Аз ҷумла, Анвар Тағоймуродов, ки ба далели муноқишаи додгоҳии худ бо ду нашрия номаш вирди забон шуда буд, аз муовинати вазири корҳои дохилӣ барканор ва сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон таъйин шудааст.
Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Шералӣ Сабзов ба курсии муовини вазир такя зада ва ба ҷои ӯ Абдураҳмон Бузмаков, сардори милисаи Душанбе таъйин шуд. Номи Абдураҳмон Бузмаков дар замоне бештар матраҳ шуд, ки масъули боздошти Муҳаммадназар Солеҳов буд, ки зимни боздошт ба гуфтаи мақомот худкушӣ кард. Нурулло Орифов, собиқ сардори раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД ба курсии муовини аввали вазири умури дохилӣ нишастааст.
Ин тағйирот дар вазорати корҳои дохилӣ баъди якуним ҳафтаи таъйин шудани Рамазон Раҳимов ба унвони вазири нави корҳои дохилӣ амалӣ мешавад.
Бархе аз таҳлилгарони соҳаи интизомӣ ва корҳои дохилӣ мегӯянд, тағйироте, ки дар вазорати мазкур сурат гирифтаааст, иқдоми вазири нав аст, ки мехоҳад ба салоҳдиди худ, ҷобаҷогузории кадрҳоро амалӣ кунад. Ва барномаи ислоҳоти ҷиддиеро дар пай надорад. Тағйироти кадрӣ дар муовинат ва раёсатҳои вазорати дохила дар ҳоле сурат мегирад, ки ба гуфтаи бархе манобеъ имсол ислоҳоте дар қонунгузории милиса ва тағйири номи он ҳам дар назар аст.
МИЛИСА ПОЛИС ХОҲАД ШУД?
Вазири пешини умури дохилӣ гуфта буд, ки имкон дорад, милисаи Тоҷикистон ҳам ба "полис" тағйири ном кунад. Ва ин тағйири ном ислоҳоти дигареро ҳам дар пай хоҳад дошт.
Абдуллоҳи Муҳаққиқ, собиқадори вазорати корҳои дохилӣ, мегӯяд, бо ҷойивазкунии кадрҳо ва ҳатто таъйини чеҳраҳои наву донишманд ҳам ислоҳот дар низоми корҳои дохилӣ кори осоне нахоҳад буд ва ба ин осонӣ даст намедиҳад. Ӯ мегӯяд, барои анҷоми ислоҳоти ҷиддӣ дар вазорати корҳои дохилӣ бояд қабл аз ҳама қонунгузорӣ дар ин замина такмил ва ислоҳ шавад, то заминаи ислоҳоти амалӣ ба вуҷуд ояд.
Дар ғайри сурат бо тағйири кадрҳо ва ҷойивазкунии онҳо масъала ҳал нахоҳад шуд. Ҳарчанд ин кадрҳо шоиста ва дилсӯз ҳам бошанд, бо қонунгузории мавҷуд, умури дохилиро нахоҳанд тавонист, ки ислоҳ кунанд.
"БО ИВАЗКАРДАНҲО БА ҶОЕ НАМЕРАСЕМ"
Абдуллоҳи Муҳаққиқ мегӯяд, "бояд санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, зерқонунҳое, ки бар асоси Сарқонун дар бораи фаъолияти милитсия вуҷуд доранд, бояд такмил шаванд, ба шароити миллӣ ва ба тақозои замон ҷавобгӯ бошанд. Ҷанбаҳои иқтисодӣ, молӣ ва ақлонии милиса бояд тақвият шавад. Масалан, дар Русия, ки милиса шудӣ ҷои хобу хона медиҳанд, таъминат мекунанд. Дар мо ин чиз нест. Дар қонунгузорӣ омадааст, ки ба корманди милиса кредити пулӣ дода мешавад, лекин тамоман дода намешавад. То ҳамин ҷанбаҳо тақвият нашавад, фикр мекунам, бо иваз кардан кор он қадар хуб намешавад. Ҳарчанд ҳамин афрод мутахассиси хуб бошанд."
Ба бовари оқои Муҳақиқ як мушкили дигари кормандони милиса сатҳи пасти донишҳои муосир ва махсусан ҷомеашиносии онҳост. Ӯ мегӯяд, вақте як мутахассиси ғарбӣ барои кор ба Тоҷикистон ва ё Афғонистону Ироқ фиристода мешавад, курсҳои махсуси омӯзиши тарзи зиндагӣ ва дину оини ин мардумро пушти сар мекунад, аммо 80 дарсади милисаҳои тоҷик аз назокатҳои динӣ ва миллӣ огоҳии лозим надоранд ва аз ин ҷост, ки дар бархӯрд бо мардум муваффақ нестанд.
АЗ ЯК НИҲОДИ ҚУДРАТӢ БА ЯК НИҲОДИ АҚЛОНӢ
Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Муллоҷонов, устоди ҷомеашиносӣ дар Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, умдатарин мушкили милисаи Тоҷикистон он аст, ки ҳанӯз бо сабку шеваи милисаи солҳои аввали Шӯравӣ кор мекунад ва ба ислоҳот барои табдил шудан ба як ниҳоди интелектуалӣ ва зеҳнӣ ниёз дорад. Ӯ мегӯяд, ислоҳот бояд милисаи тоҷикро аз як системаи умдатан қудратӣ ба як ниҳоди ақлонӣ бояд табдил кунад. Он гоҳ метавон гуфт, ки милиса ислоҳ шуда ва мардумӣ шудааст. Оқои Мулоҷонов мегӯяд, то замоне мардум ба милиса эътимод надорад ва милисаро ҳимоятгари худ намедонад ва ҳатто дар аксари маврид аз милиса меҳаросад ва бо ӯ майли ҳамкорӣ надорад, яъне милиса мардумӣ нашудааст.
"МИЛИСАИ ТОҶИК ҲАНӮЗ МАРДУМӢ НЕСТ"
Вай гуфт, "муҳимтарин ишкол ин аст, ки милисаи тоҷик ҳанӯз мардумӣ нашудааст. Саъдӣ мегӯяд, ки "Хоҷа дар фикри нақши айвон аст, хона аз пойдевор вайрон аст." Бо иваз кардани ранги девор чизе тағйир намекунад. Барои ҳамин дар дастури кори вазир ва раҳбарони нави ВКД бояд наздик шудан ба мардум ва мардумӣ кардани милиса бошад."
Оқои Мулоҷонов мегӯяд, барои он ки кори милиса ислоҳ ва бештар муваффақ бошад, шояд ба таъсиси як пажӯҳишгоҳи милиса, на академияе, ки амал мекунад, балки ниҳоде бо вазифаҳои дигар, барои такмили маҳорат ва салиқаҳои милиса зарурат бошад.
Ба ҳар ҳол, ҳоло маълум нест, ки кадрҳои кӯҳна дар вазифаҳои нав чӣ кореро анҷом хоҳанд дод ва ба чӣ коре қодир хоҳанд буд. Аммо чизе мусаллам аст, ин аст, ки милисаи тоҷик ба тағйири симо ва ислоҳи моҳияти кори худ ба шиддат ниёз дорад.