Коршиносони хориҷӣ ва дохилӣ вазъи Тоҷикистонро осебпазир меноманд, аммо мегӯянд, ҳанӯз фурсати ислоҳ мавҷуд аст.
Луиз Орбур, раҳбари Гурӯҳи Байнулмилалии Бӯҳроншиносӣ, дар матлабе дар маҷаллаи амрикоии "Foreign Policy" Тоҷикистонро дар ҷумлаи даҳ кишвари осебпазире ном бурд, ки бо эҳтимоли ихтилофу нооромиҳо рӯбарӯянд. Бино бар навиштаи ӯ, "Тоҷикистон дар баробари таҳдидҳои амниятии дохилӣ ва хориҷие истодааст, ки тавони рӯёрӯӣ бо онҳоро надорад."
Аммо ба назари коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Комёб Ҷалилов, пас аз шикасти дастаҳои Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло, ҳоло гурӯҳе мавҷуд нест, ки амнияти Тоҷикистонро зери суол гузорад.
Ҳамзамон ин коршиноси тоҷик эҳтимоли сирояти ноамнӣ аз кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистонро рад намекунад. Вай мегӯяд, дар ҳолати муайян бозиҳои минтақаӣ метавонад, сабаби нооромиҳо дар Тоҷикистон гардад: "Вазъи минтақаи мо, ба сурати умум ноором аст ва кишварҳои бонуфузе ба нооромӣ дар ин минтақа манфиатдоранд. Нерӯҳое ҳам ба хотири манофеи худ метавонанд аз ихтилофҳо истифода баранд ва фазои низоъ ва нооромиро ба вуҷуд оранд."
Аммо дар ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2011 шумори зиёди коршиносони тоҷик дар сӯҳбат бо расонаҳои ахбори ом таҳдиди асосӣ ба амнияти Тоҷикистонро дар дохили кишвар дидаанд. Онҳо чанд омилеро баршумурдаанд, ки ҳарчанд дар ҳоли ҳозир фақат ҳисси ноқаноатмандӣ ва норозигии мардумро ба бор овардаанд, дар ҳолати муайяне метавонанд, боиси ихтилоф ё низоъ дар кишвар шаванд.
Беташаббусии ҳукумати Тоҷикистон ва раҳбари он ба як ислоҳоти ҷиддии сохторӣ ва кадрӣ, набуди барномаи мушаххаси раҳоии кишвар аз бӯҳрони иқтисодӣ ва энергетикӣ, номуваффақии сохторҳои кишвар дар баробари мубориза бо фасод, идомаи хешутаборбозӣ ва маҳалгароӣ дар сатҳи давлатӣ, фишори доираҳо ва соҳибкорони муайян ба бахши хусусӣ, аз ҷумлаи ин омилҳои дохилӣ ба шумор меоянд. Аз ин миён, коршиносон Нуралишо Назаров ва Ҳоҷимуҳаммад Умаров "фасоди фарогир" ва "нокомиҳои иқтисодӣ"-ро аз омилҳои пурхатар унвон кардаанд.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, "омилҳои таҳдидкунанда аслан иқтисодиянд ва ҷиддитар аз ҳама амалӣ нашудани ислоҳот дар тамоми соҳаҳои Тоҷикистон аст."
Омилҳои иқтисодӣ низ ба андозаи зиёд марбути таҳдидҳои беруна буда метавонанд, ҳамон гуна ки муҳосираи роҳи оҳани Узбакистон ба афзоиши нархҳо дар Тоҷикистон ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ ба шиддат дар бозори шуғли Тоҷикистон сабаб мешаванд. Гузашта аз ин ҷомеа пайиҳам бо бӯҳронҳои хурдтари марбут ба дину мазҳаб рӯбарӯ мегардад, ки ихтилофи назарҳоро тезутунд мекунад.
Дар як маврид коршиносони тоҷик ва таҳлилгарони хориҷӣ ҳамназаранд, ки ҳанӯз ҳам ҳукумати Тоҷикистон, бахусус раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон фурсат ва имконияти кофӣ доранд, ки бо амалӣ намудани як ислоҳоти ҷиддӣ, шубҳаву гумонҳоро дар робита ба осебпазирии Тоҷикистон бартараф кунад. Аммо касе ҳадс зада наметавонад, ки ин фурсат чӣ қадар аст.