Журналисти захмишуда мегӯяд, сӯиқасд ба ӯ фармоишӣ буд ва дастур аз Душанбе омадааст.
Бино бар хабарҳо вазъи журналисти тоҷик Додоҷони Атовулло дар бемористони Маскав рӯ ба беҳбуд дорад. Тавре хабар дода будем, ӯ шаби 12 ба 13-уми январ дар шаҳри Маскав ҳадафи ҳамла қарор гирифта, шадидан захмӣ шуд. Пизишкони Пажӯҳишгоҳи ба номи Склифосовскийи Маскав ӯро ҷарроҳӣ карданд ва мегӯянд, ба Додоҷони Атовулло хатари ҷиддӣ таҳдид мекард.
Дар аввалин мусоҳиба бо Додоҷони Атовулло нахуст аз ӯ пурсидем, ҳоло вазъаш чӣ гуна аст?
Додоҷони Атовулло: Худоро шукр, ҳарчанд мегӯянд, дар шифохона кас наметавонад, ҳоли хубе дошта бошад, вазъи ман олист ва ҳатто як ҳолати хушбахтӣ ё саодати ношинос дорам, гӯё ба қудрати Худо аз сари нав таваллуд шудаам, таваллуди дуюм.
Радиои Озодӣ: Пизишкон чӣ мегӯянд, зарбаҳои корд ба куҷо расидааст?
Додоҷони Атовулло: Корд як сантиметр аз паҳлуи дил гузаштааст, ба дил нарасидааст. Шояд ба он сабаб, ки кӯча торик буд, воқеа дар зери арк рӯй дод, вақте ман аз он ҷо мегузаштам ва дар танам либоси сиёҳ буд, ки шояд нагузошт, қотил зарбаи худро ҳисоб кунад.
Радиои Озодӣ: Аммо худи воқеа чӣ хел рӯй дод?
Додоҷони Атовулло: Он рӯз рӯзи хуше буд. Ду вохӯрӣ доштам ва хеле хуб гузаштанд. Ҳатто ронандае, ки маро ба хона мерасонд, гуфт, табъи болида дорӣ имрӯз. Аммо як изтироби нофаҳмо ҳам доштам, вале ба он диққат намедодам. Вохӯрии савуми ман бо як дӯсте буд, ки чанд бор соати мулоқотро тағйир дода буд ва ин бор гуфт, пурсид дар куҷоӣ, гуфтам, дар хиёбони Комсомолский ва қарор гузоштем, ки дар қаҳвахонаи “Виаджо” бубинем. Аммо ӯ наомад. Ман дар ғазаб шудам, ки тоҷикони мо ҳаргиз дақиқкориро ёд нагирифтаанд. Як вақтро мегӯянду баъд то се соат дер мемонанд. Дидам, ки наомад, ба хона баргаштам ва ҳамин вақт занг зад, ки “ако, ман ҷасорат накардам, ба қаҳвахона дароям, зеро дар атрофи он кадом тоҷиконе мегаштанд ва мошини тоҷикон истода буд. Ман ба ӯ гуфтам, ба чунин чизҳо эътибор надеҳ, ман бисёр дидаам, биё якдигарро пайдо мекунем ва ба ягон ҷойи дигар меравем. Баъд аз ду соат занг зад ва гуфт, “ман дар поён”. Ду роҳ буд, ки роҳи зери арк наздиктараш буд. Ман онро интихоб кардам. Он ҷо дар назди дари оқиб ё “черний ход”-и ресторан як бачаи тақрибан 27-30-солаи тоҷик истода буд. Тоҷик буд, аммо каме чеҳраи муғулӣ дошт. Ман гумон кардам, ки шинос аст. Ман ба ӯ нигоҳ мекардам ва вай ба ман. Ҳиссам ин буд, ки аз ӯ гурезам, аммо аз худам шарм кардам. Баъд ӯ бо корд пеш давид ва зад. Ман аслан зарбаи кордро ҳис ҳам накардам. Танҳо вақте ки дигар хун мерехт, ман ба кӯчаи калон баромадам ва деволрҳои он ресторан шишагӣ буд, одамон аз дарун маро диданд ва “Ёрии таъҷилӣ” даъват карданд.
Радиои Озодӣ: Шумо ин нафарро мешинохтед?
Додоҷони Атовулло: Не, ман ӯро намешинохтам, аммо акнун агар бинам, мешиносам.
Радиои Озодӣ: Дар бархе аз торнамоҳо гуфтаанд, дар ин кор нафаре, ки Шуморо ба мулоқот даъват кард, даст доштааст. То куҷои ин хабарҳо дурустанд?
Додоҷони Атовулло: Ин одамро ду сол пеш ба ман шинос карданд ва ман ӯро хуб намешинохтам. Аз он нафарҳое буд, ки хеле пинҳонкоранд, аз ҳад зиёд ва аз худ як “конспиратор” ва чеҳраи муҳим метарошанд. Аз онҳое буд, ки ба вохӯрии онҳо танҳо барои аз онҳо халос шудан меравӣ.
Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо ин ҳамла кори дасти кӣ буда метавонад?
Додоҷони Атовулло: Дар арафаи ва баъд аз соли нав аз чандин манбаъ ман хабар гирифтам, ки зидди ман як сӯиқасд тайёр мешавад. Лекин ман ин чизҳоро бо як нимтабассум гӯш мекардам ва ба худ мегуфтам, ҳама чиз дар дасти Худост. Аммо ҳамон рӯз ҳис мекардам, ки чизе дар атрофам мегузарад, дар гирду пеши хона ҳам як ҳаракатҳое ҳаст. Аммо диққат намедодам ва худбоварии аз ҳад зиёд сабаб шуд. Ман дар паси ин фақат ҳукумати Раҳмонро мебинам ва дар он ки зинда мондам фақат дуои мардум ва қудрати Худоро. Як вақтҳо ман дар “Чароғи рӯз” як мақола навишта будам, “Рӯзи марги Додоҷони Атовулло”. Ҳамон ба хотирам омад, ки дар ҳамин чаҳор рӯзи охир, як бори дигар қимати зиндагиямро, умрамро, принсипҳоямро, роҳамро андешидам ва агар мемурдам ҳам, ҳасрат надоштам. Аз ҳеҷ корам пушаймон нестам.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад