Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Фейсбукиҳо" бо маҳалгароӣ мубориза мебаранд


Охиран дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» истифодабарандагони гурӯҳи «Тоҷикистон ба пеш» авҷ гирифтани падидаи маҳалгароиро мавриди баҳс қарор додаанд.

Дар матни муроҷиатномаи ин гурӯҳ аз ҳамаи «ленинободиҳо», «кӯлобиҳо», «қӯрғаниҳо», «ғармиҳо», «регариҳо», «помириҳо», «ҳисориҳо» ва ғайраҳо даъват мешавад бетараф набошанд ва назари хешро нисбати чӣ тавр муолиҷаи «захми» маҳалчигӣ пешниҳод кунанд.

МАҲАЛГАРОӢ ХАТАРНОКТАР АЗ КОРРУПСИЯ

Зафар Абдуллоев, яке иштирокдорони фаъоли ин гурӯҳ мегӯяд, вақтҳои охир маҳалчигӣ дар ҳама қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон реша давонда авҷ гирифта истодааст. Ӯ мегӯяд: «Маҳалчигӣ аз хатароти ҷиддиест, ки бевосита ба мавҷудияти давлати Тоҷикистон таҳдид мекунад. Хатари маҳалчигӣ ба назари ман ҳатто аз коррупсия низ бештар аст ва агар мо дар муддатҳои наздик ин падидаро аз байн
Зафар Абдуллоев

набарем хатари тақсим ва ё ба дигар кишварҳои ҳамсоя ворид шудани кишвар боқӣ мемонад.»

Абдуллоев мутмаин аст, ки сарчашмаи бисёре аз мушкилот ва нобасомониҳо дар ҷомеа тоҷик маҳз маҳалчигӣ аст. Вале ӯ аз он нигарон аст, ки баҳсҳои зиёде оиди маҳалчигӣ сурат мегирад, вале як барномаи коршояме баҳри рафъи ин падидаи номатлуб, ки қобили қабули аксарият бошад ба вуҷуд наомдааст: «Ман шоҳиди он шудам, ки дар «Фейсбук» ва берун аз он ҳам одамон дар мавриди маҳалчигӣ ягон чора пешниҳод намекунанд ва ё қудрати пешниҳод кардан надоранд ё хомӯширро ихтиёр мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳалчигӣ дар замири мо хеле жарфтар ҷойгир шудааст нисбат ба оне, ки мо тасаввур мекунем.»

ОМИЛИ АСЛИИ ПАЙДОИШИ МАҲАЛГАРОӢ КАДОМ АСТ?

Аммо Абдуллоев мегӯяд, ӯ дақиқ наметавонад омили асосии пайдоиши маҳалчигиро муайян кунад.

Абдумудассир Аҳмадзода, муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мегӯяд, маҳалчигӣ дар он шакле, ки имрӯз ривоҷ ёфта истодааст, аз оғози инқилоби Октябр сарчашма мегирад: «Азбаски инқилоби Октябр дар қисмати шимоли ҷумҳури пештар ғалаба кард, бештари мансабдорони шӯравӣ аз ин қисмат интихоб шуданд. Баъдан ҳам ҳукумати шӯравӣ аз кадрҳои қисмати шимоли кишвар ғайрирасмӣ пуштибонӣ мекарданд ва ин боиси реша давондани маҳалгароӣ дар Тоҷикистони кунунӣ гардид.»

Аҳмадзода мегӯяд, барои коҳиш додани сатҳи маҳалгароӣ бояд сараввал ҳамаи неъматҳои моддии кишвар одилона ба намояндагони ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шавад, вале ҳоло бошад баръакси ин ҳолатро мушоҳида мекунем.

Ҳамчунин ҷаноби Аҳмадзода таъкид кард, ки кадрҳо низ бояд аз ҳисоби намояндагони ҳамаи минтақаҳои кишвар интихоб карда шаванд.

ПЕШНИҲОДИ "ФЕЙСБУКИҲО" БАРОИ МАҲВИ МАҲАЛГАРОӢ

Дар шабакаи «Фейсбук» бошад пешниҳодҳои ҷолиби дигар низ ҳастанд, аз қабили издивоҷҳо аз минтақаҳои гуногун, Суғду Бадахшон, Рашту Хатлон. Ба андешаи бархе дигар иштирокдорони гурӯҳи «Тоҷикистон ба пеш», созмон додани клуби фанатҳои дастаҳои футбол низ метавонад ҷавононро аз минтақаҳои гуногун ба ҳам орад.

Вале коршиносон мегӯянд, издивоҷи ҷавонон аз ҳар минтақа яке аз роҳҳои муассири пешгирии маҳалгароӣ аст. Зафар Абдуллоев низ таъкид кард, ки волидони ӯ аз Суғд ва Хатлонанд ва завҷааш бошад аз Бадахшон. Бинобар ин дар оилаи ӯ нисбати намояндагони ҳама минтақаҳои Тоҷикистон бо эҳтиром сухан мекунанд.

Навиштаи Абдуллоҳи Ашӯр
XS
SM
MD
LG