"Омили қирғизӣ" ва нигарониҳо аз он

Рӯйдодҳои ахири Қирғизистон раҳбарияти кишварҳои минтақаро ба истилоҳ "ҳушёр" кард ва аз сӯи дигар ин заруратро матраҳ намуд, ки ба сабаҳои сар задани ин рӯйдодҳо ва имкони таъсири он дар кишварҳои ҳамсоя назар афкананд.
Аз нигоҳи таҳлилгарон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ навъи ба худ хоси идораи диктатурӣ мушоҳида мешавад ва ришвахорӣ тақрибан ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст.

Гузашта аз ин, имрӯзҳо дар матбуот ин нуктаи назарҳо низ ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ки дар ин минтақа кишварҳои бузурги ҷаҳон, аз қабили Амрикову Русия ва Чин, дунболи манофеи иқтисодии худ мегарданд ва онҳо низ метавонанд ба рӯйдодҳои минбаъдаи Қирғизистон асар гузоранд.

Бо назардошти омилҳое аз қабили ришвахорӣ, парастиши раҳбарон ё кеши шахсият, бартариҳои иқтисодиву стротегӣ ва геополитикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баъзе таҳлилгарон бар ин андешаанд, ки ин минтақа дар рӯ ба рӯи нооромиҳо қарор дорад.

Тақрибан ҳамаи таҳлилгарон Қирғизистонро дар ин замина намуна меоранд ва имкони таъсири он дар минтақаро истисно намедонанд.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия зимни сухунони худ дар мулоқоти амнияти ҳастаӣ дар Вошингтон изҳор дошт, ки агар ҷонибҳои мухолифи Қирғизистон ба зудӣ натавонанд ихтилофҳои худро аз байн бибаранд, имкон дорад дар ин кишвар оташи ҷанг фурӯзон шавад.

Ӯ гуфт: "Ҳоло муҳимтарин кор роҳ надодан ба ҷанги шаҳрвандист. Ман мутмаинам, ки Қирғизистон дар остонаи ҷанги дохилӣ қарор дорад. Ҳоло ҳамаи нируҳои сиёсии Қирғизистон бояд масъулияти худро дар баробари миллати қирғиз, мардуми қирғиз ва ояндаи мавҷудияти давлати Қирғизистон эҳсос кунанд".

Оқои Медведев ҳамчунин хатари воқеии ба ҷанубу шимол ҷудо шудани Қирғизистонро таъкид кард.

Аз сӯи дигар, нашрияи "Индепендент" дар шумораи 13-ӯми апрели худ дар нооромиҳои Қирғизистон дасти Русияро истисно намедонад ва менависад, дар чунин нооромиҳо, албатта норизоятии мардуми нодор, ришвахории раҳбарон ва ба мақомҳои раҳбарӣ овардани аъзои хонаводаи Қурмонбек Боқиев нақши бориз доштааст ва аз ин омилҳо истифода шудааст.

Сейитбек Усмонов, таҳлилгари мустақил аз Маркази мутолеоти Осиёи Марказӣ дар Бишкек мегӯяд, Русия аз муддатҳо қабл заминаро барои чунин нооромиҳо фароҳам мекард.

Ба гуфтаи ӯ, шабакаҳои телевизионии Русия, ки зери назорати Кремл қарор доранд, ҳаққи интиқод аз ҳукумати Қурмонбек Боқиевро ба даст оварданд.

Оқои Усмонов меафзояд, барои барангехтани норизоятии аҳолӣ дар Қирғизистон Кремл аз аҳромҳои иқтисодӣ низ истифода кардааст. Боло бурдани нархи фаровардаҳои нафтӣ, боло бурдани андоз бар колоҳои содиротии Қирғизистон ва маҳдуд кардани гардиши коло бо кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ, яъне бо Русияву Қазоқистон аз ҷумлаи чунин намунаҳо мебошанд.

Усмонов чунин мегӯяд: "Аз ҷониби Русия баъзе тадбирҳое андешида шуд, ки иқтисоди Қирғизистонро ба мушкил рӯ ба рӯ кард ва ба фазои сиёсӣ низ асар гузошт. Қабл аз ҳама, Русия Иттиҳоди Гумрукӣ ташкил кард ва Қирғизистонро ба он роҳ надод. Ба ин тартиб, Қирғизистон ҳангоми содироти колои худ ба хориҷ ба мушкил мувоҷеҳ мешуд. Тақрибан 3 ҳафта пеш аз инқилоби кунунӣ, аз 15-ӯми март ба ин сӯ дар рӯзномаҳои давлатӣ, шабакаҳои телевизионии НТВ, РТР, ОРТ хабарҳои шадидуллаҳн бар зидди ҳукумати Боқиев пахш мешуд".

Оқои Усмонов фарзияҳоро дар бораи ҷудо шудани Қирғизистон ба шимолу ҷануб рад мекунад ва мегӯяд, президент Боқиев зодаи ҷануб аз Ҷалолобод аст ва дар ҳукумати муваққати имрӯз низ бисёре аз шахсиятҳоро метавон дид, ки зодаи ҷануби Қирғизистон мебошанд.

Ӯ Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатро аз шаҳри Ӯш, Омурбек Тикебоев ва Азимбек Бекназаров, муовинони вай ҳар ду аз Ҷалдолобод ва Исмоил Исҳоқов, вазири дифоъро мисол меорад, ки аз ҷануб, аз водии Олой мебошад.

Раҳматулло Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик низ омилҳои "минтақаи шимолу ҷануб"-ро дар Қирғизистон рад мекунад ва мегӯяд, мардум бо ваъдахилофиҳои президент Боқиев дигар муросо накарданд.

Ӯ мегӯяд: "Агар заминаи дохилӣ ё "омили қирғизӣ"-и он низом намебуд, ҳатто агар мо таъсири омили беруниро дар назар бигирем, он қадар ба натиҷае, ки ба тағир хӯрдани низоми сиёсӣ ва ба сари қудрат омадани нируҳои дигар оварда мерасонид, ин натиҷаро намедод".

Бо назардошти мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва захоири ғании энержии минтақаи Осиёи Марказӣ таҳлилгари тоҷик Раҳматулло Абдуллоев мегӯяд, дар ҳамаи кишварҳои минтақа омилҳои ба истилоҳ "Қирғизистон" вуҷуд дорад ва бозигарони минтақа метавонанд ба хубӣ аз он истифода кунанд.

Оқои Абдуллоев мегӯяд: "Дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ин дарде, ки дар Қирғизистон сар зад, вуҷуд дорад. Муттаассифона, тақсимоти ҳудудӣ, ба хусус маҳалгароӣ дар минтақа, чӣ дар Қазоқистон ва чӣ дар дигар кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон, вуҷуд дорад. Албатта, дар баробари кишварҳои дӯст кишварҳое ҳастанд, ки кӯшиш мекунанд, масалан, аз тамоми ҳаводиси сиёсии минтақа барои манофеи худ истифода бибаранд. Аз ин ҳаводис ҳам метавонанд истифода баранд, чӣ дар Қирғизистон ва чӣ дар кишварҳои дигар. Барои ҳамин ин дарди ҳамаи мост".

Бисёре аз таҳлилгарони минтақаӣ мегӯянд, тазоҳуроти эътирозии Қирғизистон замоне доманаи густарда пайдо кард, ки Қурмонбек Боқиев ба писари 32-солаи худ Максим мақоми баланди ҳукуматӣ дод ва ба эҳтимоли зиёд вайро барои ҷои худ омода мекард.

Ҳоло чунин мушоҳида мешавад, ки дар Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Гулнора, духтараш имтиёзҳои зиёд додааст ва Нурсултон Назарбоев низ заминаро барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба яке аз духтарони худ фароҳам месозад.

Вале боз суол ин аст, ки назардошти рӯйдодҳои ахири Қирғизистон метавон пешбинӣ кард, ки чунин кор ба онҳо муяссар хоҳад шуд ё хайр?

Тафсилоти бештари таҳаввулоти Қирғизистон:

Ҷалолобод дар интизори сарнавишт


Шароити нави Боқиев барои интиқоли қудрат