Бар асари як даргирии тақрибан нӯҳсоата дар мавзеи Ҳавзи кабуди ноҳияи Тавилдара ва Ёфучи ноҳияи Нуробод , тақрибан 130-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, 6 нафар аз гурӯҳи мусаллаҳ кушта ва 2 нафар аз нерӯҳои давлат захмӣ шудаанд. Ин иттилоъро яке аз кормандони Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Нуробод тасдиқ кард.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, даргирӣ соатҳои шаши бомдод шурӯъ шуда, тақрибан то соати сеи баъд аз нимирӯзӣ идома кардааст.
Хабаргузориҳои Франс Пресс ва Интерфакс аз қавли аз қавли сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навиштаанд, ки бар асари задухӯрд дар наздикии як посгоҳи Горди миллӣ дар ноҳияи Нуробод, 5 ҷангии мусаллаҳ, ки гуфта мешавад, атбоъи Русияанд, кушта шудаанд. Франс Пресс теъдоди низомиёни давлатро, ки захмӣ шудаанд, 6 нафар номид.
Як манбаъи дигар аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" рӯй додани ин даргириро тасдиқ карда, афзудааст, бар асари он 6 ситезаҷӯӣ кушта ва 5 низомии давлат захмӣ шудаанд. Вай ҳамаи 6 нафарро шаҳрвандони Русия номидааст.
Интерфакс мегӯяд, ин посгоҳи Горди миллӣ шаби панҷшанбе ба ҷумъа ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Манбаъи Интерфакс гуфтааст, бар асари оташи ҷавобӣ 5 ҷангӣ ба ҳалокат расида, дар ин даргирӣ 2 сарбози Горди миллӣ низ ҷароҳат бардоштаанд.
Бошандагони деҳаҳои атроф мегӯянд, имрӯз сарбозони давлат ҷасади ду нафар аз мусаллаҳонро аз кӯҳ ба поён фуровардаанд. Онҳо меафзоянд, шаҳрванди хориҷӣ будани яке аз ин кушташудагон маълум гаштааст.
Як намояндаи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфтааст, ҳамаи ҷангиёни кушташуда бо худ шиносномаи Русия дошта, аз чеҳра ва исми онҳо бармеояд, ки аз минтақаи Қафқоз будаанд.
Сокинони маҳал мегӯянд, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ин аввалин бор аст, ки дар минтақаи онҳо чунин даргириҳо ба амал меояд. Ба гуфтаи онҳо тамхин мерафт, ки ин гурӯҳи мусаллаҳ чанде пеш дар мавзеъи Сурхави Чилдара пинҳон гашта буд ва акнун ҳангоми тағйири макон бо нерӯҳои давлат рӯбарӯ шудааст.
Ба гуфтаи бошандагони ин маҳал, аз мавзеи Сурхав ба тавассути кӯҳҳо то Ҳавзи Кабуд ҳамагӣ якуним то ду соат роҳ аст. Эҳтимол меравад, ин гурӯҳ ҳангоми тарки саҳнаи даргириҳо дар роҳ ба Ҳавзи Кабуд бо камини нерӯҳои давлат рӯбарӯ гаштааст.
Дар ҳамин ҳол тадоруки нерӯҳои давлатӣ дар ин маҳал афзоиш ва посгоҳҳо тақвият меёбанд. Низомиён мегӯянд, пас аз як силсила даргириҳо вазъият дар Тавилдара ором аст ва бо вуҷуди задухӯрди ахир дар Ҳавзи Кабуд шоҳроҳи Душанбе -- Ҷиргатол баста нашуда, ҳаракати нақлиёт дар он идома дорад.