Ин шаҳри ду ҳазорсола бо 250 ҳазор аҳолӣ аз таъриху тамаддуни худ ифтихор дорад. Аммо акнун Ҷалолобод ба думболи он ки мақари муваққати Боқиев қарор гирифт, ба ҷабҳаи қудратталабӣ низ табдил шудааст.
Агар шумо боре ба Ҷалолобод сафар карда бошед, ин бор ба зудӣ мушоҳида мекунед, ки ба сурати ғайри маъмулӣ кӯчаҳои он камодам аст.
Ҷалолобод маъмулан кӯчаҳои сеордаму пур сару садо дорад ва дар он метавон ба осонӣ раҳгум зад. Аммо ҳар нафаре, ки бо таҳаввулоти ахир дар шаҳри шимолии Талас ва Бишкек огаҳӣ дорад, медонад, ки шӯриши мардум ва кушта шудани даҳҳо нафар раиси ҷумҳур Боқиевро ба фирор ба зодгоҳаш Ҷалолобод маҷбур кард.
Ҳоло мардум камтар ба кӯча мебароянд, то мабодо ҳодисае рух диҳад ва онҳо дар кӯча ин вақт бошанд.
Зоҳран ба назар мерасад, ки зиндагӣ дар Ҷалолобод дар маҷрои маъмулӣ равона аст. Дар чанд рӯзи ахир теъдоди бештари дӯкону мақозаҳо дарҳои худро ба рӯи муштариҳо боз карданд ва мардум низ оҳиставу бо эҳтиёт барои харидории маводи ниёзи аввал ба кӯча мебароянд.
Аммо ҳузури Боқиев, ки ҳанӯз ҳам худро раҳбари қонунӣ мехонад, дар Ҷалолобод эҳсос мешавад ва мардум дар баҳси ин мавзуъ ҳассосият доранд.
Аз ин рӯ, мушаххас кардан душвор аст, ки кӣ дар кадом самти ҷабҳа қарор дорад. Ин номуаянӣ дар гирдиҳамоӣ бо ширкати Қурмонбек Боқиев бештар мушоҳида шуд.
Дар ин гирдиҳамоӣ беш аз чаҳор ҳазор нафар иштирок дошт. Аммо вақте, ки Боқиев ба майдон омад танҳо аз се як ҳиссаи мардум ӯро бо кафкубӣ истиқбол карданд. Ҳама ба атроф ва ба якджигар менигаристанд, то мушаххас кунанд, ки тарафдору мухолиф кист. Кӣ аз Боқиев гарму ҷӯшон истиқбол мекунад ва кӣ хомушӣ ихтиёр кардааст.
"Бетарафӣ" -и комил дар Ҷалолобод
Ҷойи ҳайрат нест, ки танҳо якчанд сокини Ҷалолобод ҳозир шуданд то вазъиятро шарҳ доданд. Мардуми Қирғизитон бештар мардуми сиёсианд ва мавзӯъҳои сиёсиро фаъолона баҳс мекунанд.
Аммо мо бо ҳар касе ҳамсӯҳбат шудем ва пурсидем, ки тарафтори кист, чавобҳо маъмулан якранг ва ҳама гӯё бетараф буданд. Як зан дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳр дар посух ба пурсиши мо гуфт, ки аслан дар пайи таҳаввулоти сиёсӣ нест.
Ҷавоне, ки дар паҳлӯи ин зан меистод гуфт, ки рақобати сиёсӣ на ба ӯ ва на ба хонаводаи ӯ дахл надорад.
Посухи мардум дар поёни ҷода, дар яке аз маҳаллаи бозорҳои шаҳр низ ҳамингуна буд: "намедонем, кор надорем".
Макомоти шаҳрро ҳукумати худгардони Қирғизистон ба тозагӣ таъин кард ва маълум аст, ки онҳо аз кадом гурӯҳ чонибдорӣ мекунанд.
"Мавқеъи аҷиби пулиси Ҷалолобод"
Мавқеъи пулиси маҳаллӣ, ки ходимони он ахиран ба кор баргаштаанд, аз ҳама ҷолиб аст. Онҳо ба президенти барканоршудаи Қирғизистон имкон доданд, ки 12 апрел, аз роҳи қаблан омода шуда, бидуни мамоният ба гирдиҳамоӣ бирасад.
Ходимони пулиси роҳ низ мавҷи мошинҳоро, ки ба ҷойи ҳодиса омаданд, ба низом меоварданд.
Шаҳрдори навтаъиншудаи Ҷалолобод ба радиои Озодӣ гуфт:" Қирғизистон давлати демократӣ аст, онҳо ҳақ доранд гирдиҳамоӣ кунанд. Пулис ошкоро намегӯяд, ки ҷонибдори кадом гурӯҳ аст.
Мисле, ки барои онҳо фарқ надорад, дар гирдиҳамоӣ Боқиев сӯҳбат мекунад ё намояндаи ҳукумати нав. Ҳангоми убур аз паҳлӯи ходими баландпояи пулис аз ӯ пусидем, ки оё ҳузури президенти барканоршуда дар маркази шаҳр ва дарёфти иҷозаи иштирок дар гирдиҳамоӣ аломати пуштибонӣ аз ӯ нест?
Пулис дар посух ба қаҳр, "гум шавед, аз ин ҷо!" гуфт.
Қазовати одилона ин аст, ки бахши аъзами мардум дар Ҷалолобод аз ин ё он гуруӯҳ ҷонибдорӣ мекунанд. Аммо тарҷеҳ медиҳанд, ки дигарон аз мавқеъи онҳо бохабар нашаванд.
Онҳо на аз Боқиев метарсанд на аз ҳукумати нав, онҳо мардуми ҳамин маҳаланд. Рӯзҳое аҷиб ба сари мардуми Ҷалолобод омадааст.
Тафсилоти бештари таҳаввулоти Қирғизистон:
Шароити нави Боқиев барои интиқоли қудрат
Отунбоева шарти истеъфои Боқиевро мепазирад