ва ширкати “Барқи Тоҷик” “қалъабандӣ” мешаванд.
Аммо сарвазир, вазирони дифоъ, молия, энергетика ва раҳбари роҳи оҳан ҳамеша дар курсиҳои худ боқӣ мемонанд. Барои кадом хидматҳо президент ин мансабдорони собиқадорро иваз намекунад?
Чанд сол пеш Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат бо ишора ба ҷойивазкуниҳои бешумор гуфт, "дар киса"-аш дигар кадр намонд. Вале ҷомеаи кишвар ин ҳарфро аслан қабул надорад. Коршиносон мегӯянд, садҳо нафар дар соҳибкорӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ муваффақ буда, даҳҳо чеҳраи саршинос дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ мекунанд.