Ҳамсӯҳбатони мо дар бораи сабаб назари мухталиф доранд, вале хулосаи ҳамаи онҳо яктост.
Ҷавонони ҳозира ором нестанд, мегӯяд, яке аз ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбони Душанбе. Зеро ба қавли у мушкилоти зиёди ҷомеа ба равони онҳо таъсир гузоштааст. Дигаре бар ин аст, ки ҳануз аз наврасӣ дар зеҳну равони ҷавонон фикрҳои бори зиндагӣ ба чархиш меояд, ки баъдан дар синни балоғат ба психологияи онҳо бетаъсир намемонад.
Бархе аз мушоҳидакорон мегӯянд, вазни мушкилҳои ҷомеаи имрӯз рӯи рӯҳу равони ҷавонон хеле рушан эҳсос мешавад. Агар дар гӯшае биншинед ва нигоҳ кунед, мебинед, ки ҷавонон аксаран ғӯтавари андешаанд ё аз худ ҳаракатҳои аҷибу ғариб нишон медиҳанд, дар сӯҳбат асабиёна аз алфози сахт ва гоҳе қабеҳ кор мегиранд, ошуфта ва сардаргуманд.
Яке аз ҳамсӯҳбатони мо ҷомеаро масъули чунин вазъи равонӣ медонад. Дувумӣ мактабу маориф ва таълиму тарбияро масъул мешуморад ва савумӣ аз иқтисодиёти бепояву бӯҳронӣ, набуди шуғл, ноустуворӣ ва нафсу ҳирси худи ҷавонон ҳарф мезанад.
Андешаҳои гуногун, аммо баҳои ягонаи ин ҳамсӯҳбатҳои моро дар видеои навбатии Радиои Озодӣ бубинед ва ақидаи худро дар миён бигузоред. Шояд сабабҳои дигаре ҳаст, ки дар ин гуфтугӯ садо надоданд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад