Ҳафтаномаи «Миллат» дар сармақолаи худ-«Чи нерӯе дар қасди кабӯтари сулҳ аст» ба таҳқиқи ин таркишҳо пардохта навиштааст, ба гуфтаи коршиносон имкон дорад, ин кор барои ноором нишон додани вазъияти Тоҷикистон дар остонаи сафари Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Ирон ба Тоҷикистон ва ё интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар сурат гирифтааст.
Аммо «Азия плюс» хабар додааст, ки рӯзи чаҳоршанбеи 21 июн вазорати дохилаи Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ фарзия ва гунаҳкорони таркишҳои ахири Душанберо эълом кард. Муаллифи матлаб менависад, вазорати дохилаи кишвар фарзияи сиёсӣ ва амали террористӣ будани ин таркишҳоро рад кард. Дар ин матлаб исми 10 нафар гунаҳкорони таркишҳо номбар шудааст, ки аз дувоздаҳ то ҳаждаҳ сол доранд. Ҳамзамон рӯзнома дар ин матлаб хабар додааст, ки рӯзи 16 июн дар наздикии Душанбе таркиши дигар ба вуқӯъ пайваст ва тибқи иттилои вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ин таркиш дар натиҷаи ихроҷи гази табиӣ дар лӯлаҳои газ ба амал омадааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Факти и комментарий» дар матлабе унвони «Кӣ Душанберо метарконад?» дар робита ба яке аз ин инфиҷорҳо, ки дар назди Бунёди хайрияи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба амал омадааст, аз Муҳиддин Кабирӣ, муовини раиси ин ҳизб суол кардааст. Нашрия менависад, Муҳиддин Кабирӣ инфиҷорҳои Душанберо ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон марбут намедонад, вале бовар надорад, ки ин таркишҳо тасодуфӣ буданд.
Аммо ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита ба рӯзи ваҳдати миллӣ сӯҳбатеро бо раиси ин ҳизб, ки яке аз ташаббускорони сулҳи тоҷикон номбар мешавад, анҷом додааст. Оқои Нурӣ ба суоли нашрия дар мавриди он ки муҳимтарин омили расидан ба сулҳ кадомҳо буданд, чунин посух додааст: «Он чизе ба ман таъсир расонд, сулҳ кунам, он аст, ки мо ҳанӯз дар аввали даргириҳои дар Тоҷикистон бавуқӯпаваста мавқеи сулҳҷӯёна доштем.
Омили дигар метавонад, Афғонистон бошад, ки ҷангҳои тӯлоние, ки дар ин кишвар байни якдигар доштанд, харобаҳое, ки дар Кобул ва дигар манотиқ ба чашм мерасид, ба чашми сар дидем ва ин чиз то андозае чашми моро боз кард. «Наҷот» ҳамчунин андешаҳои намояндагони ду ҷониби даргири ҷанги шаҳрвандиро дар мавриди ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар кишвар ба нашр расонидааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо ду чеҳраи сиёсии кишвар Абдулмаҷид Достиев, муовини раиси маҷлиси намояндагон ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви маҷлиси Миллии маҷлиси Олии Тоҷикистон дар робита ба рӯзи Ваҳдати миллӣ сӯҳбат кардааст. Нашрия аз қавли Оқои Достиев навиштааст, ҳеҷ кадоме аз мо, яъне чи ҳайати ҳукуматӣ ва чи ҳайати мухолифин дар кори Кумисиюни оштии миллӣ ба дурӯягӣ ва риёкорӣ роҳ надодем ва касе аз мо вазифаву мансабе ҳам талаб надошт, ба ҷуз осоиштагиву амнияти мардуми Тоҷикистон. Дар худи ҳамон рӯзҳо ҷаноби Нурӣ гуфта буд, ки ман як шахси рӯҳониам ва вазифаи дигаре намехоҳам ва ӯ ба ин гуфтаи худ содиқ монд.
Вале оқои Тӯраҷонзода дар мавриди устувории ваҳдати миллии тоҷикон гуфтааст, дар бораи хатарҳои эҳтимолӣ метавон гуфт кишвари начандон бузурги мо аз таъсири равандҳои геополиктикӣ комилан озод буда наметавонад. Аз ин рӯ, бояд тамоми кӯшишамонро бикунем, то барои таъсири бевоситаи бозиҳои геополитикӣ ба равандҳои дохилии кишварамон аз дохил баҳонаву заминаи муносиб эҷод нашавад.
Вале ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» вазъи сиёсии имрӯзи Эронро дар сӯҳбат бо Раҷаб Сафаров, мушовири муовини раиси Думаи давлатии Русия ба баррасӣ гирифтааст. Нашрия аз қавли оқои Сафаров менависад, дар Эрон ҷанг ва ё инқилоб ба амал нахоҳад омад. Нашрияи "Миллат" низ дар матлаби дигари худ ба ин масъала дахл карда навишааст, Эрон дар ҷанги таблиғотӣ дар баробари Амрико пирӯз шуд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе