Мақомоти Тоҷикистон дар як изҳорот ҳувияти 5 шаҳрванди дар даргириҳои Тавилдара кушташудаи Русияро эълон карданд.
Ба гуфтаи Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ду нафари онҳо доғистонӣ, як рус, як қазоқ ва як тотор буда, дар шаҳрҳои гуногуни Русия, ба монанди Новочеркасск, Нижневартовск, Санкт-Петербург ва Старий Оскол ба сар мебурдаанд.
Дар изҳороти мақомоти Тоҷикистон гуфта мешавад, ин афрод "рӯзи 16-уми июл дар посгоҳи Ҳави Кабуди ноҳияи Тавилдара дарёфт шуда, ба талабҳои қонунии кормандони ҳифзи ҳуқуқ итоат накарданд ва ба таври ногаҳонӣ ба посгоҳ ҳамла оварданд. Дар натиҷа ду низомии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон захмӣ гаштанд. Бар асари амалҳои ҷавобӣ аз тарафи ҷинояткорон тирандозӣ сар шуд ва дар натиҷа онҳо ба ақибнишинӣ маҷбур шуданд."
Ҳангоми таъқиби ҳамлаварон 5 нафари онҳо кушта шудаанд. Аз ҷойи даргирӣ ҷасади ин панҷ нафар, асноди ҳувият, аслиҳа ва муҳимоти онҳо кашф шудааст.
Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри ном, номи хонаводагӣ, номи падари кушташудагон ва маҳалли сабти ном ё иқомати онҳо дар Русия, мегӯянд, аз оғози амалиёти "Кӯкнор - 2009" то имрӯз 9 нафари мусаллаҳ дар даргириҳои шарқи кишвар ба ҳалокат расидаанд.
Муҳаммадҷон Нарзиев, корманди дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи шиносоӣ шудани ҳувияти панҷ нафари кушташуда шаҳрванди Русия будани онҳо аз рӯйи аснодашон мушаххас шудааст:
«Ин афроди кушташуда инҳо будаанд: Магамедов Шамил Саидович, соли таваллудаш 1988, доғистонӣ, сокини шаҳри Новочеркаси вилояти Ростови Русия, Аббасов Ахмед Магамедович- соли таваллдуаш 1984 миллаташ доғистонӣ, сокини Доғистон, Бабин Алексей Владимирович- соли таваллудаш 1989, миллаташ рус,сокини шаҳри Нижневортовскии вилояти Тюмен, Хан Роман, соли таваллудаш 1984 миллаташ –қаззоқ –сокини ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-петербург, Сабдюшев Ренат Рамилевич, соли таваллудаш 1983 миллаташ тотор, сокини шаҳри Старий Осколи Федератсияи Русия. Тафтишот нишон медиҳад,ки ҳамаи ин кушташудагон сокинони Русия буда, узви гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ мебошанд.»
Аммо дар изҳорот ҳувияти 4 нафари дигар шиносоӣ нашудааст ва инчунин тасдиқи ҳувияти ин панҷ нафар аз тарафи манобеъи дигар ва мустақил низ ба даст нарасидааст. Аз ҷумла Сафорати Федерасиюни Русия дар Тоҷикистон низ то ҳоло ҳувияти кушташудагонро ҳамчун шаҳрвандони Русия тасдиқ ё рад накардааст. Намояндагони сафорат ба пурсиши хабарнигорони мо посух намедиҳанд.
Дар ҳоле ки Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, ҳамаи кушташудагон узви созмони ҷиноятие буданд, ташреҳ намешавад, ки ин гурӯҳ оё бо қочоқи маводи мухаддир машғул буд ё марбут ба ҷумбишҳои тундрави исломист, аз куҷо ва бо чӣ мақсаде вориди Тоҷикистон гаштааст. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфтанд, 5 чечентабори Русияро дар шаҳри Душанбе боздошт кардаанд, вале ҳувияти онҳо ва рабташон ба кушташудагони Тавилдара эълон нашудааст.
Аксаран дар чунин рӯйдодҳо шаҳрвандони Чеченистон ва Доғистон ҳамчун афроди марбут ба гурӯҳҳои террористӣ муаррифӣ мешаванд ва мавҷудияти онҳо дар чунин воқеаҳо ишора ба терроризми байнулмилалист.
Бо шурӯъи даргириҳо дар минтақаи шарқи Тоҷикистон ин дуюми мавридест, ки мақомоти расмии Душанбе роҷеъ ба ҳузури афроди мусаллаҳе аз ҳисоби табааи Русия дар маҳалли даргириҳо хабар медиҳанд.
Мавриди аввал баъди амалиёти рӯзҳои 8-11 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тавилдара буд, ки дар натиҷаи он вазири пешини ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон Мирзо Зиёев кушта шуд.
Рӯзи якшанбеи гузашта дар изҳороти муштараки Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи Амнияти милии Тоҷикистон гуфта шуд, ки дар ҳангоми амалиёти зидди гурӯҳҳои шӯришии Неъмат Азизов, яке аз раҳбарони гурӯҳҳи шӯришӣ, ки бо нирӯҳои ҳукуматӣ вориди даргирӣ шудааст, панҷ шаҳрванди чечентабори Русия боздошт шуданд. Мақомот ин афродро ҳамчун қочоқбароне муаррифӣ карданд, ки муддате дар Душанбе ба сар бурдаанд.
Аммо бархе аз коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки эҳтимолан дар сурати дуруст будани ин иттилоъ, афроди мазкур аз он тоифаи зархариде мебошанд, ки барои иҷрои амалиёти фармоишӣ ба ҳайати гурӯҳҳои ошӯбгар пайвастаанд.
Эҳтимоли дигар ин аст, ки баъди танг шудани ҷои ҷангиён дар паи амалиёти нирӯҳои амрикоӣ дар марзи Покистону Афғонистон ин афрод низ ҳамроҳ бо дигар гурӯҳҳои шӯришӣ вориди хоки Тоҷикистон шудаанд.
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон дар ин бора чунин изҳори назар кард: «Албатта, ин афрод метавонанд узви кадом як гурӯҳи террористӣ бошанд, аммо онҳо бо худ паспорти ягон кишвари дигар ба монади фарз кардем Покистон ё Афғонистонро надоштаанд, балки паспорти шаҳрванди русро бо худ доштанд. Барои ҳамин ҳам ба назари ман бояд сафорати Русия ошкор гӯяд, ки ин шаҳрвандони моянд, аммо аз ҷониби кишвари мо сафарбар нашудаанд. Зеро дар бораи ҳувияти онҳо ҳама чиз маълум, ки ҳаст, нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд»
Дар ҳамин ҳол, ҳамоно дарёфти иттилои дақиқу охирин аз минтақаи Тавилдара, ки гуфта мешавад эҳтимолан макони рӯёрӯиҳои гурӯҳҳои шӯришиву нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон шудааст, як кори сахт аст.
Дар Изҳороти рӯзи шанбеи худ мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистон мегӯянд, ки баъди ҳодисаи ахири кушта шудани нӯҳ нафар, ки панҷ танашон шаҳрвнадони Русия буданд, "амалиёти ҷустуҷӯ ва безараргардонии силоҳбадастони боқимонда давом дорад".
То ҳол ҳеҷ маълумоте саҳеҳ ва дастиаввал роҷеъ ба ҳувият, шумор ва табиати гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки дар Тавилдара боқӣ мемонанд, дар даст нест.
Ба назари ман, бояд сафорати Русия ошкор гӯяд, ки ин шаҳрвандони моянд, аммо аз ҷониби кишвари мо сафарбар нашудаанд. Зеро дар бораи ҳувияти онҳо ҳама чиз маълум, ки ҳаст, нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд...