Тоҷикистон дар фазое аз Рӯзи Ваҳдати Миллӣ таҷлил мекунад, ки ҷомеаи ин кишвар дигар биме аз "қумандон-бародар" ё "рафиқ командир" надорад.
Ва номҳои маъруф ҳам ба мисли генералҳо Файзалӣ Саидов Ғаффор Мирзоев, Шамолов, Чолов, полковник Худойбердиев, ё фармондеҳони собиқи оппозитсиюн, ба мисли Мирзо Зиёев, Ҳазрати Ризвон, Шайх, Мулло Абдуло, Маҳмадрузӣ Искандаров, Раҳмон- Гитлер, Мансур ва даҳҳо фармондеҳони дигаре, ки обуҳавои кишвар ё минтақаҳои муайянро таъин мекарданд, дигар сари забонҳо намечархад.
Агар чанд сол қабл дар хиёбонҳои ҳатто пойтахт зиреҳпӯшҳо ва афроди низомӣ зиёд ба назар мерасид, акнун шумо инро намебинед. Мағозаҳо, фурӯшгоҳҳои бузург, хонаҳои баландошёна ва ҳатто корхонаҳои азим ва ширкатҳое, ки ба номи ин ё он командир ё фармондеҳ амалан тааллуқ доштанд, ҳоло чунин нест.
Роҳе ки кишварро ба ин шароит расонд, чандон тахту ҳамвор набуд. Пас аз як амалиёти мармуз дар як шаб Файзалӣ Саидови бонуфуз ва Сангак Сафаров, ки бо номи «Бобои Сангак» машҳур, буд кушта шуданд.
Дар он сӯи рӯдхонаи Панҷ дар Афғонистон сарвари оппозисиюни тоҷик Саид Абдулоҳи Нурӣ бо Ризвон мушкил дошта ва дар пайи дур кардани ӯ аз нерӯҳои оппозитсиюн буд.
Бо дур шудани Ризвон ва кушта шудани Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов дасти Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо ва дасти Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз он ҷо боз шуд. Акнун онҳо метавонистанд, бидуни фишори фармондеҳону мусаллаҳон дар бораи оштӣ суханҳои аввалинро бизананд.
Пас аз имзои созишномаи нахустин дар соли 1994 дар Теҳрон кумиссиюни муштараки назорат ба оташбаси муваққат иборат аз 8 нафар ба кор шурӯъ кард. Чаҳор узви он аз тарафи мухолифон дар моҳи ноябри соли 1994 вориди Душанбе шуданд ва ҳамроҳ бо аъзои ҷониби ҳукумат аз пайи кор шуданд.
Аммо баъд аз чанде ҳамраиси он, намояндаи мухолифон Ҳоҷӣ Музаффар рабуд ва бенишон шуд.
Ин кумиссиюн дар шароите ба фаъолият шурӯъ намуд, ки сухани аввалро силоҳ мезад ва қумандонҳо мазза ва ширинии силоҳро чашида ва бо силоҳ зиндагӣ мекарданд ва бо силоҳ хӯ гирифта буданд.
Ба назари ҷомеашиносон ва таҳлилгарон, пас аз имзои сулҳ ва талоши ҳукумат ва иттиҳодияи оппозитсиюн, ба вижа собиқ Кумиссиюни оштии миллӣ, як кишвари ҷангзада ва низомишуда марҳила ба марҳила ва рӯз ба рӯз ба самти халъи силоҳ ва коҳиши нуфузи ҷангсолорон ҳаракат кард.
Ба қавли муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, генерал Абдулло Ҳабибов, расидан ба як ҷомеаи ғайриҳарбӣ барои ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ оппозитсиюн Саид Абдулоҳи Нурӣ осон даст надодааст.
Машваратҳои давомдор бо генералҳои саркаш ва, ба истилоҳ, қумондонҳои худӣ ва мутақоид кардани онҳо ба зиндагии мулкӣ сабру таҳаммул хештандорӣ ва азхудгузаштагиҳои зиёдро тақозо мекард.
Ин кӯшиш ба он овард, ки дар ҷомеаи пас аз сулҳ ҷое барои афроди мусаллаҳи худсар ва қумондонҳои "якшаба генералҳо" боқӣ намонад.
Дар соли 1998 қиёми полковники саркаш Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамлаи у ба вилояти Суғд, ва дар як мушт ба ҳам омадани нерӯҳои ҳукумат ва мухолифон ва дар ниҳоят хунсо кардани сарҳанги ошӯбгар нишон дод, ки масири сулҳ яктост ва роҳ ба гузашта надорад
Ҷониби ҳукумат ва иттиҳодияи оппозисиюн бо созмон додани баталйони 25-и Вазорати дифоъ, ки фармондеҳии онро Ҳоҷӣ Ҳалим, аз фармондеҳони мухолифон дар ӯҳда дошт, як нерӯи дигари муштараке буд, ки дар сурати сар баланд кардани қумандонҳои саркаш корбаст мешуд.
Амалиёти маҳв кардани гурӯҳи Саидмухтор, Раҳмон-Гитлер, Мансур Муаккалов дар атрофи Душанбе аз ҷумлаи ҳамин гуна амалиёти муштараки ҳукумат ва мухолифон буд.
Бархе аз фармондеҳони собиқ оппозисиюн ба мисли Мирзо Зиёев, Маҳмадрузӣ Искандаров, Ғайрат Адҳамов, Ҳоҷи Алӣ, Ҳаким Қаландаров ва дигарон тибқи саҳмияи 30-дарсада соҳиби курсиҳои давлатӣ ва бархеи дигар шомили сохторҳои низомӣ шуданд.
Фармондеҳони бонуфузи ҷониби ҳукумат, ба мисли Сӯҳроб Қосимов, Қурбон Чолов, бародарон Шамоловҳо, Файзалӣ Лангариев ва дигарон бо мурури вақт аз қисмҳои ҳарбии худ хориҷ шуда, ба зиндагии мулкӣ баргаштанд ё дар вазифаҳои дигар кор мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ин ки сулҳу субот ва оромӣ халалдор нашавад, ибтидо ба бархе аз фармондеҳони худ гузашт кард, вале дар фурсати муносиб онҳоро ба ҳабс гирифт.
Ҳоло ду фармондеҳи дар гузашта бонуфуз Ғаффор Мирзоев, ки як замон фармондеҳи горди раёсатҷумҳурӣ ва як муддат раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир буд ва Ёқуб Салимов -- собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон дар маҳбас ба сар мебаранд.
Машваратҳои давомдор бо генералҳои саркаш ва, ба истилоҳ, қумондонҳои худӣ ва мутақоид кардани онҳо ба зиндагии мулкӣ сабру таҳаммул хештандорӣ ва азхудгузаштагиҳои зиёдро тақозо мекард...