Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамла ба хабарнигори тоҷик Додоҷони Атовулло дар Маскавро маҳкум кард ва умедвори ҳарчӣ зудтар ошкор шудани омилони ин сӯъиқасд шуд. Сухангӯи ин вазорат Давлат Назриев ба ИТАР-ТАСС гуфт, дар Душанбе шеваҳои муҷозоти худсаронаро қатъиян қабул надоранд. Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҷунбиши «Ватандор» шаби панҷшанбе ду зарби корд хӯрд ва ӯро дар Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и Маскав ҷарроҳӣ карданд. Бо ин ҳол, пулиси Маскав мегӯяд, нафареро, ки бо гумони даст доштан дар ин сӯъиқасд боздошт шуда буд, баъди собит шудани бегуноҳиаш раҳо кардааст. Қаблан аз боздошти Бахтиёр Раҳимбердиев, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон гузориш шуда буд. «Хабарнигорони бидуни марз» ва 4 созмони журналистии Тоҷикистон – Иттиҳодияи журналистон, НАНСМИТ, Медиа-Алянс ва АФРӮЗ ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро шадидан маҳкум ва ба таҳқиқи мӯшикофонаи қазия даъват карданд. Додоҷони Атовуллои 56- сола аз мунтақидони тунди давлати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.