Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони муҳоҷир ва кишвари "ором"-и пирону тифлон


Таҳлилгарон мегӯянд, ба иллати муҳоҷират ҷомеаи Тоҷикистон феълан аз солмандон ва ноболиғон иборат аст.

Бино бар ин, мегӯянд, онҳо идораи чунин ҷомеа барои мақомот мушкил пеш намеорад. Бахши фаъол ва серталаб -- ҷавонон ғолибан дар муҳоҷират ба сар мебаранд ва ин ҳам дар ҳоле, ки онҳо 70 дарсади ҷомеаи Тоҷикистонро ташкил мекунанд.

Аммо, дар сиёсатшиносӣ ақидае мавҷуд аст, ки бино бар он ҷамъиятеро, ки 70 дарсадашро ҷавонон ташкил медиҳад, ҳатман таҳаввулот ё дигаргунӣ интизор аст.

АЗ ЗАБОНИ ПАДАРИ ЧАҲОР МУҲОҶИР...

Бобои Қаландар, сокини ноҳияи Фархор, ҳафт фарзанд дорад -- шаш писару як духтар. Чаҳор писараш солҳост, дар Русия муҳоҷири корӣ шуданд ва ҳоло набераҳояш худро барои муҳоҷират омода мекунанд.

Бобои Қаландар ҳамеша бачаҳояшро ба китобу илму дониш ташвиқ мекард ва мехост, онҳоро дар оянда олиму бомаърифат бубинад. Аммо, дар муҳоҷирати корӣ ин ҳама ба онҳо зарур нашуд.

Болғаву табару исканаву аробакашӣ -- ин аст абзоре, ки акнун хонаводааш аз баракати он нон мехӯранд. Бобои Қаландар чизе хилофи ин гуфта наметавонад, зеро худ низ аз соли 1999 то соли 2008 бо дар яке аз сохтмонҳои Русия кор кард. Баробар бо ҷавонҳо бор бардошту бетон шӯрид. Аммо аз он ки ду писари дигараш низ бо мафкураи муҳоҷири корӣ бузург шудаанд ва худро ба ин сафари хатарнок омода мекунанд, нороҳат ва ғамгин аст.

«Писарҳоям мактаби миёнаро тамом карданд, дигар чӣ кор мекунанд, мераванд ба муҳоҷират. Калониаш 8 сол шуд, дигарҳояш бо паси дигараш рафтан гирифтанд. Ҳамин чорумро ҳам равон кардем. Дигар чӣ кор кунем... Ду писари хурдиям ҳастанд, ки ҳоло мактаби миёна мехонанд, онҳо тамом мекунанду мераванд. Аз ҳоло омодагӣ гирифта истодаанд, ки мо меравем. Ман мондаму кӯдакони писарҳои муҳоҷиру кампиру келинҳо. Чӣ кор кунем? Танҳо аз мо нарафтаанд. Ҳамсояҳои мо ҳамааш 3-4-нафарӣ ба муҳоҷират рафтанд, аз ҳисоби онҳо нони даҳон меёбанд

Дар тӯли солҳои муҳоҷират дар Русия, Бобои Қаландар шоҳиди ҳодисаҳои ғамангезе шуд, ки дар дилаш нақшҳои амиқ гузоштаанд. Ӯ аз сарнавишти як ҷавони тоҷик қисса кард, ки писари ягонаи хонадон буд ва баъди чанд моҳи кор дар яке аз сохтмонҳои Русия бори вазнин аз боло ба сараш афтод ва дар ҷояш ҳалок шуд.

Мӯйсафед ҳоло ҳам ба сарнавишти ғамангези он ҷавони тоҷик ашк мерезад ва дуо мекунад, ки Худованд писарони ӯро аз ҳар бало нигаҳбон бошад.

МУҲОҶИРОН ВА НИГАРОНИИ ХОНАВОДАҲО

Шабу рӯзи бӯҳрони пилотҳои рус дар Тоҷикистон ва “шикор”-и муҳоҷирони корӣ дар Русия, мӯйсафед хеле беқарор шуд. Ӯ ҳодисаро дар роҳи Фархор-Душанбе аз даҳони мусофирон шунид, ба хона баргашт вале ба ҳамсару келинҳояш чизе нагуфт. “Агар медонистанд, хеле нороҳат мешуданд”- мегӯяд ӯ.

Шабу рӯзи даъвои Маскаву Душанбе бар думболи ҳукми додгоҳи халабонҳои рус танҳо Бобои Қаландар набуд, ки аз нигаронӣ ҷойи нишастан пайдо намекард. Ҳазорҳо хонаводаи тоҷик бо наздикони худ дар тамос мешуданд то аз сарнавишти онҳо огаҳ шаванд.

Бар пояи омори созмонҳои муҳоҷират, ҳар панҷумин хонаводаи Тоҷикистон дар Русия ва кишварҳои дигар собиқ шӯравӣ як ё зиёда аз як нафар муҳоҷири корӣ дорад. Дар чанд соли ахир теъдоди ҷавонҳо дар деҳкадаҳо ва ҳатто шаҳрҳо ба андозаи назаррас коҳиш ёфта, мисли давраҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар бисёр хонаводаҳо танҳо занону кӯдакону пирон боқӣ мондаанд.

ЯК НАСЛ -- МУҲОҶИРИ КОРӢ

Ҷомеашиносон мегӯянд, ин далел, ки як насли баъдиҷангӣ муҳоҷири корӣ шудааст ва бахши умдаи нерӯи корӣ аз кишвар ба хориҷ рафтааст, бояд масъалаи дараҷаи аввал дар сатҳи давлат бошад. Аммо бархе ҳам ба ин назаранд, ки ҳукумат ба идомаи ин раванд манфиатдор аст, зеро ба гуфтаи онҳо, идора кардани давлати иборат аз занҳову кӯдакону солхӯрдагон осонтар аз идора кардани насли ҷавон аст, ки ҳақталабӣ мекунанд ва дигаргунӣ мехоҳанд.

Нигина, як сокини Тавилдара, қисмати шарқи Тоҷикистон, мегӯяд, ки падари пираш бо панҷ бародараш дар Русия рафтанд ва се келину шаш набераву хоҳарон танҳо мондаанд. Ӯ мегӯяд, “ҳолатҳое мешавад, ки корҳои хоҷагидории хоси мардон -- шудгори замин, пору кашидан, дарахт буридан ва ҳезум шикастан, санг кашонидан ва мисли ин корҳоро модарам бо келинҳо анҷом медиҳанд.»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ
Масъалаи муҳоҷирати ҷавонмардон ва аксаран аз бознишаставу занону кӯдакон иборат шудани аҳолии Тоҷикистонро намояндаи мардумӣ аз Ҳизби наҳзати исломӣ дар парлумон Муҳиддин Кабирӣ дар як нишаст матраҳ кард ва гуфт “нерӯи асосии ҷомеа ва бахши бузург дар хориҷ ҳастанд."

Кабирӣ мегӯяд: «Кампирҳо ва мактаббачаҳоро идора кардан кори осон аст. Вақти он расидааст, ки дигар мо набояд маблағҳоро сарфи чорабиниҳои фароғатӣ-маишатӣ ва ҳатто фарҳангӣ бикунем. Бояд тамоми маблағҳо дар ин панҷ соли баъдӣ барои бунёди корхонаҳо ва эҷоди ҷои кор равона шавад, бахусус барои ҷавонҳо.»

Ҳоло 60 дарсади ҷомеаи Тоҷикистон аз ҷавонҳои то 30-сола иборат аст, дақиқан ҳамон нерӯе, ки бояд “муҳаррик”-и пешбарандаи ҳар давлат бошад. Ба гуфтаи ҷомеъашиносон, кишваре, ки ин гуна аҳолии ҷавон дорад ба дигаргуниҳои ногузир рӯ ба рӯ аст ва ин дигаргуниҳо дер ё зуд фаро мерасанд. Танҳо давлатҳое аз ин дигаргуниҳо бурд мекунанд, ки агар роҳро барои вуқӯъи табиии онҳо ҳамвор карда бошанд.

«ҲУКУМАТ ФОРМАТИ НАВРО БОЯД ПЕШ ГИРАД»

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик
Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик
Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази омӯзиши афкори умуми «Бозтоб» мегӯяд, ин ки мақомоти Тоҷикистон бо дур нигаҳ доштани ҷавонон аз ватан худро роҳат эҳсос мекунанд, ба маъное нест, ки вазъият ҳамеша ҳамин тавр боқӣ бимонад.

Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, танишҳои ахири Тоҷикистон ва Русия исботи як таҳдид буд, ки ҳузури гурӯҳи бузурги ҷавонони тоҷик дар Русия ҳамеша метавонад, ба муқобили мақомоти Душанбе истифода шавад. "Агар ҳукумат мехоҳад, масъаларо ҳал кунад, бояд танҳо бо таҳаммулпазирӣ ва дарки он, ки ҷомеаи Тоҷикистон воқеан ба як таҳавуллот ниёз дорад аз ин формат кор бигирад, на ин ки аз роҳҳои илмӣ ва ғайри илмӣ.”

Аммо қаҳрамони гузориши мо бобои Қаландар ба ин баҳсҳои сиёсӣ кор надорад. Ӯ танҳо як чиз мехоҳад, дар кишвар коре бошад, ки бачаҳояш ба он машғул шаванд ва муйсафеду кампир субҳонаи худро дар сари дастархон, роҳат бо писаронаш тановул кунанд ва солҳои муҳоҷиратро ҳамчун кобус аз ёд бубаранд.

Ояндаи нек дар хориҷа?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:33 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG