20 соли равобити Тоҷикистону Чинро иддае аз коршиносон ба ду давра, яке, то ҳалли даъво марзӣ ва баъд аз он арзёбӣ мекунанд.
Чин дар 20 соли равобиташ бо Тоҷикистон, ба гуфтаи коршиносон, ба мағз-мағзи ҷомеаи тоҷик роҳ ёфтааст. Аз сарулибоси мардум гирифта, то асбоби рӯзгори ҳар хонадони тоҷик ва ахиран ҳатто меваю сабзавоти мардум дар Чин истеҳсол шудаанд. Бузургтарин шоҳроҳи кишвар бо 200 миллион доллари чиниҳо бозсозӣ мешавад. Боз 100 миллион доллари дигарро Чин барои навсозӣ ва густариши корхонаҳои маъдан, аз ҷумла тило, нуқра ва металҳои дигар ихтисос додааст.
Сармояи Чин дар бунёд ва бозсозии нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва хатҳои интиқоли барқ ба кор меравад. Ҷамъан зиёда аз 50 ширкати чинӣ бахши умдае аз иқтисодиёти Тоҷикистонро зери назорат доранд. Эҳтимол меравад, ҳаҷми умумии сармояи Чин дар Тоҷикистон аз 1 миллиард доллар бештар бошад.
Аммо равобити Чин бо Тоҷикистон ҳамеша ин гуна набудааст. Муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, мегӯяд, 15 соли аввал ҳузури Чин дар Тоҷикистон хеле камрангтар буд, зеро баҳси аз замони Шӯравӣ боқимондаи марзӣ миёни ду кишвар ҳалли худро намеёфт. Соли 1996 Чину Тоҷикистон дар саргаҳи ташкили Панҷгонаи Шангҳай, ки ҳоло бо номи Созмони ҳамкориҳои Шангҳай маъруф аст, қарор доштанд. Вале Чин пас аз ниҳоӣ шудани музокироти марзӣ дар соли 2006 тайи панҷ соли дигар ба умдатарин сармоягузор ва ҳамкори тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт. Вуруди беш аз 500 миллион доллари Чин ба Тоҷикистон ба ҳамин давра рост омада, табодули мол миёни ду кишвар 5 мартаба афзуд.
Иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, вазъи имрӯзаи сармоягузории Чин як навъ тамрин барои иҷрои тарҳҳои бузургтар аст ва эҳтимолан нигоҳи Пекин ба бахши энержӣ ва сарватҳои табии Тоҷикистон дӯхта шудааст. Аммо коршиносонро инро ёдрас мешаванд, ки Чин бо як ишораи Узбакистон аз бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар рӯди Зарафшон худдорӣ кард. Биноан, захираҳои табии Тоҷикистон шояд барои Чин манфиати дарозмуддат дошта бошанд.
Ба қавли коршиносон, Чин ҳамон гуна, ки дар бархе аз кишварҳои Осиё, Аврупо ва Африқо амал мекунад, аз ночории Тоҷикистон истифода менамояд, аммо ҳамзамон ба тарҳҳои иҷтимоӣ, аз қабили сохтмони мактабу беморхонаҳо сармоя намегузорад. Коршинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, чиниҳо ҳамчунин манфиатдор нестанд, ки дар Тоҷикистон сохтмони иншооти саноати сабук, аз ҷумла истеҳсоли сарулибосу хӯроквориро ба роҳ монанд: «Тамоми модели иқтисодии Чин ба он бино ёфтааст, ки содироти моли худро таъмин кунад. Бозор ёбад. Ин манфиати асосии ин давлат аст.»
Аммо иддае дигар бар инанд, ки ҳамкорӣ бо Чин, дар қиёс бо дигар кишварҳо натиҷаҳои чашмрас ва воқеӣ ба бор овардааст, аз қабили роҳҳо, нақбҳо, нерӯгоҳҳо, рушди тиҷорат ва коҳиш ёфтани қимати амвол дар бозорҳои Тоҷикистон. Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мегӯяд, барои Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Чин хубтар аст, зеро ин кишвар ғаразҳои сиёсӣ надорад: «Сиёсати хориҷии Чин умуман ба самте нигаронида шудааст, ки ба корҳои дохилии кишварҳо дахолат намекунад. Инро мо дар мисоли Афғонистон ва кишварҳое чун мо мебинем.»
Коршиносон Русияро рақиби аслии Чин дар Тоҷикистон унвон мекунанд. Бино бар омори расмӣ, сармоягузории Русия тайи панҷ соли ахир ҳудуди 400 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Аммо бо назардошти вобастагии энержӣ ва ҳам теъдоди бузурги муҳоҷирини кории Тоҷикистон, коршиносон мегӯянд, аҳромҳои фишори Маскав бештар аз Пекинанд.
Коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, бо назардошти воқеиятҳо Пекин наметавонад ба умури сиёсии Тоҷикистон дахолат кунад, аммо то охир чунин нахоҳад буд ва замоне "ҳосили киштаҳояш"-ро хоҳад даравид: «Ҳамзамон бо сармоягузориҳо, баъзе имтиёзҳое, ки медиҳанд, бидуни шак, пушти пиёда кардани манофеъи худ дар кишвари мо ҳастанд. Онҳо ин имконро доранд, ки дар кишварҳое мисли мо корашонро он тавр ба роҳ монанд, ки мехоҳанд. Мо мегӯем, ки аз ин фурсатҳо истифода мекунем, аммо онҳо ҳам истифода мекунанд»
Аксари коршиносон афзудани хатари чиниро дар бештар шудани теъдоди шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон мебинанд, ки тибқи иттилои расмӣ, 60 дарсади хориҷиён дар кишварро ташкил медиҳанд. Иҷрокунандаи аксари кулли тарҳҳое, ки Чин сармоягузорӣ мекунад, ширкатҳо ва шаҳрвандони худи Чинанд, ки бо мадади давлати Чин дар фазои иқтисодии Тоҷикистон ба ҳузури устувор даст меёбанд. Ба қавли онҳо, ин аз Стратегияи миллии Чин баромадааст, ки дар тамоми ҷаҳон будубоши шаҳрвандони худро аз лиҳози молиявӣ таъмин мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад