Ба гуфтаи масъулон, дар бозору фурӯшгоҳҳо ва нақлиёту чойхонаҳо ҷавононе кор мекунанд, ки аз ҷиҳати равонӣ ва ҳирфавӣ омода нестанд ва ин барнома маҳз ба бозомӯзии тахассуси онҳо иртибот мегирад.
Мирзовалӣ Абдуллоев, сардори маркази матбуоти агентии «Тоҷикстандарт» мегӯяд, аз рейдҳои анҷомшуда маълум гардидааст, ки то кунун дар аксар фурӯшгоҳҳо, нақлиёт ва бозору чойхонаҳо наврасон ва ё шахсони ҷавоне кору фаъолият мекунанд, ки ба муштариёну мизоҷон хизмати дуруст расонида наметавонанд: «Мутаассифона ҳастанд наврасоне, ки дар хатсайрҳо, чойхонаҳо, фурӯшгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъияти кор менамоянд, ки бо мардум як муомилаи дурушт доранд.»
Дар ҳамин ҳол, коршиносон аз ин иқдоми «Тоҷикстандарт» истиқбол мекунанд. Зеро ба қавли онҳо, ҷомеа ба ин чиз сахт ниёз дорад. Аз тарафи дигар ба қавли Азим Байзоев, коршиноси соҳаи маориф, имрӯз сохторҳои давлатии системаи таҳсилот тамоми талаботи мардумро қонеъ карда наметавонад, вале аз сабаби дуруст набудани ҳуҷҷати ин гуна курсҳои ғайрирасмӣ, дипломи онро этироф намекунанд.
Ба ҷуз ин, ба ақидаи ҷаноби Байзоев вақтҳои ахир мувофиқат накардани барномаҳои курсҳои касбомӯзӣ низ мушкилӣ ба бор меоранд ва ба таври мисол ӯ мегӯяд: «Масалан тасаввур кунед, як сартарошро мегирем. Агар вай хоҳад ҳамин касбро тавассути таҳсил дар ягон муассисаи давлатӣ ба худаш гирад. Вай бояд як барномаи махсусро гузарад, ки ин барнома дар баробари ҳамин касб боз фанҳои дигарро иҷборан бор мекунад ба сари ӯ. Дар сурате, ки ҳамин ҷавон метавонад дар назди як устои сартарош шогирд истад ва он касбро беҳтар аз он созмонҳо ва муассисаҳое, ки пешниҳод мекунанд ҳамин чизро ба худ касб кунад.»
Аммо Мирзовалӣ Абдуллоев, сардори маркази матбуоти агентии «Тоҷикстандарт» ишора ба курсҳои бозомӯзии ҷавонон ва ба табъ расидани ду дастур барои истеъмолкунандагону мизоҷон бо номҳои «Усули хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ» ва «Риояи меъёрҳои савдо дар дӯконҳо ва бозор» мегӯяд, ҳамакнун зиёда аз чаҳорсад тан аз ҷавонон дар бахши хизматрасонии муассисаҳои хӯроки умумӣ ва соҳаи метеорология аз курсҳои бозомӯзии касбӣ гузаштаанд, ки метавонанд дар муассисаи дилхоҳ ба фаъолият пардозанд:
«Ҷавононро мо дар курсҳои махсус, масалан курси тайёр намудани пешхизматҳо барои чойхонаву тарабхонаҳо ва курсҳои барои мутахассисон соҳаи метеорология тайёр намудаем, ки тибқи ҳуҷҷати худ дар истеҳсолот кор карда истодаанд.»
Дар ҳамин росто масъулон мегӯянд, ин ҳама тасмимҳо пас аз шикояти мардум аз сатҳи хизматрасониҳо дар ин замина рӯи даст гирфта шудааст. Аммо роҳнамоии ҷавонон ба хизматрасонӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки тибқи иттилои расмӣ, 65 дарсади ҷавонони тоҷик бекоранд ва аксарияти онҳо ягона роҳи даромади худро аз муҳоҷират дар Русия мебинанд.
Дар ҳар сурат соҳибназарон бархӯрдории ҷавонон аз хадамот дар умури тиҷоратро омили боло рафтани сатҳи фарҳангӣ ва маърифатии онҳо дар ҷойи ҷамъиятӣ арзёбӣ мекунанд. Ба таъкиди онҳо, ин шева маҳаки аслии муносибату бархӯрди тоҷир ва муштарӣ хоҳад буд.