Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеа дар моварои рақобатҳои дин ва давлат


Ҳарчанд бештари мардум ба ситезҳои байниҳамии дин ва давлат кор надоранд, саранҷом онҳо қурбонӣ мешаванд.

Ба қавли расонаҳо, дар Тоҷикистон одат шудааст, ки сари чанд гоҳ фишор ба дин ва диндорон авҷ гирад ва сипас, оромие дар ин ҷабҳа иттифоқ афтад. Ин ҳол замоне ба миён меояд, ки давлат фикр мекунад, дин аз марзҳои озодии худ гузаштааст ва мумкин аст, ба давлат таҳдид намояд. Бархе аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон дар ин замина аз "динситез" шудани давлат ҳушдор медиҳанд.

Дар навбати худ, "ворид шудани зӯракӣ" ба дилу рӯҳи мардум бо баҳонаи пешгирӣ аз густариши дингароӣ ва маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон ҳисси эътирозеро дар ҷомеа доман мезанад ва эҳтимолан ба тундравии динӣ сабаб мегардад.

Раҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе дар ин пурсиши кӯтоҳ рӯшан кардаанд, ки ҷомеа аз "зиёдаравиҳо"-и ҳар ду ҷониб ба хубӣ огоҳ аст ва мехоҳад, ҳам намояндагони давлат ва ҳам намояндагони дин аз худ тафоҳум ва эътидол нишон диҳанд.

Равобити дин ва давлат
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG