Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омилҳои хатарзо ба сулҳи тоҷикон


Убайдулло Файзуллоев, сарвари бахши вилоятии ҳизби наҳзат ҳамчун намунаҳо аз пешрафтҳои муҳими давраи баъди имзои созишномаи сулҳ, ифтитоҳи нақби Анзоб, оғози амалӣ сохтани тарҳҳои хати баландшиддати барқи Ҷануб - Шимол, бозсохти роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд ва нақбзанӣ аз гарданаи Шаҳристонро ном бурд. Аммо оқои Файзуллоев афзуд, бо ин ҳама ахиран дар самти сиёсӣ омилҳое ба миён омадааст, ки метавонад ба сулҳи байни собиқ нируҳои мухолифин ва қувваҳои ҷонибдори давлати Тоҷикистон рахна ворид созад. Оқои Убайдуллоев аз се омили асосии хатарангез ёдоварӣ кард:

Якум, узвияти ҳизби ҳукмрон будан - чун шарти соҳиби мақому курсӣ шудани ҳар як фард ба фикри ман, нодуруст аст. Ба ин бояд ҳукуматдорони давр аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Масалан, дар ноҳияи Спитамен, дар корхонаи «Гулистон» намояндагии ҳизби халқӣ - демократӣ ҷойгир шудааст ва чаро ин корхона ба аҳзоби дигар ҷои кор ва дафтар ҷудо намекунад? Дуюм, риоя нашудани волоияти қонун, яъне қонуншиканиҳо аз тарафи ҳизби ҳукмрон нодида гирифта мешавад, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои қонуншиканӣ ҳизбҳои дигарро зери фишору тазйиқ гирифтаанд. Сеюм, ба ақидаи ҳизби халқии демократӣ дода шудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Ин низ ба ояндаи сулҳи тоҷикон хавфи бузург дорад. Органҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд дар ҳимояти сарқонун бошанд, на ин ки танҳо аз як ҳизбеву табақае ҳимоят кунанд.
Дар авоили моҳи май як узви фаъоли ҳизби наҳзати исломӣ дар Исфара - Саъдулло Маъруфов, мулаққаб ба домулло Увайсхон дар милисахонаи ин маҳал зимни боздошт ба таври асроромез ба ҳалокат расид. Масъулини ҳизби наҳзат дафъатан куштори ҳамҳизби худро кори дасти милиса арзёбӣ карданд. Абдусаттор Бобоев, сарвари бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар Исфара ин куштор ва ба думболи он гуфтаи додситонии суғд дар мавриди робитаи бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар Исфара бо аъзои ҳаракати исломии Ӯзбакистонро як навъ фишор болои ин ҳизб ва кӯшиши костани нуфузи сиёсиаш дар давраи пеш аз интихоботи президентӣ меномад:

Шояд баъзе ҷинояткорон бошанд, аммо онҳо ба ҳизби наҳзати ислом нисбат надоранд. Шояд ин ҷо бозиҳои сиёсӣ бошад барои суст кардани фаъолияти ҳизби наҳзати ислом ва ҷилавгирӣ аз иштироки фаъолонаи он дар чорабиниҳои сиёсӣ, ба хусус пеш аз интихоботи президентӣ. Раёсати бахши ноҳиявӣ дар ҷаласаи худ ахиран дар ин бора изҳорот пахш кард дар бораи узрхоҳии додситонии Суғд аз раёсати бахши ҳизби назати исломӣ дар Исфара, ки ҳама аъзои онро ба ҲИУ мансуб донист. Дар акси ҳол ба додгоҳ муроҷиат хоҳем кард.

Баҳси мизи гирд дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ - зербинои истиқлол» дар дафтари намояндагии вилоятии ҳизби наҳзати исломӣ дар Хуҷанд бо иштироки масъулини бархе аз аҳзоби сиёсӣ, мақомоти ҳукумати вилояти Суғд ва созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Абдулҳаким Шарипов, сарвари шӯъбаи иҷтимоиву фарҳангии ҳукумати Суғд таъсиси Шӯрои ҷамъиятии умумиҷумҳуриявӣ ва Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро аз иқдомҳои муҳимтарин дар тайи солҳои ахир дар ҳамоиши ҳизбу нирӯҳои сиёсии кишвар хонд, аммо вуҷуди мушкилот ва нофаҳмиҳоро дар ин ҷода рад накард:

Ман мехостам қайд кунам, ки сиёсат бе камбудӣ намешавад. Мо бо роҳи тайношуда рафта истодаем ва қадамҳои аввалинро дар ҷодаи бунёди ҷомеаи адолатпеша ва демократӣ гузошта истодаем. Ва онҳое, ки ин сиёсатро пиёда месозанд, ба ҷиҳати дониш, савия, таҷриба ва омодагии сиёсӣ ба ҳам баробар нестанд. Аз ин рӯ дар баъзе маҳалҳо бо баҳонаи он ки як ҳизб ҳизби раҳбарикунанда асту дигар ҳизбҳо чунин мавқеъ надорад, муносибатҳои сарфиназаркунанда мушоҳида мерасад. Аммо ин падидаро чун воқеъияти имрӯз баҳо додан мумкин нест, он хусусияти ҷузъӣ ва субъективӣ дорад.

Ба ақидаи оқои Шарипов, дар чунин вазъ роҳи ҳалли ҳама гуна ихтилофот миёни нирӯҳои сиёсӣ ва давлатро ба тариқи мусолиҳатомез ва таҳаммул бояд ҷуст.
Ӯ бо радди ақидаи масъулини ҳизби наҳзати исломӣ дар мавриди якҳизбии соҳибмансабони Суғд, ки танҳо аз ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ намояндагӣ мекунанд, гуфт, дар курсиҳои мақомҳо аъзои аҳзоби дигари сиёсӣ низ нишастаанд, аммо ҳеҷ як аз онҳо бо назардошти мансубияти ҳизбӣ ва изҳори садоқат ба ҳизби ҳукмрон курсии мақомро ба даст наовардааст.
XS
SM
MD
LG