Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавони тоҷик, баъд аз раҳоияш аз зиндон се таронаи тоза иҷро кардааст.
Шакли аудоӣ ё садоии таронаҳои нави Фарзона дастраси мардум шуда, вале то ҳанӯз навори видеоии онҳо дар дискфурӯшиҳои кишвар нест.
Вале як навори тоза аз лаҳзаи таронасароии Фарзонаи Хуршед бо хоҳараш Шабнами Сурайё дар ҷашнвораи Big Apple Awards, ки зоҳиран аз сӯи тамошобинон наворбардорӣ шудааст, рӯи сафҳаи Ютюб омадааст.
Агарчӣ Фарзонаи Хуршед барандаи ҷоизаи ҷашнвораи Big Apple Awards набуд, аммо ҳамроҳи хоҳараш Шабнами Сурайё ба ин ҷашнвора рафта, якҷоя тарона иҷро карданд. Ин тарона "Бикушо, ҷонам, дари бастаро" унвон дорад ва дар он чандин бор номи Фарзона ҳам зикр шудааст.
Фарзонаи Хуршед, ки дар ду соли ахир аз ӯ ба унвони "маҳбуси ишқ" ёд меоранд, моҳи августи соли ҷорӣ дар пайи қабули Қонуни афв аз зиндони занонаи шаҳри Норак озод шуд. Зиндоне, ки тӯли бештар аз як сол дар он ҷо қарор дошт ва ба гуфтаи худаш дӯстону ҳамроҳони бештаре пайдо карду шеъру таронаҳои нав эҷод намуд ва ҳунарҳои нав омӯхт.
Вай рӯзе, ки аз дарвозаи зиндони шаҳри Норак ба берун пой гузошт, заминро бӯсида ва гуфта буд, ки ангор рӯи озодиро мебӯсад. Фарзонаи Хуршед он вақт дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба хабарнигори Радиои Озодӣ таъкид кард, ки "шукр мегӯям ба озодӣ ва ба ин рӯз. Ман ҳатман ба рӯйи саҳна ва ба назди мухлисон бармегардам.”
Фарзонаи Хуршед дар авоили соли гузаштаи 2010 бо ҷурми кӯмак ба фирори дӯстдоштааш Фаррух Рӯзиев аз додгоҳ ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ духтари ҳунарманди тоҷик Сурайёи Қосим ва хоҳари хурдии Шабнами Сурайё, яке аз чеҳраҳои шинохта дар олами мусиқии поп мебошад, ки ҳанӯз дар хурдсолӣ вориди саҳнаи эстрадии Тоҷикистон шуда ва шӯҳрат пайдо кард.
Навори зер аз Ютюб аст: Лаҳзае аз таронасароии Фарзона ва Шабнам
http://www.youtube.com/embed/Ggq-mhAuRAQ?rel=0

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад