Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатар ба амнияти Тоҷикистон: Маскав, Тошканд, фасод, ё...?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Густариши фасод, фосилаи табақотӣ, фақру нодорӣ аз дохил ва фишорҳои бархе аз кишварҳои минтақа аз берун ҳамоно аз омилони аслии таҳдид ба амнияти Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд.

Бештари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки давлати Тоҷикистон бо маҳви Мулло Абдулло, фармондеҳи охирин гурӯҳи мусаллаҳи бозмонда аз ҷанги шаҳрвандии ин кишвар дар баҳори соли ҷорӣ, хатарҳои дохилӣ ба амнияти худро аз байн бурд. Вале ҳамоно дар баробари фишорҳои берунӣ, аз ҷумла Русия ва Узбакистон амнияти ин кишвар осебпазир боқӣ мондааст.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, авзои амниятии Тоҷикистонро дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ташвишовар хонд. Ҷаноби Муллоҷонов гуфт, тайи ин сол таҳдидҳо ба Тоҷикистон ҳам хислати берунӣ ва ҳам дохилӣ доштанд. Ин таҳлилгари тоҷик таҳдидҳои берунаро ба равобити Русияву Узбакистон бо Тоҷикистон марбут донист, ки як каме тезутунд шудаанд.

Ҷаноби Муллоҷонов мегӯяд, Русия дар ҷараёни қазияи пурсарусадои халабонҳои худ дар Тоҷикистон нигаронӣ ва нороҳатиҳояшро комилан ошкор кард. Асли ин нороҳатӣ ва ташвишҳо дар он буд, ки Тоҷикистон дар робита бо кишварҳои дигари бузурги олам Амрико, Чин ва Эрон ба пешрафтҳое даст ёфт.

Ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз манотиқи мухталифи Русия як навъ посух ба Тоҷикистон буд, ки аз доираи сиёсатҳои Русия қадам фаротар гузошт. Узбакистони ҳамсоя низ дар зери ин наво ва ҳаво дар ҳар вақти мумкин роҳи оҳани худ ба тарафи Тоҷикистонро масдуд карда, амнияти ғизоии ин кишварро бо мушкил дучор мекунад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик, ки дар робита ба хисороти роҳбандии Узбакистон ба иқтисоди Тоҷикистон матолиби зиёд ба нашр расонидааст, мегӯяд, имсол нархи ғалла дар бозори ҷаҳонӣ арзонтар шуд, аммо афзоиши маводи сӯхти Русия ва мушкили эҷодкардаи Роҳи оҳани Узбакистон боз ҳам ба амнияти ғизоии Тоҷикистон осеби ҷиддӣ расонд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик
Гузашта аз ин, афзуд ҷаноби Умаров, гурӯҳҳои монополӣ, ки бозори амволи мавриди ниёзи мардумро зери тасарруф даровардаанд, аз ин фурсатҳо истифода бурда сиёсати давлатро дар амри амнияти ғизоӣ ба бозӣ мекашанд.

Аммо ба назари таҳлилгарони хориҷӣ, фишорҳои Узбакистон ва Русия ба Тоҷикистонро ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ кардан дуруст нест.

Пол Квин Ҷаҷ, раҳбари намояндагии Гурҳи бӯҳроншиносӣ дар Осиёи Марказӣ, дар як сӯҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ муҳимтарин омили таҳдидкунанда ба амнияти Тоҷикистонро дар сиёсатҳои номуваффақ ва номуассири ҳукумат марбут дониста буд: “Сатҳи пасти инкишоф, сатҳи пасти зиндагӣ ва сиёсатҳои номуваффақи роҳбарияти Тоҷикистон дар рафъи онҳо, афзоиши фасод, ки ба рушди иқтисод зарбаи шадид мезанад, аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ин кишвар ба шумор мераванд.”

Дар зимн, сатҳи болои фасод дар ниҳодҳои расмиро коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти Тоҷикистон меҳисобанд.

Нуралишоҳ Назаров
Нуралишоҳ Назаров
Генерал Нуралишоҳ Назаров, муовини пешини фармондеҳи нерӯҳои марзбони Тоҷикистон мегӯяд, ривоҷи фасод ва таҳкими он дар ниҳодҳои расмӣ на танҳо ба амниятӣ миллӣ, ҳатто ба амнияти давлат низ хатар ба бор хоҳад овард.

Бо ин ҳама, давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ин ҳама мушкилӣ ва сахтиҳоро дар соли 2011 пушти сар карда, вориди соли 2012 мешавад. Аммо аз ин мушкилӣ ва сахтиҳо боз ҳам робитаи сарди Узбакистону Русия ва фасоди густардаи ҷомеаро дар ин сол низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Вале коршиносон мегӯянд, ба ҳар сурат Русия ба унвони як кишвари соҳибнуфуз талош хоҳад кард, то аз бурузи ҳаргуна ноамнӣ ва нооромӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад. Зеро дар ғайри сурат, на танҳо Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Марказиро бо захоири фаровони нафту газаш аз даст хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG