Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистону Чин созишномаи нав имзо мекунанд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, имрӯз дар Чин аст ва интизор меравад, ду тараф созишномаи наве дар бораи содироти газро ба имзо расонанд. Бар асоси ин созишнома, Туркманистон солона ба Чин 25 миллиард метри мукааб гази табиӣ хоҳад фурӯхт ва дар маҷмӯъ ҳаҷми умумии гази содиротиаш ба Чинро ба 65 миллиард метри мукааб хоҳад расонд. Рӯзи панҷшанбе раиси ҷумҳури Туркманистон дар маросими ифтитоҳи лӯлаи гази ҳашт ҳазору ҳафтсад километрие ширкат хоҳад кард, ки бо арзиши 22 миллиард доллар сохта шудааст ва гази Туркманистонро ба ҷануби Чин интиқол хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG